Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Меғ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Роҳи деҳот ҳангоми меғ( вилояти Маскав, Наро-Фоминск )
Роҳи кӯҳӣ ҳангоми меғ ( Корсика )
Меғ дар Сан-Франсиско ( Дарвозаи тилоӣ )

Меғ — қатраҳои зарраии оби мавҷуд дар ҳаво, ки дар наздикии сатҳи замин ва умуман дар иртиқоот эҷод мешавад ва дар фасли баҳор, тирамоҳ ва баъзан тобистон дида мешавад.

Тавсифи умумӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Ба вуҷуд омадани М. ба ишбоъ (сершудагӣ)-и ҳавои гирдогирди Замин аз бухори обу кам будани ҳарорати ҳавои гирдогирди замин нисбат ба сатҳи замин вобастагӣ дорад. Ҳангоми ҳарорати –10 °C – қатраҳои об, аз -10 то -15 °C – омехтаи қатраҳои об ва кристалҳои як ва ҳангоми камтар аз -15 °C – кристалҳои ях, ки дар шуои офтоб, нури моҳ ё чароғҳо медурахшад.

Намудҳои меғ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Мувофиқи тақсимоти ҳавошиносӣ, меғ ба се гурӯҳ ҷудо мешавад: 1) Рӯзаминӣ. Меғе мебошад, ки дар наздикии сатҳи замин (ё сатҳи обанбор) ба шакли қабати тунуки яклухт ё порча-порча паҳн мегардад, ба тавре ки дар қабати туман намуди уфуқии камтар аз 1000 метр дорад; 2) Нургузар. Меғ бо намуди уфуқии дар сатҳи ду метр камтар аз 1000 метр (одатан он чандсад метрро ташкил медиҳад ва дар баъзе ҳолатҳо ҳатто то чанд даҳ метр коҳиш меёбад), аз лиҳози амудӣ суст инкишофёфта буда, ба тавре ки ҳолати осмон (миқдор ва шакли абрҳо)-ро метавон муайян муайян. Он бештар бегоҳ, шаб ва саҳар мушоҳида мешавад, вале метавонад рӯзона низ, махсусан дар нимаи сардии сол ҳангоми боло рафтани ҳарорати ҳаво, ба назар расад ва 3) Меғ. меғи яклухт бо намуди уфуқии дар сатҳи ду метр камтар аз 1000 метр (одатан, он чандсад метрро ташкил медиҳад ва дар баъзе ҳолатҳо ҳатто то чанд даҳ метр коҳиш меёбад), аз лиҳози амудӣ ба қадри кофӣ рушд ёфтааст, ба тавре ки муайян кардани ҳолати осмон (миқдор ва шакли абрҳо) ғайриимкон мегардад. Он бештар бегоҳ, шаб ва саҳар мушоҳида мешавад, вале метавонад рӯзона низ, махсусан дар нимаи сардии сол ҳангоми баланд шудани ҳарорати ҳаво, ба назар расад.

  • Абри қаҳваранги Осиё
  • Туман
  • Роҳи конденсатсия
  • Смог
  • Фьордҳои туманнок
  • Зверев А.С. Туманҳо ва пешгӯии онҳо, Л.: 1954.
  • Хргиан А. Х. Физикаи атмосфера, М.: 1969.
  • Профессор В. Арабоджи. Туманҳои сайёра // Маҷаллаи илм ва ҳаёт, № 11, 1975