Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Маҳр

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Маҳр (ар. ‎مهر – кобин), маблағи молӣ ё ашёе, ки мард ба арӯсшаванда ҳангоми ақди никоҳ мепардозад[1].

Маҳр аз дидгоҳи шариат амре воҷиб буда, ба таври ҳатмӣ ва бекамукост пардохт кардани он дастур дода шудааст (Қуръон, 4:4, 20, 24; 1: 237). Беҳтарин маҳр сабуктарини он ба шумор меравад («Сунан»-и Абудовуд, 2117).

Аз ҳадафҳои вуҷубияти маҳр дар таълимоти ислом нишон додани аҳаммияти паймони занушавҳарӣ, таҳкими пояҳои истиқлоли шахсияти зан, изҳори ҳусни нияту боварии мард ба зан дар ҳаёти муштарак ва пойдории занушавҳарии онҳо мебошад. Аз фоидаҳои таъйини маҳр ва сабук гирифтани он (агарчи маҳри гарон низ ҷоиз аст), ҷанбаҳои маънавӣ ва тарбиятӣ манзур шудааст, ки он ба ишқу муҳаббат ва бақои издивоҷ пайванд дорад. Мувофиқи мазҳаби ҳанафӣ камтарин миқдори маҳр 10 дирҳам ва ё молу матоъ ба андозаи арзиши он муайян шудааст. Ба гуфтаи Абуҳанифа ва шогирдони ӯ, «аҳкоми шариат тобеи масолеҳи мардум аст», аз ин ҷиҳат дар маҳр се ҳақ тааллуқ дорад:

  • Ҳаққи шаръ ва он аз 10 дирҳам кам набошад;
  • Ҳаққи арзиш, ки камтар аз маҳри мисл набошад;
  • Ҳаққи зан, ки моли ӯст.

Аз ин рӯ, наметавон маҳри занро аз 10 дирҳам камтар, ё аз маҳри мисл поён ва бидуни иҷозаи ӯ онро тасарруф кард. Назди Молик ибни Анас маҳр, бино бар қиёси нисоби сирқат, 3 дирҳам ва ё чоряки динор, назди Шофеӣ ва Аҳмад ибни Ҳанбал ба он чизе, ки дар харидуфурӯш (агарчи арзиши он камтар аз як дирҳам ҳам бошад) қиёс шудааст.

Маҳр ду қисм аст:

  • Маҳри мусаммо (номидашуда), ки ҳангоми ақд миқдори он муайян карда мешавад;
  • Маҳри мисл, ки барои духтар дар қиёс бо ҳамназири худ – зане аз қавми падарӣ, мисли апа, хоҳар, духтари амма ва ғ., ки дар синну сол, ҳусну ҷамол, молу манол, ақлу дониш, бакорат ва диёнату порсоӣ баробар бошад, маҳр ҳисоб карда мешавад.

Ба гуфтаи Ибни Ҳумом, маҳр-мислро ду мард ва як марду ду зани соҳиббасират муайян карда метавонанд. Ҷумҳури фақеҳон дар бисёрии маҳр ҳадде нагузоштанд. Инчунин пардохтани баъзеи маҳрро муъаҷҷал (ба таъҷил) ва баъзеи дигарро муаҷҷал (ба таъхир) ҷоиз донистанд.

Агар дар никоҳ Маҳр ва миқдори он зикр нашавад, ё шарт гузошта шавад, ки барои зан маҳр набошад, ақд дуруст ба шумор меравад. Пас аз хилвати саҳеҳа (баъди ақди никоҳ бо ҳам ҷамъ омадани зану шавҳар дар ҷои танҳо ва набудани монее, мисли бемор будани яке аз он ду, ҳузури шахси дигар ва рӯзаи моҳи Рамазон) ба зан ҳадди ақал 10 дирҳам ва назди Абуюсуф маҳри мисл мерасад. Агар зан пеш хилвати саҳеҳа талоқ дода шавад, ба зан 5 дирҳам ва ба гуфтаи Абуюсуф нисфи маҳри мисл мерасад. Дар сурате, ки ҳангоми хилват яке аз он ду (зану шавҳар) бемор бошад, ё рӯзаи моҳи Рамазон дошта бошад, ё эҳроми ҳаҷ ва ё умра баста бошад ва ё ҳолати дигаре, ки монеи ҳамбистариро ба вуҷуд орад, хилвати саҳеҳаи нопурра ба ҳисоб меравад. Агар пас аз суратҳои мазкур талоқ ва ё ҷудоӣ воқеъ шавад, барои зан нисфи маҳри мисл мерасад.

  • Марғинонӣ, Бурҳонуддин. . — 2. — 2013. — Ҷ. 2.
  • Боқизода, А. . — 2020.