Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Мирзо Иброҳимов

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Мирзо Иброҳимов
Таваллуд 15 (28) октябр 1911
Даргузашт 17 декабр 1993(1993-12-17) (82 сол)
Шаҳрвандӣ (табаият)
Навъи фаъолият намоишноманавис, нависанда, тарҷумон, сиёсатмадор, насрнавис
Забони осор озарбойҷонӣ ва русӣ
Ҷоизаҳо
Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ
ордени Ленин ордени Инқилоби Октябр ордени Байрақи Сурхи Меҳнат Jubilee Medal "In Commemoration of the 100th Anniversary of the Birth of Vladimir Ilyich Lenin" Медали «Барои меҳнати шуҷоатнок дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ солҳои 1941—1945»
Stalin Prize, 2nd degree People's Writer of the Azerbaijan SSR Honored Art Worker of the Azerbaijan SSR Mirza Fatali Akhundov State Prize of the Azerbaijan SSR
 Парвандаҳо дар Викианбор

Иброҳимов Мирзо Аждар-уғлӣ (озарбойҷонӣ: Mirzə Əjdər oğlu İbrahimov; 15 [28] октябр 1911, Eyvaq[d], Устони Озарбойҷони шарқӣ17 декабр 1993, Боку) — адиб, дараматург, мунаққид, тарҷумон ва ходими давлатию ҷамъиятии Озарбойҷон, академики АИ Озарбойҷон (1945), Нависандаи халқии Озарбойҷон (1961), Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ (1981).

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Аз хонаводаи кишоварз. Дар 7-солагӣ ҳамроҳ бо хонаводааш ба Боку муҳоҷират кард. Осори адабияш аз солҳои 1930 нашр шудааст. Нахустин таълифоташ — очеркҳо, ҳикояҳо, ашъор дар мавзӯи иҷтимоиву сиёсӣ, намоишномаҳои «Ҳаёт» (1935, оид ба вуруди ақидаҳои сотсиалистӣ ба рустоҳо), «Мадрид» (1938, дар боби муборизаи қаҳрамононаи мардуми Испания ба муқобили фашизм) ва ғ. Дар силсилаи «Ҳикояҳои ҷануб» (1946) мавзӯъҳои бедодгариву истибдод ва бозёфти демократия дар Эрон матраҳ шудааст. Дар романи «Рӯзе мерасад» (1948, тарҷумаи тоҷикияш 1953) нависанда натиҷаи мушоҳида ва бардошташро аз ҷунбишҳои озодихоҳӣ дар Эрон бозтоб кардааст. Намоишномаи «Муҳаббат» (1942) оид ба заҳмати мардуми ақибгоҳ дар солҳои ҶБВ (1941-45) буда, мазҳакаи «Духтари рустоӣ» (1962), «Инсони хуб» (1967), драмаи «Шуълаҳои тобон» низ ҳамчун осори маърифатию миллӣ маъруфанд. Мазҳакаи «Духтараки деҳотӣ»-и Мирзо Иброҳимов дар театрҳои Тоҷикистон (тарҷумаи С. Улуғзода; Театри давлатии академии драмаи ба номи Абулқосим Лоҳутӣ, 1967; Театри драмаи мусиқии ш. Хоруғ, 1969) ба саҳна гузошта шудааст. Аз дигар осори муҳимми ӯ романи «Такягоҳи бузург» (1957), роман-эпопеяи «Парвона» (1969-70), «Китоби ҳаёти ман» (1982), «Суруди зиндагӣ» (1985), мақолаҳои публитсистӣ ва нақду баррасиҳои адабӣ мебошанд. Ӯ осори А. Чехов, Н. Островский, Шекспир, Молйер ва Б. Шоуро ба озарӣ баргардонидааст. Мирзо Иброҳимов ҳамчун раиси Шӯрои олии ҶШС Озарбойҷон (1954-58) талош кард, ки дар канори забони русӣ, забони озарӣ низ ба унвони забони расмӣ дар ин кишвар шинохта шавад. Дар ин замина тавонист Кумитаи марказиро мутмаин гардонад ва соли 1956 бо ворид кардани тағйиру илова бар Қонуни асосӣ, забони озарӣ дар Озарбойҷони шӯравӣ расмият пайдо кард. Мирзо Иброҳимов солҳои 1965-76 раиси ИН Озарбойҷон буд. Дорандаи Мукофоти давлатии ИҶШС (1951). Бо се ордени Ленин сарфароз гардидааст.

  • Иброҳимов Мирзо Аждар-уғлӣ / М. Зайниддинов, А. Раҳмонқулов // Замин — Илля. Д. : СИЭМТ, 2018. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 7). ISBN 978-99947-33-89-9.