Маҳрум кардан аз ҳуқуқи падару модарӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search

Маҳрум кардан аз ҳуқуқи падару модарӣ — аз ҳуқуқи падару модарӣ маҳрум намудан баҳри ҳифзи ҳукуку манфиатҳои кӯдак равона шуда, мақсади он кӯдакро аз шароити номӯътадили тарбия раҳоӣ дода, барои оянда дар оилаи дуруст ба тарбия афтиданаш шароит муҳайё мекунад. Аз ҳуқуқи падару модарӣ маҳрум намудан чораи истисноӣ мебошад. Танҳо суд салоҳият дорад, ки волидонро (яке аз онҳоро) аз ҳуқуқи падару модарӣ маҳрум намояд.

Маҳрум кардани ҳуқуқи падару модарӣ танҳо ҳангоми дар рафтори падару модари кӯдак мавҷуд будани асосҳои пешбининамудаи қонун имконпазир аст. Аз иҷрои ӯхдадориҳои падару модарӣ қасдан саркашй кардани волидон дар он зоҳир мегардад, ки онҳо дидаю дониста ба таври доимӣ дар бораи тарбияи маънавӣ инкишофи ҷисмонӣ, таълимгирии фарзандонашон ғамхорӣ зоҳир наменамоянд. Онҳо ба таври доимӣ ба тарбияи фарзандонашон машғул нашуда, дар аксарияти ҳолатҳо кӯдаконро ба ҳоли худашон гузошта нигоҳ намекунанд, кӯдакро бо сару либос, хӯрокаворӣ ва дигар эҳтиёҷот таъмин наменамоянд. Чунин ҳолат дар натиҷаи ахлоқи зиддиҷамъиятии волидон (яке аз онҳо) - машғул шудан бо майнӯшӣ, фоҳишагӣ ва ғайра ба вуқӯъ меояд. Дар ин маврид кӯдак аз ҷиҳати ҷисмонӣ инкишоф намеёбад ва вазъи оила ба инкишофи рӯҳии ӯ таъсири манфӣ мерасонад. Аз додани алимент қасдан саркашӣ кардан яке аз шаклҳои аз иҷрои ӯҳдадориҳои падару модарӣ қасдан саркашӣ кардан аст.

Дар моддаи 177 Кодекси Ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар шудааст, ки барқасдона, яъне бидуни сабабҳои узрнок бештар аз се моҳ саркашӣ намудани волидайн из иҷрои қарори суд оид ба пардохти маблағ барои таъминоти фарзандони ноболиғ барқасдона саркашӣ намудани волидайн аз таъминоти фарзандон эътироф шудааст. Дар ин маврид барои суд асос барои маҳрум кардани волвдон аз ҳукуқи падару модарӣ ҷой дорад. Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аввалин маротиба ҳамчун асоси маҳрум кардан аз ҳуқуқи падару модарӣ бе сабабҳои узрнок аз таваллудхона (таваллудгоҳ) ё муассисаи дигари тиббӣ ё тарбиявӣ, муассисаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ё дигар муассисаҳои монанди он аз ҷониби волидон нагирифтани фарзандонашонро пешбинӣ намудааст. Нигаҳдории муассисаҳои номбурда аз ҳисоби андозсупорандаҳост. Дар мавриде, ки волидон (яке аз онҳо) кӯдаконро дар ин муассисаҳо гузошта, бе сабабҳои узрнок аз онҳо хабар намегиранд, волидон бояд аз ҳуқуқи падару модарӣ маҳрум карда шаванд.

Моддаи 69 Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бераҳмона муносибат кардани волидонро нисбат ба фарзандонашон дар шакли зӯроварии ҷисмонӣ, зӯроварии рӯҳӣ ва сӯйиқасд ба дахлнопазирии ҷинсии онҳо дар назар дорад. Асоси пешбиникардаи Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳимояи ҳуқуқи кӯдаконро дар назар дошта, баҳри ҳаёти солимона, инкишофи мӯътадили ҷисмонӣ ва рӯҳии кӯдак равона шудааст. Дигар асоси мустаъқиле, ки қонун маҳрум кардан аз ҳуқуқи падару модариро дар назар дорад, майзада ё нашъамандии ашаддии волидон (яке аз онҳо) мебошад. Барои аз ҳуқуқи падару модарӣ маҳрум кардан муқаррар кардани воқеияти майзада ё нашъаманди ашаддӣ бидуни волидон (яке аз онҳо) кифоя аст.

Аввалин маротиба қонунгузор дар моддаи 69 Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон қасдан аз ҷониби волидон (ё яке аз онҳо) содир кардани ҷиноят бар зидди ҳаёт ва саломатии фарзандони худ ё ҳаёт ва саломатии ҳамсари худро асоси мустақилонаи маҳрум кардан аз ҳуқуқи падару модарӣ эътироф кардааст. Дар Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон боби 16 ба ҷиноятҳои муқобили ҳаёт ва саломатӣ бахшида шудааст. Дар ҷиноятҳои пешбининамудаи моддаи 109 қисми 2 (ба худкушӣ расонидани ноболиғ), банди «в» қисми 2 моддаи 117 (азобу уқубат додани хурдсол ё ноболиғ), қисми 2 моддаи 126 (сироят кардани ноболиғ бо касалии зӯҳравӣ), қисми 1 моддаи 127 (дар хатар монондани хурдсол), банди «б» қисми 2 моддаи 141 (алоқаи ҷинсӣ ва дигар кирдори дорои хусусияти шаҳвонӣ бо ноболиғи ба синни шонздаҳсолагӣ нарасида) ва ғайра субъектҳои ҷиноят аз он ҷумла волидайн номбар шудааст. Барои ҷиноятҳои номбурда ва содир кардани ҷинояти сӯйиқасд барои куштори кӯдак, расонидани зарари ҷисмонӣ ва монанди он волидон аз ҳуқуқи падару модарӣ маҳрум карда мешаванд.[1]

Нигаред низ[вироиш | вироиши манбаъ]

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ / Зери таҳрири Маҳмудов М.А. — Душанбе: ЭР-граф, 2009. — с. 282-283