Меҳрдод Баҳор

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search


Баҳор Меҳрдод
مهرداد بهار
Санаи таваллуд:

1930

Зодгоҳ:

Теҳрон

Санаи марг:

13 ноябр 1994

Маҳалли марг:
Мамлакат:
Фазои илмӣ:

адабиётшинос,забоншинос,тамаддуншиноси эронӣ

Ҷойҳои кор:

БАҲÓР (порсӣ:بهار) Меҳрдод (1930, Теҳрон – 13.11.1994, ҳамон ҷо), адабиётшинос, забоншинос, тамаддуншиноси эронӣ.

Зиндагинома[вироиш]

Писари Маликушшуаро Баҳор. Хатмкардаи Донишгоҳи Теҳрон (1958). Пас аз хатми Донишгоҳи Теҳрон ба Англия рафта, таҳсилу пажӯҳишро дар Мадрасаи мутолиоти шарқӣ ва африқоии Донишгоҳи Лондон идома дод. Баҳор аз айёми ҷавонӣ чун аксари ҷавонони ватандӯсту озодидӯст ва тарафдорони демократия ба сиёсат рӯй овард, узви Ҳизби Тӯда шуд ва ғояҳои сотсиалистию демократиро ташвиқу тарғиб мекард. Барои иштирокаш дар ҳаракатҳои зидди давлат аз Донишгоҳи Теҳрон ба муддати як сол хориҷ гардид. Ду сол дар маҳбас буд. Ҳангоми таҳсил дар Лондон ба ҳаракатҳои сиёсии ҷавонон – донишҷӯёни эронӣ роҳбарӣ мекард. Дар Лондон, инчунин, узви ҳайати таҳририя ва муддате сармуҳаррири маҷаллаи пажӯҳишӣ буд. Солҳои 60 а. 20 ба Эрон баргашт, ширкатро дар ҳаракатҳои сиёсӣ қатъ кард, роҳи пешгирифтаи Ҳизби Тӯдаро нодуруст арзёбӣ намуда, аз узвияти он хориҷ гардид. Ба сабаби собиқан ширкат доштанаш дар сиёсат ва ҳаракатҳои зидди давлат ба Баҳор иҷозати тадрис дар донишгоҳ дода намешуд. То даврони бознишастагӣ корманди Бонки марказӣ буд ва чун корманди интиқолӣ дар «Бунёди фарҳанги Эрон», «Фарҳангистони адаб ва ҳунар», «Фарҳангистони забон» фаъолият менамуд.

Осор[вироиш]

Баҳор аз замони таҳсил дар Донишгоҳи Лондон ба пажӯҳиш оғоз карда, дар соҳаҳои гуногуни илм осори ҷолибе офарид. Баҳор пажӯҳишгари варзида дар шинохти асотири эронӣ, таърих ва фарҳанг мебошад. Китобу рисолаҳои «Асотири эронӣ» (1974), «Пажӯҳиш дар асотири Эрон» (1984), «Сухане чанд дар бораи «Шоҳнома» (1994), «Тахти Ҷамшед», (1994; ҳамроҳи Насруллоҳи Касроиён), «Ҷусторе чанд дар фарҳанги Эрон» (1995) аз нигоштаҳои Баҳор дар ин самти пажӯҳишанд. Самти дигари пажӯҳиши Баҳор омӯзиши забону адабиёти форсии миёнапаҳлавӣ, тарҷумаи осори паҳлавӣ ва таҳияи вожаномаҳои баъзе осори забони форсии миёна мебошад («Вожаномаи Бундаҳиш», паҳлавӣ-форсӣ, 1967; «Вожаномаи Гузидаҳои Зодиспарам», паҳлавӣ-форсӣ, 1973; «Бундаҳиш», 1369 ва ғ.). Якчанд асари дар заминаи достонҳои «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ барои наврасон навиштаи Баҳор – «Ҷамшедшоҳ» (1968; дар ин асар аз маводди Авесто низ истифода шудаст), «Баставр» (1979), «Рустам ва деви сафед» (1992), «Рустаму Сӯҳроб» (1995) интишор ёфтаанд. Баҳор дар асотиршиносӣ пайрави ягон мактабе дар ин соҳаи илм набуд. Ӯ танҳо назариёти асотиршиноси маъруф Мирча Элиад (1901–86)-ро нисбат ба диг. ҷомеътар медонист. Б. андеша дошт, ки асотири Эрон дар пайвастагӣ бо асотири кишварҳо ва халқҳои ҳамҷавор ҳам аз Шарқ ва ҳам аз Ғарб омӯхта шаванд. Дар асарҳояш, ӯ инчунин, назариёти худро дар бораи сохти ҷомеаи эронӣ, таърихи Эрон аз замони бостон то имрӯз иброз доштааст. Осори: Бундаҳиш. Д., 2006.

Адабиёт[вироиш]

.یاد بهار. یا دنامۀ دکتر مهرداد بهار. تهران، ۱۳۴۶ هـ. ش

  • М. Диловаров.

Сарчашма[вироиш]