Мирзоалии Табрезӣ
Намуди зоҳирӣ
(Тағйири масир аз Мирзоалии Нигоргар)
Мирзоалии Табрезӣ | |
|---|---|
| Таърихи таваллуд | тақрибан 1510 ё 1510[1] |
| Зодгоҳ: | |
| Таърихи даргузашт | на дертар аз 1576 |
| Мамлакат: | |
Мирзоалии Табрезӣ (тақрибан 1510 ё 1510[1], Табрез — на дертар аз 1576) — мусаввир ва минётурнигори форс-тоҷик, фарзанди Султонмуҳаммади Табрезӣ.
Матни унвон
[вироиш | вироиши манбаъ]Санъати наққошиву хаттотиро аз падар омӯхт. Мирзоалии Табрезӣ дар манзаранигорӣ офаридаҳои зиёде дорад. Ороиши «Лавоеҳ»-и Ҷомӣ, як нусхаи «Хамса»-и Низомӣ ба қалами ӯ мансубанд. Махсусан минётурҳои «Хамса»-и Низомӣ аз ҷиҳати гуногунии мавзӯъ, рангораигии тасвир, услуби нигориши воқеот қобили қайданд (минётурҳои «Нишон додани Шопур акси Ширинро ба Хусрав», «Ҳунарнамоии Борбад дар ҳузури Хусрави Парвиз»). Ин асарҳо дар Китобхонаи оммавии Ленинград ба номи Салтыков-Щедрин ва Китобхонаи Бритониё (Лондон) маҳфузанд.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ 1.0 1.1 Deutsche Nationalbibliothek Record #1017991510 // Gemeinsame Normdatei (нем.) — 2012—2016.
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Мирзоалии Табрезӣ // Лениннома — Муҳит. — Д. : СИЭСТ, 1983. — (Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир А. С. Сайфуллоев ; 1978—1988, ҷ. 4).