Маcҷиди Сӯфӣ Оллоҳёр

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search

Маcҷиди Сӯфӣ Оллоҳёр - ёдгории меъморӣ дар дар шаҳраки Вахшувари ноҳияи Деҳнави вилояти Сурхондарёи Ӯзбекистон воқеъ гардида, Соли 1713 бунёд гардидааст. Дар бораи шаҳрак ва мазори Сӯфӣ Оллоҳёр шарқшиносон Л.И.Ремпел ва Д.Н. Логофет маълумот додаанд. Сӯфӣ Оллоҳёр –шоири аҳли тасаввуф, аслан ҳокими золиме аз ш. Истаравшан (Ӯротеппа) буда, бо бераҳмӣ ном бароварда, аз кардаҳои худ пушаймон гардида, мехоҳад бо амалҳои нек гуноҳҳои худро шӯяд. Ба назди ҳокими Деҳнав меояд. Ҳоким Сӯфӣ Оллоҳёрро ба мавзеи Вахшевар (аз рӯйи ривоятҳо «Шаҳри морон», мумкин «ваҳшимор») мефиристад. Оллоҳёр ба мавзеъ об оварда, он ҷойро обод карда, дар он ҷо масҷид месозад ва як шахси мӯътабар мегардад. [1]

Адабиёт[вироиш]

  • Аршевская З.А., Ретевеладзе Э.В., Ҳакимов З.А. Средневековые памятники Сурхандарьи. Ташкенг, 1982.

Пайнавиштҳо[вироиш]

  1. Донишномаи Ҳисор.-Душанбе: "Ирфон", 2015, - с. 558-560