Искандар Мирзо

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Мирза, Искандер)
Искандар Мирзо
урду: اسکندرمیرز
7 август 1955 — 23 март 1956
Пешгузашта Malik Ghulam Muhammad[d]
23 октябр 1947 — 6 май 1954
Пешгузашта Pakistan Movement[d]
Ҷонишин Akhter Husain[d]
23 март 1956 — 27 октябр 1958
Ҷонишин Муҳаммад Айюб Хон
6 октябр 1955 — 23 март 1956
Пешгузашта Malik Ghulam Muhammad[d]
24 октябр 1954 — 7 август 1955

Таваллуд 13 ноябр 1899(1899-11-13)[1]
Даргузашт 13 ноябр 1969(1969-11-13)[1] (70 сол)
Мадфан
Ҳизб
Таҳсилот
Эътиқод суннӣ
Ҷоизаҳо
Officer of the Order of the British Empire Companion of the Order of the Indian Empire Queen Elizabeth II Coronation Medal Collar of the Spanish Order of the Civil Merit King George VI Coronation Medal
Рутба генерал
 Парвандаҳо дар Викианбор

Искандар Мирзо ( урду: اسکندرمیرز ) — генерал-губернатори Покистон (7 августи 1955 — 23 марти 1956). Аввалин президенти Покистон аз соли 1956 то 1958.

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

15 ноябри соли 1899 дар Банголистони Ғарбӣ таваллуд шудааст. Вай дар Коллеҷи Элфинстоун дар Бритониё таҳсил кардааст. Дар соли 1919 баъди аз Англия баргаштанаш ба сафи қувваҳои мусаллахи Ҳиндустони Бритониё дохил шуд. Соли 1926 Искандар аз армия ба истеъфо баромада, ба Хидмати сиёсии Ҳиндустон ба кор рафт ва ба сифати ёрдамчии комиссар ба музофоти сархадии шимолу ғарбӣ фиристода шуд. Мирзо соли 1931 комиссар шуд. Аксари фаъолияташ ба ҳайси Комиссари Хадамоти сиёсии Ҳиндустон дар Минтақаҳои идоракунии федеролии қабилаҳо гузаштааст. Қабл аз таъсиси Покистон дар вазорати дифоъи Ҳиндустони Бритониё низ кор кардааст [2].

Искандари Мирзо нахустин вазири дифои Покистон таъйин шуд, ки дар ин мақом беш аз ҳафт сол кор мекард. Мирзо дар мохи май соли 1954 губернатори Покистони Шаркӣ (ҳоло Банглодеш) шуд. Аввалин қадами ӯ ба ҳайси волӣ содир кардани фармон барои боздошти 319 нафар, аз ҷумла ду раҳбари Лигаи Авомӣ - Раҳмон Муҷибур ва Юсуф Алӣ Чоудрӣ буд. То нимаи моҳи июн шумораи боздоштшудагон ба 1051 нафар расид, аз ҷумла 33 узви Ассамблеяи Миллӣ ва ду профессори донишгоҳ аз Дака. Баъди ба амал баровардани амалиёти чазодихӣ дар Покистони Шаркй ошубхо катъ гардид.[2].

Искандар Мирзо аз октябри соли 1954 то августи соли 1955 вазири корҳои дохилӣ буд. 7 августи соли 1955 Гулом Мухаммад аз сабаби беморй ба муддати ду моҳ ба рухсатӣбаромад ва Мирзо вазифаи генерал-губернаториро иҷро кард. Искандар Чоудхурй Мухаммад Алиро сарвазири мамлакат таъйин кард. Дар соли 1956 Конститутсияи нави Покистон қабул карда шуд, ки дар он номгузории сарвари давлат аз генерал-губернатор ба президент иваз карда шуд. Аммо вазифа ва салоҳияти сарвари давлат дигар нашудаданд. Маҷлиси муассисон якдилона Искандар Мирзоро аввалин президенти Покистон интихоб кард [2].

Искандар Мирзо бо хар роҳ кушиш мекард, ки дар арсаи сиёсии кишвар ҳукмфармо бошад. Ӯ ҳамчун сарвари давлат ҳамеша дар сиёсати кишвар ҳамчун раҳбари фаъол ва бонуфуз боқӣ мондааст. Мирзо аз заъфи сиёсатмадорони дигар пурра истифода бурда, дар зиддиятҳои онҳо бо ҳамдигар бозӣ мекард. Барои бартараф кардани таъсири Лигаи мусулмонон, ӯ дар таъсиси Ҳизби ҷумҳурихоҳи Покистон нақши фаъол дошт. Мирзо низ бо тамоми қувва кушиш мекард, ки нақши динро дар давлат паст кунад. Дар муддати кӯтоҳи чаҳор соли президентӣ, ӯ чаҳор нафар нахуствазирро иваз кард [2].

7 октябри соли 1958 вай дар бораи бекор кардани Конститутсияи соли 1956 эъломия кабул кард. Мувофиқи эъломия парлумон пароканда карда шуда, аввалин маротиба дар таърихи кишвар вазъияти ҳарбӣ ҷорӣ карда шуд. Дар баробари ин Искандар Мирзо Айюбхонро Сарфармондеҳи олии Қувваҳои Мусаллаҳ таъйин кард. Аммо Айюб Хон лухтаки дасти президент шуданро рад кард. 27 октябри соли 1958 Муҳаммад Айюб Хон Искандар Мирзоро ба тарки кишвар маҷбур кард ва худро президент эълон кард.

Искандари Мирзо боқимондаи умри худро дар як меҳмонхонаи Лондон сипарӣ кардааст. Искандар Мирзо 15 ноябри соли 1969 даргузашт [2].

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. 1.0 1.1 Munzinger Personen (нем.)
  2. 2.0 2.1 2.2 2.3 2.4 Iskander Mirza(англ.)(пайванди дастнорас — таърих). 27 феврали 2012 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 9 Декабри 2012.