Ваҳдат (шаҳрак, н. Шуғнон)
| Шаҳрак | |
Ваҳдат | |
|---|---|
| 37°21′00″ а. ш. 71°42′58″ т. ш.HGЯO | |
| Кишвар |
|
| Вилоят | Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон|Мухтори Кӯҳистони Бадахшон |
| ноҳия | ноҳияи Шуғнон | Шуғнон |
| Ҷамоат | Деҳоти Поршнев |
| Таърих ва ҷуғрофия | |
| Номҳои пешина | Миденшаҳр |
| Масоҳат | 0,52 км² |
| Минтақаи замонӣ | UTC+5:00 |
| Аҳолӣ | |
| Шумора | 2426 тан (2012) |
| Миллатҳо | тоҷикон |
| Дин | мусулмонон |
| Номи қавмӣ | шуғнониҳо |
| Забони расмӣ | тоҷикӣ |
|
|
|
Ваҳдат (то 2012 — Миденшор) — шаҳрак, маркази маъмурии ноҳияи Шуғнон.
Ҷуғрофия
[вироиш | вироиши манбаъ]Аз Ваҳдат то маркази вилоят 15 км, то шаҳри Душанбе 626 км; роҳ автомобилгард[1]. Масоҳаташ 0,52 км2.
Аҳолӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Аҳолиаш 2426 нафар (2012), тоҷикон.
| Сол | 2012 | 2022 |
| Аҳолӣ, наф. |
2426 |
Маориф, фарҳанг ва иҷтимоиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]Дар Ваҳдат мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ, интернати наздимактабӣ, мактаби мусиқӣ, клуб, беморхонаи минтақавӣ, дармонгоҳ, дорухона, маркази назорати санитарию эпидемиологӣ, нуқтаҳои хидмати маишӣ, маркази савдо ва 6 нуқтаи савдои хусусӣ, чойхона, ошхона ва фабрикаи «Ҳаёти нав» мавҷуданд. Ташкилоти байналхалқии МСДСП-и Хазинаи Бунёди Оғохон ва як қатор филиали бонкҳо фаъолият мекунанд. Дар Ваҳдат чашмаи Носири Хусрав, осорхонаҳои инфиродии Носири Хусрав, Шириншо Шоҳтемур, Моёншо Назаршоев мавҷуданд.
Кишоварзӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Соҳаҳои асосии хоҷагӣ: боғдорӣ, занбӯрпарварӣ, сабзавоткорӣ. Заминҳо аз Барчиддара обёрӣ мешавад.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Боз — Вичкут. — Д. : СИЭМТ, 2014. — 676 с. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 3). — ISBN 978-99947-33-46-0.