Мин Аун Ҳлайн
бирм. မင်းအောင်လှိုင် англ. Min Aung Hlaing | |
Раҳбари Мянма
|
|
аз 1 феврали 2021 | |
Президент | Миин Шве (и. в.) |
Пешгузашта | Аун Сан Су Чжи (чун мушовири давлатӣ) |
Сарфармондеҳи Қувваҳои мусаллаҳи Мянма
|
|
аз 30 марти 2011 | |
Президент |
Тейн Сейн Тхин Чжо Вин Миин |
Ҷонишин | Тан Шве |
|
|
Таваллуд |
3 июл 1956[1] (68 сол) |
Ҳамсар | Кю Кю Хла |
Фарзандон |
Аунг Пяэ Соне Кхин Тири Тет Мон |
Ҳизб | |
Таҳсилот | |
Эътиқод | буддогароӣ ва тҳеравада[d] |
Ҷоизаҳо | |
Хидмати сарбозӣ | |
Навъи артиш | Myanmar Army[d] |
Рутба | генерали калон |
Набардҳо | |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Мин Аунг Ҳлайн (тав. 3 июли 1956; Тавой, Иттифоқи Бирма) — генерали калони [2] артиши Мянмар, фармондеҳи кулли Қувваҳои Мусаллаҳи Мянмар.
Мин Аун Ҳлайн 30 марти 2011 вазифаи Сарфармондеҳи Қувваҳои Мусаллаҳи Мянмарро ба уҳда гирифт. Вай инчунин узви Шӯрои Миллии Мудофиа ва Амният (NDSC) мебошад, ки раисҷумҳури Мянмар раҳбараш мебошад. Қаблан, ӯ сардори Ситоди генералии Вазорати мудофиаи Мянмар буд.
Сарвари ҳозираи Мянмар, ки тавассути табаддулоти давлатӣ 1 феврали соли 2021 ҳокимиятро ба даст овард [3].
Тарҷумаи ҳол
[вироиш | вироиши манбаъ]Мин Аун Ҳлайн 3 июли соли 1956 дар шаҳри Тавой таваллуд шудааст аст, ки маркази маъмурии вилояти Тенассерим (Танинтайӣ) мебошад. Падари ӯ, Таун Ҳлайн, як муҳандиси сохтмонӣ аст, ки дар Идораи сохтмонҳо кор мекард.
Мин Аун Ҳлайн мактаби миёнаи № 1-и ноҳияи Латтаи пойтахти Мянмар Янгонро хатм кардааст. Пас аз он ӯ аз соли 1972 то 1973 дар Донишгоҳи санъат ва илмҳои Янгон қабл аз дохил шудан ба Академияи хидмати мудофиа дар соли 1974 таҳсил кардааст. Пас аз хатми академия, ӯ (соли 1977) рутбаи лейтенанти хурдро дар артиши Мянмар гирифт.
Хидмати ҳарбии Мин Аун Ҳлайн аввал дар иёлати Мон, пас аз он дар иёлати Шан, воқеъ дар ҷойҳои ноором, ки ба истилоҳи секунҷаи тилоӣ ҷойгиранд, баргузор шуд. Дар он ҷо, ӯ нерӯи низомӣ ва гуфтушунидро якҷоя намуда, бо муваффақият ба ду гурӯҳи ҷудоихоҳи маҳаллӣ муқобилат кард: Артиши Муттаҳидаи Ва (UWSA) ва Артиши Миллии Эътилофи Демократӣ (NDAA).
Васоити ахбори умумиҷумҳуриявии Мянма дар бораи Мин АунгХлейн дар соли 2009 суханронии васеъ карданд, пас аз он, ки ӯ аллакай дар рутбаи генерал буда, ҳамлаи бомуваффақияти ҳукуматро алайҳи ҷудоихоҳон аз Артиши Эътилофи Миллии Демократии Мянма (MNDAA; бо NDAA-и дар боло зикршуда иштибоҳ накунед) дар минтақаи Кокан роҳнамоӣ кард.
Дар моҳи июни соли 2010, Мин Аун Ҳлайн генерал Шве Манро ба вазифаи Сардори Ситоди муштараки (генералии) артиш, флот ва нерӯҳои ҳавоӣ иваз кард. 30 марти соли 2011 ӯ Фармондеҳи нави нерӯҳои мусаллаҳи Мянмар шуда, генерал ба нафақабаромадаи Тан Шверо дар вазифа иваз кард.
3 апрели соли 2012 ҳукумати Мянмар эълом дошт, ки Мин Аун Ҳлайн ба унвони муовини генерали калон пешбарӣ шудааст. Дар моҳи марти соли 2013, ӯ ба генерали калон таъйин шуд.
Генерал дар ин вазифа муқовимати бомуваффақиятро идома дод, аввалан, ба гурӯҳҳои ҷудоихоҳ дар шимоли кишвар ва сониян, аз вуруди муҳоҷирони ғайриқонунӣ аз Бангладеши ҳамсоя ба минтақаи марзии Ракхин дар ҷанубу ғарби кишвар, ки аз ҷониби баъзе расонаҳои ғарбӣ нодурустона ҳамчун "наслкушии мусалмонони Роҳинҷа" номида мешуд.
Дар моҳи июли соли 2019 ҳукумати Амрико ӯро аз дохил шудан ба Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар асоси ин даъво манъ кард. Моҳи декабри соли 2020 аз ҷониби ҳукумати ИМА алайҳи Мин Аун Ҳлайн, фармондеҳи кулли нерӯҳои мусаллаҳи Мянмар таҳримҳои иқтисодӣ ҷорӣ карда шуданд.
Дар сари Мянмар
[вироиш | вироиши манбаъ]Мин Аунг Ҳлайн дар натиҷаи табаддулоти низомии 1 феврали соли 2021 ба қудрат расид.
1 феврали соли 2021 Мин Аунг Хлайн дар Мянма то 1 сол вазъи фавқулодда ҷорӣ кард.
2-юми феврали соли 2021, Мин Аунг Ҳлайн Шӯрои давлатии маъмуриро роҳбарӣ мекард, ки ин мақоми нав дар кишвар дар давраи ҳукмронии ҳарбӣ буд. Шӯрои маъмурии давлатӣ 11 нафарро дар бар мегирифт ва ба зудӣ ба он ҷо боз 5 ғайринизомӣ илова карда шуд.
8 феврали соли 2021, дар пасманзари эътирозҳо дар Мянмар, Мин Аунг Хлайн ба халқ муроҷиат кард, ки дар он ваъда дод, ки дар Мянмар интихоботи озод баргузор мекунад.
12 феврали соли 2021, Мин Аунг Хлайн авф ва озодии беш аз 23 000 маҳбусро дар Мянмар ба ифтихори ҷашни миллӣ — Рӯзи иттифоқҳо, эълон кард.
Ҳаёти шахсӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Мин Аун Ҳлайн оиладор ва соҳиби чанд фарзанд аст. Вай дорандаи чандин ҷоизаҳои давлатии Мянмар ва як қатор мукофотҳои хориҷӣ, аз ҷумла таиландӣ ва русист (Медали "Барои таҳкими иттиҳоди ҷангӣ" -и Вазорати мудофиаи Русия).
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ 1.0 1.1 Munzinger Personen (нем.)
- ↑ Старший генерал — высший генеральский чин в мьянманской армии, в англоязычных источниках рассматривается, как пятизвёздочный генерал.
- ↑ Myanmar coup: Aung San Suu Kyi detained as military seizes control(англ.) (1 февраля 2021).