Милий Балакирев

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
Милий Балакирев
Милий Балакирев.jpg
Иттилооти асосӣ
Санаи таваллуд

2 январ 1837(1837-01-02)[1][2][3]

Зодгоҳ
Санаи марг

29 май 1910(1910-05-29)[1] (73 сол)

Маҳалли марг
Кишвар
Касб(ҳо)

оҳангсоз, дирижёр, педагог, мусиқишинос, пианинонавоз

Асбоб

фортепиано[d]

Сабк

опера ва симфония[d]

Ҷоизаҳо
Order of Saint Stanislaus, 2nd class
Commons-logo.svg Аудио, фото, видео дар Викианбор

Милий Балакирев (Ми́лий Алексе́евич Бала́кирев; (2 январ 1837, Нижний Новгород — 16 (29) майи 1910, Санкт-Петербург)) — композитори рус, пианинонавоз, дирижёр, педагог, сарвари «Могучей кучки».

Зиндагинома[вироиш]

Милий Балакирев дар оилаи мушовири ифтихории Алексей Константинович Балакирев (1809—1869) таваллуд шудааст.

Маълумоти мусиқиро дар хона гирифтааст. Солҳои 1853—1955 шунавандаи озоди факултети математикаи Универиситети Қазон буд. Соли 1856 аввалин бор дар Санкт-Петербург ҳамчун пианинонавоз ва композитор ҳунарнамоӣ мекунад. Дар ибтидои солҳои 60 асри 19 дар Петербург роҳбари маҳфили композиторон буд, ки бо номи «Маҳфили Балакирев» ё «Тӯдаи муқтадир» машҳур аст. Асосгузор (1862) ва директор (1868—1973; 1881—1908)-и мактаби ройгони мусиқӣ дар Санкт-Петербург, ки минбаъд ба маркази оммавии таълим ва тарғиби мусиқии рус табдил ёфт. Солҳои 1867—1969 сардирижёри Ҷамъияти мусиқии рус, 1883-94 директори Капеллаи сурудхонони дарбор буд.

Мусиқӣ[вироиш]

Муаллифи ду симфония (1897, 1908), «Увертюра дар мавзӯи се суруди русӣ» (1858, таҳрири 2-вум-1881), увертюраи «1000 сол» (1862, таҳрири 2-вум), достони симфонии «Рус» (1887—1907), достони симфонии «Тамара» (1882), се маҷмӯаи сурудҳои халқии рус, романсҳои «Ба наздам биё», «Суруди гурҷӣ», «Вақте ки киштзори зардшуда мавҷ мезанад» ва ғайра, яке аз офарандагони услуби нави мусиқии фортепиании рус мебошад. Асари беҳтарини фортепиании Балакирев фантазияи шарқии «Исламей» (1869) аст. Балакирев тарғибгари асарҳои М. И. Глинка (нимаи дувуми солҳои 60 асри 19 операи «Руслан ва Людмила»-ро дар Прага ба саҳна гузошт, ба операи «Ҳаёт барои шоҳ» дирижёрӣ кард) ва композиторони ҷавон буд.

Эзоҳ[вироиш]

  1. 1.0 1.1 идентификатор BNF: платформа открытых данных — 2011.
  2. 2.0 2.1 2.2 Э. Балакирев // Музыкальный словарь: Перевод с 5-го немецкого издания / под ред. Ю. Д. ЭнгельМ.: Музыкальное издательство П. И. Юргенсона, 1901. — Т. 1. — С. 70–71.
  3. 3.0 3.1 3.2 Балакирев, Милий Алексеевич // Энциклопедический словарь / под ред. И. Е. АндреевскийСПб.: Брокгауз — Ефрон, 1891. — Т. IIа. — С. 782–783.
  4. 4.0 4.1 Balakirev, Mili Alexeivich // 1911 Encyclopædia Britannica — 11 — New York City: 1911. — Vol. 3. — P. 234.
  5. 5.0 5.1 Балакирев Милий Алексеевич // Большая советская энциклопедия: [в 30 т.] / под ред. А. М. Прохоров — 3-е изд. — М.: Советская энциклопедия, 1969.

Адабиёт[вироиш]

  • Новая российская энциклопедия. Т. II. М., 2005.
  • Балакирев. Летопись жизни и творчества / Сост. А. С. Ляпунова и Э. Э. Язовицкая. — Л., 1967.

Пайвандҳо[вироиш]