Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Медали тилло

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Медалитиллои олимпӣ
Нэ́нси Линн Ҷонсон (Сидней—2000)

Медали тилло — яке аз навъҳои медал, ки ҳамчун мукофот истифода мешавад.Одатан ба варзишгаре дода мешавад, ки дар мусобиқа ё рақобат ҷойи аввалро ишғол кардааст ё дар ягон ҳисобот (зачёт) натиҷаи беҳтарин нишон додааст. Ғолибоне, ки ҷойҳои дуюм ва сеюмро мегиранд, мувофиқан бо медали нуқра ва медали биринҷӣ сарфароз гардонида мешаванд.

Номи ин мукофот аз истифодаи, ҳадди ақал, қисми тилло дар шакли рӯйпӯшкунӣ ё легиронӣ ҳангоми сохти медал сарчашма мегирад.

Мафҳуми чунин нишони сарфарозӣ бори аввал дар соҳаи ҳарбӣ ҳанӯз дар Асрҳои миёна ба вуҷуд омадааст. Бо гузашти вақт, дар аксари мавридҳо медали тилло барои хизматҳои ғайринизомӣ дода мешуд. Ин то андозае бо пайдо шудани мукофотҳои мушаххастар дар соҳаи ҳарбӣ (масалан: Силоҳи тиллоӣ «Барои шуҷоат», Ордени Пашми тиллоӣ, Медали «Ситораи тиллоӣ» ва ғ.) вобаста буд.

Аз асри XVIII сар карда, бо медали тилло шахсиятҳои барҷастаи соҳаи санъат низ қадрдонӣ мешуданд. Академияи Императории ҳунарҳо медалҳои тиллои Бузург ва Хурдро таъсис дода буд, ки бо онҳо беҳтарин асарҳои меъморон, ҳайкалтарошон ва рассомонро мукофотониданд.

Ба дорандагони Ҷоизаи Нобел низ медали тилло супорида мешавад, ки бар хилофи бисёр мукофотҳои ҳамном, воқеан аз тиллои холис сохта шудааст.

Бозиҳои олимпӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар Мусобиқаҳои Бозиҳои олимпии қадим мукофоти асосӣ медал набуд; медал танҳо дар Бозиҳои олимпии соли 1896 ҷорӣ гардид. Он вақт медалҳои ҷоизадорон аз нуқра буданд, новобаста аз ҷойи ишғолкардаашон. Анъанаи супоридани медалҳои тилло, нуқра ва биринҷӣ барои се ҷойи аввал аз Бозиҳои олимпии соли 1904 оғоз шуда, баъдан ба бисёр дигар чорабиниҳои варзишӣ паҳн гардид.

  • Косарева А. В. Санъати медал: Китоб барои омӯзгор. — Нашри 2-юм, иловашуда ва такмилёфта. — Москва: Просвещение, 1982. — 127 саҳ.
  • Максимов М. М. Очерк дар бораи тилло. — Нашри 2-юм, такмилёфта ва иловашуда. — Москва: Недра, 1988. — 112 саҳ.

Пайвандҳои беруна

[вироиш | вироиши манбаъ]