Маҳсулотсупорӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Маҳсулотсупорӣ — маҳсулотсупорӣ аз ҷониби маҳсулотсупор тибқи шартнома ба харидор ё шахси дар шартнома ба сифати харидор зикргардида бо усули бор карда фиристодани мол анҷом дода мешавад. Тибқи м.541 КГ ҶТ аз рӯи шартномаи махсулотсупорӣ фурӯшанда (маҳсулотсупор) уҳдадор мешавад, ки дар муҳлати қайду шартшуда ё муҳлатҳои истеҳсол ё муҳлатҳои аз ҷониби ӯ харидани мол барои харидор ҷиҳати истифода дар фаъолияти соҳибкорӣ ё мақсадҳои дигар молро ба харидор расонад (м.541 КГ ҶТ). Шартномаи маҳсулотсупорӣ ба муҳлати 1 сол, ба муҳлати бештар аз 1 сол ( шартномаи дарозмуддат) ё ба муҳлати дигари дар созишномаи тарафҳо пешбинигардида басга шуданаш мумкин аст.[1]

Нигаред низ[вироиш | вироиши манбаъ]

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ / Зери таҳрири Маҳмудов М.А. — Душанбе: ЭР-граф, 2009. — с. 283