Маcҷиди Ҳоҷӣ Яъқуб

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
Маcҷиди Ҳоҷӣ Яъқуб, шаҳри Душанбе
Даромадгоҳи маcҷиди Ҳоҷӣ Яъқуб

Маcҷиди Ҳоҷӣ Яъқуб - ёдгории меъмории ибтидои асри XX дар шаҳри Душанбе.

Таърих[вироиш]

Маcҷид бо маблағгузории худи Хоҷи Яъқуб ва модари ӯ соли 1856 сохта шудааст. Ин масҷид яке аз масҷидхои асосии шаҳри Душанбе ба ҳисоб меравад. Дар худуди он Маркази исломии Ҷумхурии Тоҷикистон (Муфтиёт) ва Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам Абӯҳанифа ҷой гирифтаанд. Масоҳати аввалаи ин масҷид на онкадар калон буд, танҳо қисми чапи масҷиди имрузаро дар бар мегирифт.

Солҳои 1905-1910 чун масҷиди гузар бино ёфта, баъдтар ба масҷиди ҷомеъ табдил ёфт. Бори аввал соли 1996 масҷидро усто Саид Икроми конибодомӣ тармим кардааст. Бинои аввали масҷид мураббаи яксутуна буд ва аз самти ҷанубу шарқиаш айвон дошт. Болорҳои масҷид кандакорию мунаққашанд. Сутун дорои миёнбанди мурӯдшакл аст. Дар сарсутун чор муаллақаи салибшакл насб кардаанд, девори ғарбӣ меҳроби пайконӣ дорад, ки ҳошияи давродаври он гаҷкорист. Дохили чавкот бо услуби нақшҳои табиӣ гачкорӣ шудааст. Дар болои меҳроб гирдагули нақшини катибадор насб шудааст. Дар ду тарафи меҳроб тоқҳои хурди гачкорӣ ҳаст. Айвони шарқӣ чор сутуни кандакорӣ дорад. Посутунҳо ба усули кӯзагӣ ва сарсутунҳо ба шакли мураббаъ кандакориву тарошида шудаанд. Девори ғарбии айвон меҳроб дорад, ки байни ду тоқи хонақоҳ ҷой гирифта, гаҷкорӣ шудааст. Аз тарафи ҷануб айвон хонаи дуошёна бино ёфта, айвони дуқабатаи хонақоҳро пуршукӯҳтар гардонидааст. Дари ин хона низ кандакорӣ мебошад. Дар шафати бинои тӯлонии гунбазшакл хонақоҳ қад рост кардааст, ки болопӯш аст ва қаторсутунҳо дорад. Қаторсутунҳои айвон кандакорӣ шуда, ба услуби кӯзагӣ оро ёфтаанд. Шифти айвонро лок додаанд. Дар мобайни нижвони айвон, ки рӯ ба тарафи шарқ мебошад, кайвон ҳаст. Девори ғарбии айвон нуҳ равзанаи пайконшакл дошта, панҷаракорӣ шудаанд. Тоқи даромадгоҳи марказӣ пайконшакл буда, нисбатан муҳташам аст. Аз самти шарқии ҳавлӣ бинои дуошёна ва меҳмонхона ҷой гирифтааст. Масҷид яке аз намунаҳои ҷолиби санъати меъмории халқии маҳаллист ва борҳо таъмиру тармим шуда, айни ҳол бо воситаҳои замонавии мухобирот таҷҳизонида шудааст. Дар маcҷид солҳои тӯлонӣ қозиёт, сипас муфтиёт ва алҳол Шӯрои уламои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷой гирифтааст.[1]

Нигаред[вироиш]

Эзоҳ[вироиш]

  1. Донишномаи Ҳисор.-Душанбе: "Ирфон", 2015, - С. 558-360