Меҳрии Ҳиротӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Меҳрии Ҳиротӣ
Таърихи таваллуд даҳаи 15
Зодгоҳ Ҳирот

Мехрии Ҳиротӣ аз шоираҳои хуштабъи нимаи аввали асри XV-и тоҷику форс аст, ки дар Ҳирот мезистааст. Шавхари ӯ Хуча Абдулазиз табиби шахсии хокими Хуросон ]Шохрух (807/1405-851/1447) будааст. Мувофики ахбороти сарчашмаҳои таърихй ва адабй, Мехри хам муддате бо дарбори Шоҳрух робита пайдо мекунад. Вале билохира Шохрух уро ба зиндон мепартояд ва шоира аз зиндон халос шуда, алокаашро тамоман аз дарбор меканад ва дар ашъори худ зулму чаврро бештар мазаммат мекунад. Аз шоира газалу байтҳои пароканда ва маснавии хурди ишқие боки мондааст. Нусхаҳои ин маснавӣ дар китобхонахо зиёданд. Мехри шоираи сохибдевон будааст, аммо девони ӯ нопайдост.

АЗ ҒАЗАЛИЁТ[вироиш | вироиши манбаъ]

Халли хар нукта, ки бар пири хирад мушкил буд,
Озмудем ба як чуръаи май ҳосил буд.
Гуфтам аз мадраса пурсам сабаби хурмати май,
Дари хар кас ки задам, бехуду лояъкил буд.
Душ то субхдам аз гиряву аз нолаи ман
Лолаи сухта хун дар дилу по дар гил буд.
Хостам сузи дили хеш бигуям бо шамъ,
Буд уро ба забон он чи маро дар дил буд.
Он чи аз Бобулу Ҳорут ривоят карданд,
Сеҳри чашми ту бидидам ҳамаро шомил буд.
Давлате буд тамошои рухат, Меҳриро,
Ҳайфу сад ҳайф, ки он давлати мустаъҷил буд.
Имшаб, ки буса аз лаби худ боз медиҳад,
Ҷони дубора он бути танноз медиҳад.
Нозам ба наргисат, ки зи майхонаи нигоҳ
Аҳли ниёзро қадаҳи ноз медиҳад.
Дарди фироқи ёр, висоли ту аз ду сӯ,
Бо мурғи нолаам пари парвоз медиҳад.
Воиз ба вақти мавъиза, гӯ…д аҷаб мадор,
Ин хар чаро ки зӯр ба овоз медиҳад.
Гардад забон бурида, ки дар масти ҷунун,
Меҳрӣ, суроғи анҷумани роз медиҳад.


Аз дубайтиҳо[вироиш | вироиши манбаъ]

Маро бо ту сари ёрӣ намондаст,
Дили меҳру вафодорӣ намондаст.
Туро аз заъфи пирӣ қуввату зӯр
Чунон ки пой бардорӣ намондаст.
Дар хонаи ту он чӣ маро шояд, нест,
Банде зи дили рамида бикшояд, нест.
Гӯӣ, ҳама чиз дорам аз молу манол,
Оре, ҳама ҳаст, он чӣ мебояд, нест.
Шӯи зани навҷавон агар шер бувад,
Чун пир шавад, ҳамеша дилгир бувад.
Оре, масал аст он, ки гӯянд занон,
Дар паҳлӯи зан тир беҳ аз пир бувад.

Аз маснавӣ[вироиш | вироиши манбаъ]

Эй бути чобуки ширинҳаракот,
Ҷилваи нози ту чун оби ҳаёт.
Ваҳ чӣ ҷилва? – Рами оҳуи Хутан,
Мавҷи май, шаҳпари товуси чаман.
Дил зи каф додаӣ, сарват шамшод,
Бандаи қадди ту сарви озод.
Ваҳ чӣ қад? – Ҳиммати арбоби карам,
Шохи гул, сарви равон, нахли Ирам.
Уфуқоин зи сарат мӯйи сиёҳ,
Рухи ӯ гашта намудор чу моҳ,
Шона бар фарқи ту аз оби ҳаёт,
Ҷадвале парда ниҳон бар зуламот.
Фарқ чӣ? - Рехта килки тақдир,
Ҷадвали нуқраи анбартаҳлил,
Омада то камарат зулфи нажанд,
Хам ба хам, ҳалқа ба ҳалқа чу каманд.
Ваҳ чӣ ҳалқа, чӣ сари зулф, чӣ хам?
Ҳама сарриштаи пурдарду ситам.