Маҷди Хамгар

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search

Тарҷумаи ҳол[вироиш]

Мачдуддини Хамгар яке аз шоирони асри XIII буда, бо Саъдии Шерози хамаср аст. Вай умри худро бештар дар Шероз гузаронида, ба Кирмону Исфахон ва Багдоду Хуросон саёхатхо карда, соли 1287-86 аз дунё гузаштааст. Аз шоир девоне боки мондааст. Дар девони шоир қасидаву ғазалиёт, мукаттаот ва рубоиёти ӯ фароҳам омадаанд. Мавзӯи асосии ашъори Маҷдуддини Хамгар танқиди замонаи пурошӯб, бедодгариҳои шоҳони замона, накӯҳиши ахлоқи бади аҳли мансаб ва зимомдорон буда, ҳамчунин ситоиши ишқу ошиқӣ, шинохтани қадри ҳаёт ва хуш гузаронидани умр, баҳра бардоштан аз сӯҳбати ёру дӯстони ҳамдам дар осори лирики шоир мақоми намоянро ишғол мекунанд. Агарчи ашъори шоир то замони мо пурра омада нарасидааст, намунаи парокандаи осори ӯро тадвин намудаанд, ки дастраси хонандагон гаштааст.

Аз қасоид[вироиш]

Бар ман замона кард хунархо хама бувол ,
В-аз гам бирехт хуни чавоним чархи зол.
Килкам зи даст бистад тири хасудшакл
Бар ман камон кашид сипехи камонмисол
Чархо, чи хохи аз мани ури барахнапой?
Дахро, чи хохи аз мани зори шикастбол?
Аз чашми боз тӯхта кун лукмаҳои бум ,
В-аз рони шер сохта кун туъмаи шагол .
Эй пои пили фитна, маро нармтар бикуб
Эй дасти чархи сифла, маро сахттар бимол .
Аз молише, ки ёфт дилам равшани гирифт,
Равшан шавад хар оина оина аз сиқол
Аз захми у чу табл намолам ба хеч руй,
В-ар худ зи пушти ман ба масал баркашад давол.
Вакте чунин, ки шохи гул аз хок бардамид,
Толеъ нигар,ки бахти маро хушк шуд нихол .
Айбам хамин ,ки нестам аз нутфаи харом ,
Чурмам хамин, ки зодаам аз нисбати халол …
Шеъре ба хушмазоқӣ чун чошнии васл ,
Килке ба накшбандӣ чун сурати хаёл
Зифти надида чашми кас аз ман ба вакти ҷуд,
«Ло» ношунида гуши кас аз ман гахи савол
Дилро нишоти лавх набошад пас аз шабоб,
Хуршедро фурӯғ набошад пас аз завол.

Аз ғазалиёт[вироиш]

Охир шабе зи лутф паёме ба мо фирист,
Рӯзе ба дасти бод саломе ба мо фирист.
Дар ташнагии васли ту ҷонам ба лаб расид,
Аз лаъли обдор ту ҷоме ба мо фирист.
Дар рӯзаи фироқи ту шуд шом субҳи ман,
Аз хони васл луқмаи шоме ба мо фирист.
Он мурғи нодирам, ки ғамат донаи ман аст,
Чун донаам намудӣ, доме ба мо фирист.
Ё он дили гум буда ба мо боз расонед,
Ё ҷони зитанрафта ба тан боз расонед.
Ё ҷон биситонед зи ман, дер мапоед,
Ё ёри маро зуд ба ман боз расонед.
Бе сарви қадаш об надорад чамани ҷон,
Он сарви равонро ба чаман боз расонед.
Бе ёр набинам, ки бубинам ватанамро,
Он роҳати ҷонро ба ватан боз расонед.
Донед, ки бе бут чи бувад ҳол шаманро,
Кушед, ки бутро ба шаман боз расонед.
Он донаи дур гум шуд аз чашми чу дарё,
Он дурри саминро ба Адан боз расонед.


Аз рубоиёт[вироиш]

Афганд маро гардиши даҳр аз куят,
Ҷое, ки сабо наорад он ҷо бӯят,
На рӯйи ту диданам муяссар бошад,
На рӯйи касе, ки дида бошад рӯят.
Афсонаи шаҳр қиссаи мушкили мост,
Девонаи даҳр ин дили беҳосили мост.
Бар мо накунад раҳм агар дил дили туст,
В-аз ту нашавад сер агар дил дили мост.
Дардо, ки дили оқилам аз даст бирафт,
В-аз умр ҳама ҳосилам аз даст бирафт.
Дарёб, ки пойи сабрам аз ҷой бишуд,
Боз ой, ки кори дилам аз даст бирафт.
З-ин доми бало, ки дар вай афтод дилам,
Бас дар ки ба рӯйи фитна бикшод дилам.
Дар ишқ касе, ки ҷӯйи хун меронад,
Хун ронд зи чашми ман, ки хун бод дилам!