Меҳрофарин Наҷибӣ
Меҳрофарин Наҷибӣ | |
|---|---|
| | |
| Таърихи таваллуд | 13 марти 2001 (25 сол) |
| Зодгоҳ | Панҷакент, Тоҷикистон |
| Шаҳрвандӣ | Тоҷикистон |
| Вебгоҳ | mehrofarin.wordpress.com |
Меҳрофарин Наҷибӣ (номи аслиаш Наҷевуллоев Меҳрофарин; тав. 13 марти 2001, Панҷакент, Тоҷикистон) — рӯзноманигори тоҷик.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Меҳрофарин Наҷибӣ 13 марти соли 2001 дар деҳаи Рукнободи шаҳри Панҷакент ба дунё омадааст. Таҳсилоти миёнаро дар мактаби рақами 64 ба номи Аълохон Афсаҳзод дар шаҳри Панҷакент гирифтааст.
Сипас, таҳсилро дар факултаи журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон давом дода, соли 2023 бахши бакалавр ва соли 2025 магистратураро бо дипломи сурх (аъло) хатм намудааст.
Фаъолияти касбӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Фаъолияти рӯзноманигориро аз соли аввали донишҷӯӣ - соли 2019 оғоз карда, муддате бо расонаҳои хусусиву давлатӣ ҳамкорӣ доштааст[1]. Солҳои 2020—2022 ба ҳайси рӯзноманигор дар Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон (МТЖТ) фаъолият кардааст.
Соли 2022 сармуҳаррири ҷаридаи вижаи ҷашнии «Ворастагон» буд, ки ба муносибати 30-солагии таъсиси факултаи журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон чоп шудааст[2].
Аз моҳи сентябри соли 2022 (баъди ду соли ҳамкорӣ дар давраи донишҷӯӣ) расман ба ҳайси рӯзноманигори Гурӯҳи расонаҳои «Азия-Плюс» ба кор қабул шуд[3]. Бештар ба жанрҳои мусоҳибаороиву чеҳракушоӣ, инчунин омода кардани маводҳои таҳлиливу чандрасонаӣ тамаркуз дорад.
Чанд муддат дар «Репортёри нав» нақдҳои расонаӣ ҳам навиштааст[1].
Ӯ бо чеҳраҳои саршиноси илму фарҳанг ва сиёсати Тоҷикистон, аз ҷумла Ҷӯрабек Муродов, Низорамоҳ Зарифова, Убайдулло Раҷабов, Акбар Турсун, Ато Ҳамдам, Хуршеди Атовулло, Давлатманд Хол, Афзалшо Шодиев, Саидқул Билолов, Фурқат Саид, Урун Кӯҳзод, Абдулҳамид Самад, Бақо Содиқов, Қурбон Собир, Ойниҳол Бобоназарова, Иброҳим Усмонов, Абдунабӣ Сатторзода, Сайфулло Муллоҷонов, Нигина Амонқулова ва дигарон мусоҳибаҳо анҷом додааст.
Ҷоизаҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]- Барандаи ҷоизаи «Рӯзноманигори сол»-и Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (2020);
- Барандаи ҷоизаи ба номи «Воҳид Асрорӣ»-и Иттифоқи журналистони Тоҷикистон (2021);
- Барандаи мақоми аввали Ҷоизаи «Касбияти журналистӣ» ба номи Отахон Латифӣ (2023)[4][5];
- Барандаи ҷои аввали озмуни «Иқтисод ва саводи молиявӣ: забоне, ки ҳама мефаҳманд»-и Эътилофи миллии занони рӯзноманигори Тоҷикистон дар номинаи «Беҳтарин маводи чандрасонаӣ» (2026)[6].
Сарчашмаҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]- 1 2 Мақолаҳо ва нақдҳои расонаии Меҳрофарин Наҷибӣ // Репортёри нав.
- ↑ “Ворастагон”. Таҷлил аз 30-солагии факултети журналистикаи ДМТ // Asia-Plus. — 29 декабри 2022.
- ↑ Люди «Азии-Плюс»: Мехрофарин Наджиби // Asia-Plus. — 18 майи 2026.
- ↑ Рӯзноманигори “Азия-Плюс” ҷоизаи “Касбияти журналистӣ” гирифт // Asia-Plus. — 3 майи 2023.
- ↑ Ҷоизаи “Касбияти журналистӣ” ба Меҳрофарин Наҷибӣ тақдим гардид // НАНСМИТ. — 4 майи 2023.
- ↑ Се корманди “Азия-Плюс” соҳиби ҷоизаҳои Эътилофи занони рӯзноманигори Тоҷикистон шуданд // Asia-Plus. — 1 апрели 2026.