Мирваҳа

Мирваҳа, рипида ё ҳексатеригон (юн. ἑξαπτέρυγον, ба маънои "шашпар"), бодбезаки маросимиест, ки дар ибодати Масеҳияти шарқӣ истифода мешавад.[1][2]
Дар калисоҳои Масеҳияти шарқӣ, бодбезакҳо дар маросимҳои ибодат аз асрҳои якуми мелодӣ сар карда, то имрӯз ба кор бурда мешаванд. Одатан, мирваҳа аз филиз сохта шуда, доирашакл мебошад ва дар он расми иконографии серафими шашпар тасвир карда шудааст. Мирваҳа ба нӯги як чӯб ё поя нишонда мешавад. Ин бодбезакҳоро кандакорӣ, зарандуд ва ё ранг ҳам мекунанд. Аз рӯи қоида, ин бодбезакҳо ҷуфт-ҷуфт сохта мешаванд.
Оини византӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Ҳангоми дастгузории шаммос
[вироиш | вироиши манбаъ]Ҳангоми дастгузорӣ, шаммос либосҳои рӯҳониро бо тартиби муайян мепӯшад. Сипас, ба ӯ мирваҳа медиҳанд ва ӯ назди Мизи Муқаддас истода, бо он чизҳои муқаддасро бод медиҳад.[3]
Корбурдҳои дигар
[вироиш | вироиши манбаъ]Ҳангоми ҳамаи ҷараёнҳои маросимӣ, ки дар онҳо ҳадияҳои Евхаристӣ ва Китоби Инҷил бурда мешаванд, хидматгузорони қурбонгоҳ ин бодбезакҳоро бо худ доранд. Дар анъанаи Калисои Православии Русия, бодбезакҳоро инчунин барои гиромидошти икона ё ёдгории муқаддас истифода мебаранд.
Вақте ки бодбезакҳо истифода намешаванд, онҳоро дар пояҳое дар паси Мизи Муқаддас мегузоранд. Аммо дар анъанаҳои славянӣ, онҳо метавонанд дур аз назар, дар дохили қурбонгоҳ нигоҳ дошта шаванд.[4]
Оинҳои дигар
[вироиш | вироиши манбаъ]
Бодбезҳое, ки дар анъанаҳои калисои арманӣ (бо номи Кшотс), марунӣ (бо номи марваҳа ё марваҳаҳ) ва дигар калисоҳои православии шарқӣ истифода мешаванд, шакли хос доранд. Дар гирди лаби онҳо ҳалқаҳои хурди филизӣ ё зангӯлачаҳо пайваст карда шудаанд, ки рамзи сурудҳои фариштагон дар ситоиши Худо ҳастанд.
Дар лаҳзаҳои махсусан бошукӯҳи литургия ин бодбезакҳоро камтар такон медиҳанд, то садои зангӯлачаҳо шунида шавад.
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Liturgical fans
- ↑ The Metropolitan Museum - Liturgical fan
- ↑ The Great Book of Needs: Expanded and Supplemented (Volume 1): The Holy Mysteries. Translated by Saint Tikhon's Monastery. South Canaan Township, Pennsylvania: Saint Tikhon's Seminary Press (published 2000). 1998. p. 251. ISBN 9781878997562.
- ↑ Blessing of Hexapterygon, Ripidias (or Ripidas). Holy Trinity Orthodox Church, Willimantic, Connecticut (24 январи 2021).