Меъёрҳои муносибатҳои шаҳвонӣ дар Ислом

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Меъёрҳои муносибатҳои шаҳвонӣ дар ислом — ин маҷмӯи қонунҳо ва тавсияҳо, ки ҳайёти ҷинсии мусалмонро фаро мегирад.
Муносибати шаҳвонӣ дар ислом танҳо дар доираи оила (никоҳ) иҷозат дода шудааст ва дар боқимонда ҳолатҳо ҳамчун зинокорӣ (зино, гуноҳ) дида баромада мешавад. Инчунин алоқаи ҷинсии аналӣ, алоқаи ҷинсӣ ҳангоми менструатсия (ҳайзбинӣ), баъди ҳомиладорӣ (муддати муайян), беморӣ, гирифтани рӯза (моҳи рамазон) ва ҳангоми зиёрати Каъба. Шаби аввали никоҳ марди мусалмон бояд ҳамсари худро хӯрок диҳад ва муомилаи хубу нигоҳубин кунад, инчунин ҳамроҳи ӯ намоз хонад. Дар оянда ӯ бояд накамтар якмаротиба дар чор моҳ алоқаи ҷинсӣ кунад (ё талаботи шаҳвонии ӯро қонеъ кунад). Баъд аз оиладор шудан, агар зани ӯ бокира бошад, пас бояд дар давоми 7 шаб бо ӯ бошад, агар зан пеш аз ин оиладор шуда бошад, 3 шаб. Инчунин пеш аз алоқаи ҷинсӣ бояд дуои махсусро хонад. Дар дини ислом муносибатҳои шаҳвонии аналӣ, гомосексуалӣ, анонизм (мастурбатсия), зоофилия ва алоқаи ҷинсии гурӯҳӣ ё ғайриникоҳӣ гуноҳи азим (Кабира) шуморида шуда, манъ карда мешавад.

Меъёрҳои муносибатҳои шаҳвонӣ дар ислом[вироиш | вироиши манбаъ]

Ислом ҳамаи соҳаҳои фаъолияти инсонро фаро мегирад. Мақсаде, ки шариат назди оила, хусусан алоқаи ҷинсӣ мегузорад, ин қонеъ кардани талаботи модарзодию табиӣ бо ҷинсӣ муқобил, наздикшавии одамон, зиёд кардани насли мусалмон ва дур нигоҳдоштани шахс аз рафторҳои ғайриахлоқию зинокорӣ мебошад. Мафҳуми арабии «никоҳ» маънои луғавии «ҷимоъ»-ро дорад, моҳияти онро бошад, шартномае, ки мувофиқи он «ҳаловатбарӣ»-и дутарафа иҷозат дода мешавад. Назар ба дигар динҳои ҷаҳонӣ дар дини ислом масъалаҳои тарбияи ҷинсӣ ва муносибатҳои шаҳвонӣ ба таври пурраву возеҳ шарҳ дода шудааст. Никоҳ барои шахси мусалмон ҳатмӣ ва зарур шуморида мешавад (ба ғайр аз ҳолатҳое, ки дар шахс вайроншавии психикӣ ва ё ҷинсӣ мавҷуд бошад). Чуноне, ки Муҳаммад (с.а.в) мефармоянд:

         “никоҳ суннати ман аст, пас шахсе, ки аз суннати ман эъроз кунад, яъне издовоҷ накунад, аз пайравони ман нест”

инчунин фармудаанд :

      يا معشر الشباب من استطاع منكم الباءة فليتزوج فإنه أغض للبصر و أحصن للفرج ومن لم يستطع فعليه بالصوم فإنه له وجأ ( متفق علي) 

«Ай ҷамоъаи ҷавонон! Шахсе, ки аз шумо қодир бошад, яъне ба додани маҳру нафақа пас зан бигирад! ба дурусти, ки зан гирифтан чашмро аз назари харом ва олатро аз зино нигоҳ медорад, аммо шахсе, ки ба зан гирифтан қодир набошад бар вай лозим аст, ки рӯза бигирад, яқин аст, ки рӯза аз барои чунин шахсон шиканандаи шаҳват аст»

Мустаҳаббот дар муносибатҳои шаҳвонӣ[вироиш | вироиши манбаъ]

Бағайр аз дастурҳои ҳатмӣ, инчунин амалҳои матлубе (мустаҳабб) низ мавҷуданд, ки ҳангоми иҷрои онҳо шахс савоб мегирад ва агар иҷро накунад ҳам ягон гуноҳ намегирад, аз ҷумла:
1. Ҳангоми алоқаи ҷинсӣ ба таври пурра бараҳна ва урён нашудан. Пайёмбари Худо (с) мефармоянд:

      “набояд худро пурра лучу бараҳна намояд, зеро касоне ҳастанд (яъне малоика), ки шуморо ҷуз дар вақти қазои ҳоҷат тарк намекунанд ва вақте, ки мард  бо ҳамсараш ҳамбистар мешавад, аз онҳо (яъне аз малоика) ҳаё карда ва ба онҳо эҳтиром намоед”[1] 

2. Пас аз анҷоми алоқаи ҷинсӣ агар мард хоҳиши боз алоқа карданро дошта бошад, пас ӯ бояд ё таҳорат ва ё ғусл кунад. Паёмбар (с) мефармояд:

      "Ҳар вақте яке аз шумо бо ҳамсараш ҳамхоба шавад ва онро такрор  кардан хоҳад, пас бояд байни онҳо таҳорат намояд, зеро таҳорат сохтан барои дубора анҷом додани амалаш фоидаовар аст".[2]

3. Паёмбар (с) (с) фармудаанд: "агар касе ҳангоми ҳамбистар шудан бо ҳамсараш ин дуоро бихонад ва Худованд барояш фарзанде бидиҳад, шайтон ба он фарзанд зараре расонда наметавонад[3]:

тоҷ. Ба номи Худо (ҷ). Худоё! Шайтонро аз мо ва аз фарзандоне, ки барои мо медиҳӣ, дур бигардон.
транск. Бисмиллоҳи, Аллоҳумма ҷанни́бни-ш-шайтона ва ҷанниби-ш-шайтона мо разақтано.
араб. أللهم جنبنا الشيطان و جنب الشيطان ما رزقتنا‎

Алоқаи ҷинсӣ[вироиш | вироиши манбаъ]

Барои мард дар шаби аввал никоҳ мустаҳабб аст, кии ҳамсари худро бо ягон намуди ширинӣ (масалан, асал) ва нӯшокиҳои ҳалол (шир) зиёфат диҳад ва пеш аз ба алоқаи ҷинсӣ шурӯъ кардан, дасташро дар пешонаи ҳамсараш гузошта, бо “Бисмиллоҳ” чунин дуоро хонад:

тоҷ. Эй боро Худоё, хайри ӯ ва хайри он чӣ дар ӯ офаридаӣ металабам ва аз шарри ӯ ва шарри он чи дар ӯ халқ кардаӣ ба Ту паноҳ мебарам
транск.Алла́ҳумма инни́ ас’а́лука мин хайриха́ ва ха́йри ма ҷабальтаҳа́ але́йҳ, ва а’у́зу бика́ мин шарриҳа́ ва ша́рри ма ҷабальтаҳа алейх.
араб.أللهمّ إنّي أسألك من خيرها و خير ما جبلتها عليه, و أعوذ بك من شرّها و شرّ ما جبلتها عليه

Баъд аз ин тавсия дода мешавад, ки ҳамсарон якҷоя ду ракат намозро ба ҷо оварда ин дуоро хонанд:

араб.أللهمّ بارك لي في أهلي و بارك لهم فيّ, أللهمّ اجْمعْ بيننا ما جمعت بخير, و فرّق بيننا إذا فرّقت إلى خير.‎
транск. Аллаҳумма ба́рик ли фи аҳли́ ва ба́рик ля́ҳум фийа́, Аллаҳумма-ҷма’ байнана́ ма ҷама́’та би-хайр, ва фа́ррик байнана иза́ фарра́кта иля́ хайр

Оиди алоқаи ҷинсӣ дар Қуръон чунин омадааст:

         “Занатон киштзори шумо ҳастанд. Ҳар ҷо, ки хоҳед, ба киштзори худ дароед... ”[4]

Агар муҷамоъат (алоқаи ҷинсӣ) кунад ва вақти инзол (оргазм) ояд, мустаҳабб ин аст, ки дар дилаш гуяд:

         Алҳамдулиллоҳ

Баъд аз оиладор шудан, агар зани ӯ бокира бошад, пас бояд дар давоми 7 шаб бо ӯ бошад, агар зан пеш аз ин оиладор шуда бошад, 3 шаб. Паёмбар (с) фармудаанд:

        “Суннат ин аст, ки агар касе духтари бикреро ба никоҳ гирифт, ҳафт шаб наздаш бимонад ва агар зани беваеро ба никоҳ гирифт, се шаб"[5]

Илова бар он чӣ гузашт, шавҳар бояд донад, ки ҳамхоба шудан бо ҳамсараш ибодат аст, аҷру савоб дорад, пас набояд ниятро фаромӯш кунад. Пас бояд шавҳар ба нияти хушнуд сохтан (қонеъ кардани талаботи физиологӣ)-и худ ва ҳамсараш ба алоқаи ҷинсӣ машғул шавад. Паёмбар (с) фармудааст:

         «Ҳамхоба шудан бо ҳамсарат садақа аст». Гуфтанд: Эй Паёмбар (с) оё яке аз мо шаҳваташро мебарораду баъд аз он ин боз садақа аст? Паёмбар (с) фармуд: «Агар бинед, ки он шаҳваташро дар ҳаром сарф мекунад, оё гуноҳ нест? Пас, агар дар ҳалол сарф кунад, пас барои он аҷр хоҳад гирифт»[6]

Ба ақидаи М.Ғазолӣ шарти асосии муносибати шаҳвонӣ бояд қонеъшавии талаботи ҳам зан ва мард бошад. Имом Ғаззолӣ мегӯяд:

       «Баъд аз он ҳангоме, ки шавҳар ҳоҷаташро бароварда сохт, пас бояд бар аҳлаш муҳлат диҳад, то ӯ низ ҳоҷаташро бароварад. Шояд баровардани ҳоҷати ӯ тӯлонитар анҷом пазирад, бинобар ин, шавҳар бояд шаҳвати ӯро барангезад. Ба ҳоли худ гузоштани зан дар ин ҳолат сабаби озори ӯ мегардад ва ихтилоф дар зуҳури «инзол» (расидан ба авҷи лаззат ва шаҳват) сабаби нафрат мегардад»[7]

Паёмбар (с) мардонро барои шарики хуб ба ҳамсаронашон буданро амр карда фармудаанд:

       «Беҳтарини шумо онҳое ҳастанд, ки бо аҳлашон равияи некӯтар доранд ва ман беҳтарини шумо барои аҳлам ҳастам»[8]

Дар Қуръон барои ин масъала омадааст:

       «Ва аз нишонаҳои қудрати Ўст, ки бароятон аз ҷинси худатон ҳамсароне офарид, то ба онҳо оромиш ёбед ва миёни шумо дӯстиву меҳрубонӣ ниҳод. Албатта, дар ин ибратҳост барои мардуме, ки меандешанд»[9]

Амалҳои манъшуда ва номатлуб дар муносибатҳои шаҳвонӣ[вироиш | вироиши манбаъ]

Алоқаи ҷинсии берун аз никоҳӣ[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар дини ислом ҳамагуна муносибатҳои шаҳвонии берун аз никоҳӣ манъ карда шуда, алоқаи ҷинсии берун аз никоҳи ҳамчун гуноҳи азим (зино) қабул карда мешавад. Оиди ин дар сураи Нур, ояти 30 омадааст:

    “ба мардони муъмин бигӯ, ки чашмони худ бипӯшанд ва шармгоҳи худ нигаҳ доранд. Ин барояшон покизатар аст. Зеро Худо ба корҳое, ки мекунанд, огоҳ аст”[9] 

Боз дар сураи Ал-Аҳзоб ояти 35 омадааст:

Худо барои мардони мусалмону занони мусалмон, ва мардони муъмину занони муъмин,  ва мардони аҳли тоату ибодату занони аҳли тоату ибодат, ва мардони ростгӯву занони ростгӯй, ва мардони босабру занони босабр, ва мардони худотарсу занони худотарс, ва мардони садақадиҳандаву занони садақадиҳанда, ва мардони рӯзадору занони рӯзадор, ва мардоне, ки шармгоҳи худ ҳивз мекунанд ва заноне, ки шарҳгоҳи худ ҳивз мекунанд, ва мардоне, ки Худоро фаровон ёд мекунанд ва заноне, ки Худоро фаровон ёд мекунанд, бахшоиш ва музде бузург омода кардааст.”[10]  

Инчунин дар сураи Нисо ояти 27 чунин омадааст:

Худо мехоҳад тавбаи шуморо бипазирад. Вале онон, ки аз паи шаҳват мераванд, мехоҳанд, ки шумо ба каҷравии азиме афтед”[11]  

Пинҳон нигоҳ доштани ҳама гуна ҷузъиёти муносибатҳои шаҳвонӣ[вироиш | вироиши манбаъ]

Ислом ба таври қатъӣ ифшои ҳама гуна ҷузъиётро дар бораи муносибатҳои маҳрамона манъ мекунад. Истисно ҳолате, ки масалан, бемор ба духтур дар бораи ин бо мақсади тиббию табобатӣ хабар медиҳад. Аз ҷумлаи дар ояти 187-и сураи Бақара чунин омадааст:

     “Ҳамбистарӣ бо занонатон дар шаби моҳи рӯза бар шумо ҳалол шуд. Онҳо пӯшиши шумоянд ва шумо пӯшиши онҳоед...”

Инчунин Паёмбар (с) мефармояд:

     «Бадтарини мардумон аз рӯи манзалат рӯзи қиёмат дар назди Худованд мардест, ки бо ҳамсараш якҷо мешавад (ҳамхоба мешавад) ва баъд аз он сирри занро фош мекунад»[12]

Инчунин дар ҳадисе дигаре оварда шудааст:

    Аз Асмоа бинти Язид (р)  ривоят аст, ки мегӯяд: назди Паёмбар (с) будам ва занону мардон низ он ҷо нишаста буданд, пас Паёмбар (с) фармуд: «Шояд марде ҳаст, ки он амалеро, ки бо аҳлаш анҷом медиҳад, (ба дигарон) бигӯяд ва шояд зане ҳаст, ки аз он коре, ки бо шавҳараш мекунад (ба дигарон) хабар диҳад?! ». 
    Мардуми ҳозир буда сокит шуда ҷавоб надоданд, пас ман гуфтам: Оре, савганд ба Худо (ҷ), эй Расули Худо (с), занону мардон ин амалро мекунанд. Расули Худо (с) фармуд: 
    «Чунин корро накунед, чун анҷом додани ин амал монанди амали шайтонест, ки бо шайтони дигаре дар роҳ вомехӯрад, пас, бо ӯ якҷо мешавад, дар ҳоле ки мардум ба онҳо нигариста истодаанд»[13]

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. Шарх Умдат аль-Фикх, 2008, с. 1377.
  2. Мухаммад салих аль-Мунадджид. Этикет полового акта (ар.) = آداب الجماع. — Saaid.net.
  3. Имом Бухорӣ, ҳадиси 1854
  4. Бақара, ояти 223
  5. Имом Бухорӣ, ҳадиси 1863
  6. Ин ҳадисро Муслим ривоят кардааст
  7. «Иҳёи улуми дин» (2\50)
  8. Ин ҳадисро Тирмизӣ ривоят кардааст (3895)
  9. 9.0 9.1 Қуръон 24/30
  10. Қуръон, 33/35
  11. Қуръон, 4/27
  12. Ба ривояти Муслим
  13. Ба ривояти Аҳмад