Мирзонасриддин Саидзода
Мирзо Насриддин | |
|---|---|
| Мирзонасриддин Саидов | |
| Ном ба ҳангоми таваллуд | Мирзонасриддин Саидов |
| Тахаллусҳо | Мирзо Насриддин |
| Таваллуд | деҳаи Шамтуч |
| табаият |
|
| Навъи фаъолият | |
| Солҳои эҷод | 1991–то ҳол |
| Самт | насри муосири тоҷик |
| Жанр | ҳикоя, қисса, роман |
| Забони осор | тоҷикӣ |
| Аввалин қадам: | «Фурӯғ» (1991) |
| Ҷоизаҳои адабӣ | Ҷоизаи адабӣ ба номи Садриддин Айнӣ (2017) |
Мирзо Насриддин (номи ҳақиқӣ Мирзонасриддин Саидзода; зода 10 март 1948, деҳаи Шамтуч, Ноҳияи Айнӣ, Вилояти Суғд) — нависанда ва муҳандиси тоҷик, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи адабӣ ба номи Садриддин Айнӣ (2017)[1].
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Мирзонасриддин Саидов 10 марти соли 1948 дар деҳаи Шамтучи ноҳияи Айнии вилояти Суғд ба дунё омадааст. Пас аз хатми мактаби миёнаи зодгоҳаш солҳои 1968–1970 дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ хидмат кардааст.
Соли 1973 Техникуми политехникии Душанбе ва соли 1979 шуъбаи шабонаи факултаи автомобил ва хоҷагии автомобили Донишкадаи политехникии Тоҷикистон-ро хатм намудааст. Ҳамзамон дар автобазаи №2 Вазорати сохтмони ҷумҳурӣ ба ҳайси муҳандиси бехатарии роҳ, сардори нуқтаи таъмир ва баъдан сардор ва сармуҳандиси автоколонаи №2931 фаъолият кардааст[2].
Солҳои 1982–1991 дар Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сифати сармеханик ва ҷонишини сарраёсати техникӣ кор кардааст. Дар солҳои 1991–1993 сардори Иттиҳодияи «Тоҷикавторемонт», солҳои 1993–1996 сармеханики Иттиҳодияи «Тоҷикзолото», солҳои 1996–2000 директори автобазаи ширкати «Мадад» буд.
Солҳои 2000–2005 вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шудааст.
Фаъолияти адабӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Мирзо Насриддин, дар баробари фаъолияти муҳандисӣ, ба адабиёт таваҷҷуҳи ҷиддӣ дошта, бо сабку услуби хоси худ асар меофарад. Аввалин ҳикояи ӯ — «Фурӯғ» соли 1991 дар ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат» ба табъ расидааст.
Соли 1994 маҷаллаи «Садои Шарқ» қиссаи «Хирмани сӯхта»-и ӯро нашр кард, ки аз ҳаёти ҷавонони солҳои 1980 нақл мекунад. Соли 2003 дар ҳамин маҷалла қиссаи «Шаби душвор» чоп шуд, ки ба оқибатҳои фоҷиабори ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон бахшида шудааст. Соли 2004 ин асар дар маҷаллаи «Помир» ба забони русӣ мунташир гардида, ҳамон сол нашриёти «Деваштич» онро ба шакли мукаммал ба нашр расонд.[3]
Соли 2008 нашриёти «Ирфон» маҷмӯаи «Бозгашти Кунгур» ва чанд ҳикояи дигари муаллифро ба табъ расонд. Соли 2013 маҷаллаи «Садои Шарқ» мухтасари романи «Оташ дар хонаи қадим»-ро нашр кард. Соли 2016 ин роман пурра ба чоп расид.
Романи дуюми ӯ — «Нони шарикӣ (сад сол бо Русия)» идомаи мантиқии романи «Оташ дар хонаи қадим» маҳсуб ёфта, ба баррасии паҳлуҳои гуногуни таърихи Тоҷикистон дар давраи Иттиҳоди Шӯравӣ бахшида шудааст.
Узвият ва мукофотҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]- Аз соли 1997 — узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон
- Барандаи Ҷоизаи адабӣ ба номи Садриддин Айнӣ (2017)
Осор
[вироиш | вироиши манбаъ]- «Фурӯғ» — ҳикоя (1991)
- «Хирмани сӯхта» — қисса (1994)
- «Шаби душвор» — қисса (2003)
- «Бозгашти Кунгур» — қисса (2008)
- «Оташ дар хонаи қадим» — роман (2016)
- «Нони шарикӣ (сад сол бо Русия)» — роман
Манбаъ
[вироиш | вироиши манбаъ]- Мирзо Насриддин — «Адибони Тоҷикистон»
- Мирзонасриддин: Тоҷик будан осон нест — Asia-Plus
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ МИРЗО НАСРИДДИН (ru-RU). 2 феврали 2026 санҷида шуд.
- ↑ Мирзонасриддинро бишносем | Китобхонаи миллии Тоҷикистон. old.kmt.tj. 2 феврали 2026 санҷида шуд.
- ↑ Мирзонасриддин: Тоҷик будан осон нест, аммо ӯ ҳеҷ гоҳ бесавод набуд! | Хабарҳои Тоҷикистон ASIA-Plus(тоҷ.). asiaplustj.info. 2 феврали 2026 санҷида шуд.
- Саҳифаҳои дорои аргументи такрорӣ дар фарохонии шаблон
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- Зодагони ноҳияи Айнӣ
- Нависандагон аз рӯи алифбо
- Нависандагони Тоҷикистон
- Нависандагони асри XX
- Нависандагони асри XXI
- Адибон аз рӯи алифбо
- Шаблони «Пайвандҳои беруна» холӣ
- Нависандагони тоҷик
- Аъзои Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон
- Вакилони Маҷлиси намояндагон
- Муҳандисони тоҷик
- Таваллуд 1948
- Зинда