Микола Бажан
укр. Микола Платонович Бажан | |
Тахаллусҳо: | Ник Бажан (Нік Бажан) |
Таърихи таваллуд: | 26 сентябр (9 октябр) 1904 |
Зодгоҳ: | |
Таърихи даргузашт: | 23 ноябр 1983[1] (79 сол) |
Маҳалли даргузашт: | |
Шаҳрвандӣ (табаият): | |
Навъи фаъолият: | шоир, рӯзноманигор, тарҷумон, нависанда, сиёсатмадор, публисист |
Солҳои эҷод: | аз 1924 |
Жанр: | байт ва шеър[d] |
Забони осор: | русӣ ва укройнӣ[2] |
Ҷоизаҳо: | |
Имзо: | |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Никола́й (Микола[3]) Плато́нович Бажа́н (укр. Мико́ла Плато́нович Бажа́н; дар солҳои 1920 тахаллуси шоири ояндагаро — Ник Бажан, укр. Нік Бажан, 9 октябри 1904 — 23 ноябри 1983) — шоир, сенариянависи шуравӣ ва укроинӣ[3], тарҷумон, публисист, фарҳангшинос, донишноманигор, ходими ҷамъиятии Украина. Академики АИ Украина (1951), Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ (1974), ширкаткунандаи ҶБВ (1941–1945).
Кор ва фаъолият
[вироиш | вироиши манбаъ]Аз соли 1957 то охири умр сармуҳаррири Энсиклопедияи Советии Украина буд.
Фаъолияти эҷодӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Фаъолияти эҷодиаш аз соли 1923 оғоз ёфтааст. Корнамоиҳои ширкатдорони ҷанги шаҳрвандиро васф кардааст (маҷм. «Посбони ҳабдаҳум», 1926). Дар маҷмӯаҳои «Иморат» (1929), «Шумора» (1931) оид ба сохтмони ҷамъияти сотсиалистӣ дар Украина ҳикоят мекунад. Достони сегонае бо номи «Намиранда» (1937; дар бораи С. М. Киров) дорад. Дар силсилаҳои «Шеърҳои Гурҷистон», «Шеърҳои Ӯзбекистон», «Ҳикояҳои Бориславск», ки дар таассуроти сафар ба ин мавзеъҳо эҷод шудаанд, дӯстию ягонагиро васф кардааст. Аз қаҳрамонию ватандӯстӣ, фидокории аскарону мардуми советӣ дар маҷмӯаҳову шеърҳои дар давраи ҶБВ (1941–45) нигоштааш «Қасам» (1941), достони «Даниил Галитский» (1942), китоби «Дафтари Сталинград» (1943; Мукофоти давлатии СССР, 1946) сухан меравад.
Ашъори баъдиҷангиаш саршор аз ғояҳои мубориза барои сулҳу озодӣ, дӯстию муҳаббат миёни халқҳо мебошанд («Таассуроти сафари Англия», 1949; Мукофоти давлатии СССР, 1949; «Нишонаҳо», 1978; Мукофоти ленинӣ, 1982 ва ғ). Ба забони украинӣ ашъори шоирони рус, латиш, тоҷик, гурчӣ, ӯзбек ва дигарро тарҷума кардааст.
Робита бо Тоҷикистон
[вироиш | вироиши манбаъ]Бажан ба Тоҷикистон ва баъзе аз аҳли адаби он робитаи дӯстӣ дошт. Баъзе шеърҳояш ба забони тоҷикӣ тарҷума шудаанд.
Ҷоизаву ҷоизаҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]Барои тарҷумаи «Палангинапӯш»-и Руставели сазовори Ҷоизаи давлатии Гурҷистон ба номи Руставели (1937) гардид; барои тарҷумаи достони «Фарҳоду Ширин»-и Навоӣ унвони Шоири Халқии Ӯзбекистонро гирифт (1968).
Бо ордену медалҳои собиқ ИҶШС (мас., 5 ордени Ленин) мукофотонида шуда буд.
Хонавода
[вироиш | вироиши манбаъ]- Ҳамсари нахуст — Галина Симоновна Коваленко (1905—1989), ҳунарпешаи театри «Березиль», баъдан тарҷумон. Дочь — Майя.
- Ҳамсари дуввум — Нина Владимировна Лауэр.
Поси хотир
[вироиш | вироиши манбаъ]Ба шарафи Н. П. Бажан хиёбон дар Киев, ҳамчунин кӯча дар Харков номгузорӣ шудаанд.
Дар Киев ҳуҷрае ки Николай Бажан зиндагӣ мекард хона-музей табдил дода шудааст.
Нашри осор
[вироиш | вироиши манбаъ]- Твори в чотирьох томах. — Київ, 1974—1975.
- Твори в чотирьох томах. — Київ, 1984—1985.
- Избранные произведения в двух томах. — М., 1984.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Пайвандҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]- Бажан / Ю. Я. Барабаш // Анкилоз — Банка. — М. : Большая российская энциклопедия, 2005. — С. 645. — (Большая российская энциклопедия : [в 35 т.] / гл. ред. Ю. С. Осипов ; 2004—2017, т. 2). — ISBN 5-85270-330-3.
- Бажан // Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.
Микола Бажан. Сайти «Герои Страны».
- Pages using the JsonConfig extension
- Зодагони 9 октябр
- Зодагони соли 1904
- Зодагони Империяи Русия
- Даргузаштагони 23 ноябр
- Даргузаштагони соли 1983
- Даргузаштагон дар Иттиҳоди Шӯравӣ
- Қаҳрамонони Меҳнати Сотсиалистӣ
- Дорандагони ордени Ленин
- Дорандагони ордени Инқилоби Октябр
- Дорандагони ордени Байрақи Сурхи Меҳнат
- Сарфарозшудагон бо медали «Барои ғалаба бар Германия дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941—1945»
- Барандагони Мукофоти ленинӣ
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- Адибон аз рӯи алифбо
- Тарҷумонҳо аз рӯи алифбо
- Шоирони халқии Ӯзбекистон
- Шоирони укроинӣ
- Муҳаррирон аз рӯи алифбо
- Муҳаррирони Украина
- Аъзои ҲКИШ