Маҷнун Баротов
Маҷнун Набиҷонович Баротов | |
Таърихи таваллуд | 1941 |
Зодгоҳ | ш. Хуҷанд |
Таърихи даргузашт | 1999 |
Пеша(ҳо) | оҳангсоз |
Маҷнун Баротов – навозанда (рубоб), оҳангсози суннатӣ, Ҳунарпешаи шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон (1991), омӯзгор.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Хатмкунандаи Омӯзишгоҳи мусиқии Ленинобод (1963), Консерваторияи давлатии Тошканд ба номи М.Ашрафӣ (1971). Баротов М.Н. фаъолияти меҳнатиро ба ҳайси муаллими Омӯзишгоҳи мусиқии шаҳри Ленинобод (1971) оғоз намуда, сипас вазифаҳои муаллими кафедраи созҳои халқӣ ва мусиқии анъанавии Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода (1977), ҳунарпешаи Оркестри созҳои халқии Кумитаи телевизион ва радио (1980-1982), роҳбари бадеии ансамбли вокалӣ-хореографии «Чаман»-и Филармонияи давлатии Тоҷикистон (1982-1991), мудири кафедраи иҷрокунандагии анъанавии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи Б.Ғафуровро ба уҳда дошт. Дар эҷодиёти ӯ мавқеи махсусро асарҳо барои рубоб ишғол менамоянд: Консерти №1, Консертино, Фантазияи «Шодиёна», «Гулафшон», «Нурафшон», «Гулдаста», «Гулшан», «Сарвиноз» ва бисёр дигарон бо назардошти имкониятҳои сози мазкур эҷод шудаанд. Дастури таълимии ӯ «Школа игры на бадахшанском рубабе» дар тарбияи насли навраси навозандагон нақши арзанда дорад. Сабтҳои навозандагии М. Баротов дар хазинаи радиои ҷумҳурӣ маҳфузанд. Ҳамчун роҳбари бадеии ансамбли бонувони рубобнавози Филармонияи давлатии Тоҷикистон М.Баротов мусиқии муосири тоҷикро дар бисёр кишварҳои ҷаҳон ба таври шоиста муаррифӣ намудааст, аз ҷумла баъди фоҷиаи Чернобил дар қатори аввалинҳо дар назди зарардидагон баромад намуд.
Осор
[вироиш | вироиши манбаъ]Асарҳо барои рубоб ва фортепиано
[вироиш | вироиши манбаъ]- Консертино
- Консерт
- «Рақси туркманӣ».
- «Дилором».
- «Тӯёна».
- «Гулрух».
- «Зарафшон».
- «Нурафшон».
- «Шодиёна», фантазия.
- «Ҷавонӣ», фантазия.
- «Гулдаста».
- «Навои Хуҷанд».
- «Дилрабо».
- «Дилнавоз».
- «Навои булбул».
- «Гули суман».
- «Маҳваш».
- «Соқинома».
- «Наргис».
- «Навои дӯстӣ».
- «Гули чаман».
- «Сарахбори кӯҳистон».
- «Навои кӯҳистон».
- «Духтари шӯхи Дарвоз».
- «Навои дил».
- «Биё».
- «Алла».
- «Навои рубоб».
Сурудҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]- «Ватан», шеъри Р.Ҷалил.
- «Партияи ғамхорам», шеъри Б.Фаррух.
- «Суруди дӯстӣ», шеъри С.Султон.
- «Чаманистон», шеъри М.Турсунзода.
- «Тори ишқ», шеъри Т.Пӯлодӣ.
- «Ай дилбар», шеъри Б.Фаррух.
- «Шукрона», шеъри Х.Вализода, М.Ҳайдаршо.
- «Маро надида меравӣ», шеъри С.Собир.
- «Эй санам», шеъри Саъдии Шерозӣ.
- «Ман ошиқи туям», шеъри Б.Фаррух.
- «Таманнои дил», шеъри Б.Фаррух.
- «Ба дилбар», шеъри Р.Ҷалил.
- «Биё, дилбари ман», шеъри С.Султон.
- «Бо табассум», шеъри Б.Фаррух.
- «Сарнома», шеъри Б.Собир.
- «Марҳабо баҳор», шеъри Р.Ҷалил.
- «Зарафшон», шеъри Б.Раҳимзода.
- «Ба пахтакори Ватан», шеъри Р.Ҷалил.
- «Сухан аз бахт меронам», шеъри Б.Фаррух.
- «Хуҷанди азизам», шеъри С.Султон.
- «Меҳри модар», шеъри О.Аминзода.
- «Дорад гузар», шеъри Ҷ.Каримзода.
- «Ману туву моҳ», шеъри Б.Собир.
- «Дарё туӣ», шеъри Б.Собир.
Асарҳои хорӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]- «Тоҷикистони ман». Сюитаи вокалӣ-рақсӣ, шеъри Б.Фаррух,.
- «Ҷовидон бош», шеъри Р.Ҷалил.
- «Ватани азиз», шеъри М.Ҳайдаршо.
- «Нури Норак», шеъри Б.Фаррух.
- Мусиқӣ ба намоишномаҳои театрӣ:
- 1971 – «Ҳаёти талх», мусиқӣ ба драмаи Ҳамза Ҳакимзода
- Ниёзӣ.
- 1972 – «Бодӣ», мусиқӣ ба драмаи Назар Гелдиев.[1]
- == Эзоҳ ==
- ↑ Композиторон ва мусиқишиносони Тоҷикистон. - Душанбе, 2011, - c 35-37
- Зодагони соли 1941
- Даргузаштагони соли 1999
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- Мусиқидонон аз рӯи алифбо
- Википедиа:Мақолаҳои бесурат дар бораи мусиқидонон
- Оҳангсозони Тоҷикистон
- Аъзои Иттифоқи оҳангсозони Тоҷикистон
- Омӯзгорони Тоҷикистон
- Ҳунарпешагони хизматнишондодаи ҶШС Тоҷикистон
- Феҳристи ҳунарпешагон
- Ҳунарпешаҳои Тоҷикистон
- Олимони Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода