Меҳринисо Бобобекова

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
Меҳринисо
Меҳринисо Бобобекова
Санаи таваллуд:

19 январи соли 1949

Зодгоҳ:

ш. Панҷакент

Навъи фаъолият:

шоир

Меҳринисо Бобобекова — шоираи тоҷик, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.

Меҳринисо Бобобекова 19 январи соли 1949 дар шаҳри Панҷакент зода шуда, соли 1976 факултаи таърихи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм кардааст. Солиёни дароз дар Пажӯҳишгоҳи ховаршиносӣ, дар Бунёди фарҳанги Тоҷикистон, маҷаллаи бонувон «Фирӯза» ва Кумитаи кор бо занон ва оилаи ҷумҳурӣ фаъолияти босамар кардааст. Китоби шеърҳои ин шоираи рангинхаёл «Оини хуршед», басо ҷолибу хонданӣ буда, аз ҳар сатри он накҳати Ватан, қиммати модар ва ширинии тифл эҳсос мегардад. Меҳринисо яке аз адибони маҳбуби хонандагони навраси Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи Мирсаид Миршакар мебошад.

Осор[вироиш]

  • 1. Нафаси субҳ.- Душанбе: Адиб,1992.- 66 с.
  • 2. Шароби нур.- Душанбе: ТДК, 1996.- 158 с.
  • 3. Меҳроби меҳр: Маҷмӯаи ашъор.- Душанбе: Адиб, 2006.- 160 с.
  • 4. Оини хуршед: Мунтахаботи ашъор. — Душанбе: Адиб, 2011.- 320 с.[1]

Сарчашма[вироиш]

  1. Гулбаргҳои меҳр: Маълумотномаи библиографӣ барои синни миёна ва калони мактабӣ./Мураттибон: Қурбон Авғонов, Муҳаббат Юсупова ; Муҳаррир Шаҳрия Адҳамзод. — Душанбе, 2013, — с. 56