Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Меделин

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Шаҳр
Меделин
исп. Medellín
Парчам Нишон
Парчам Нишон
Кишвар Колумбия
Таърих ва ҷуғрофиё
Таъсис 22 ноябр 1675[1]
Масоҳат
  • 380,74 км²
Баландии марказ 1 405 м
Минтақаи замонӣ UTC−05:00[d]
Аҳолӣ
Аҳолӣ
Забони расмӣ испониёӣ
Шиносаҳои ададӣ
Пешшумораи телефон +57 4
Нишонаи почта 050001
medellin.gov.co
Нишон додан/Пинҳон кардани харита
 Парвандаҳо дар Викианбор

Меделин (исп. Medellín) — дуюмин шаҳри калонтарин дар Колумбия. Маркази маъмурии департаменти Антокия. Соли 1616 дар соҳили дарёи Порсе ҳамчун деҳаи Сан-Лоренсо таъсис ёфта, аз соли 1675 бо номи Виля-де-Нуэстра-Сенора-де-ла-Канделария-де-Меделин маъруф шуд.

Меделинро «пойтахти саноатии Колумбия» меноманд. Илова бар ин, шаҳр бо лақабҳои «Шаҳри ҳамешабаҳор», «Пойтахти кӯҳҳо», «Шаҳри гулҳо», «Пойтахти орхидеяҳо», «Деҳаи зебо», «Косаи нуқра» низ маъруф аст.

Номи шаҳр аз лот. Metellinum бармеояд, ки аз номи сарлашкари Рими қадим — Квинт Сетсилий Метелл Пий гирифта шудааст.

Дар ҳайати Империяи Испания

[вироиш | вироиши манбаъ]

Аввалин аврупоиҳое, ки ба ҳудуде, ки имрӯз шаҳри Меделин дар он ҷойгир аст, расиданд, испаниҳо аз экспедитсияи конкистадор Хорхе Робледо буданд. Онҳо ин минтақаро моҳи августи соли 1541 таҳқиқ намуда, онро водии Св. Варфоломей номиданд. Аммо ин ном маъмул нагардид ва дертар испаниҳо онро бо номи маҳаллии он — Абурра меномиданд.

Соли 1574 муҳоҷири испанӣ Гаспар де Родас ба Шӯрои вилояти Антьокия муроҷиат кард, то ба ӯ барои таъсиси ранчо (фермаи чорводорӣ) дар водӣ чор мил мураббаъ замин ҷудо карда шавад. Шӯро, пас аз баррасии масъала, ба ҷудо кардани нисфи ин масоҳат мувофиқат кард. Таъсиси ранчо оғози рушди иқтисодии водӣ ва афзоиши шумораи аҳолии он гардид.

Соли 1616 муҳоҷири тозаи Испания Франсиско де Герера деҳаи Сан-Лоренсо (исп. Poblado de San Lorenzo)-ро таъсис дод, ки рӯзномаи расмии бунёди Меделин ба ҳисоб меравад. Имрӯз ин минтақа яке аз маҳаллаҳои обрўмандтарини шаҳр буда, Эль-Побладо (исп. El Poblado — «деҳа») ном дорад.

Рушди босуръати шаҳр дар миёнаи асри XVII оғоз ёфт, вақте ки дар Антьокия конҳои тилло ба истихроҷ шурӯъ карданд. Ба шарофати ҷойгиршавии қулайи водии Абурра — дар миёни роҳ байни пойтахти онвақтаи вилоят, шаҳри Санта-Фе-де-Антиокия, ва конҳои тилло — ин водӣ зуд ба таъминкунандаи асосии маҳсулоти озуқаворӣ дар вилоят мубаддал гашт. Бо афзоиши шумораи аҳолӣ ва сатҳи зиндагӣ, талаби таъсиси худидоракунии маҳаллӣ зиёд мешуд, аммо мақомоти Санта-Фе-де-Антиокия ба ин мухолифат мекарданд, чун метарсиданд, ки вазифаҳои пойтахт ба шаҳри нав интиқол меёбанд. Тавре вақт нишон дод, нигарониҳои онҳо асос доштанд, гарчанде то андозае пеш аз вақт буданд.

22 ноябри соли 1674 маликаи Испания Марианна фармон дар бораи таъсиси шӯрои шаҳрро ба имзо расонд, аммо шаҳри Меделин танҳо соли 1826, баъд аз ба даст овардани истиқлоли кишвар аз Испания, пойтахти Антокия гардид.

  1. https://www.medellin.gov.co/irj/portal/medellinIngles
  2. http://www.dane.gov.co/files/investigaciones/poblacion/proyepobla06_20/Municipal_area_1985-2020.xls