Мирзо Сангмуҳаммад

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Мирзо Сангмуҳаммад
Мирзо Сангмуҳаммад
Акс:Mirzo sang1.JPG
Навъи фаъолият: шоир

Мирзо Сангмуҳаммад - шоир ва насрнависи асри XVIII Бадахшон аст. Оид ба тарчумаи холи шоир ва муаррих маьлумоти пурра дар даст надорем. Аммо аз руи баьзе кайдхо, ки дар «Таърихи Бадахшон» ном асари муаллиф мавчуд аст, маълум мегардад, ки ӯ дар соли 1211-1796, яъне баьд аз чор соли ба хокимияти Бадахшон нишастани амир Мухаммадшох аз Афғонистон ба Бадахшон (Файзобод) омадааст.

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Мир Мухаммадшоҳро шахси маданиятдӯст ва бомаърифат ба калам додаанд. Дар дарбори ӯ бисьёр шоирон, олимон, мирзоён ва дигар одамони бомаърифат панох меёфтанд. Ин аст, ки Сангмухаммад низ ҳамчун шоир ва донишманд дар дарбори ӯ ба вазифаи мирзои таъйин мешавад. Худи шоир дар асари худ «Таърихи Бадахшон» ин вокеаро зикр мекунад:

Ки ӯ мир шуд, ман шудам мирзо,
Бувад хуш худоят, Мухаммад ризо.

Аз китоби «Таърихи Бадахшон» инчунин маълум аст, ки Сангмухаммад то соли 1223-1808-1809 ин асарро ба охир расонидааст ва ин дам ба подшоҳии Мухаммадшох 16 сол пур мешавад ва аз ин ҳисоб 12 сол ба хидмати мирзои кор кардани Сангмухаммад маълум мегардад. Зиёда аз ин маълумот барои ахвол ва рӯзгори Сангмухаммад ба даст наомад.

Эҷодиёти шоир[вироиш | вироиши манбаъ]

Сангмухаммад аз худ қисми аввали «Таърихи Бадахшон»-ро ба мерос гузоштааст, ки профессор А.Н. Болдырев онро соли 1959 ба нашр ҳозир карда, дастраси хонандагон гардонид. Ахамият ва баъзе хусусиятҳои ин асарро профессор А.Н. Болдырев дар сарсухани он китоб кайд намуда, мегуяд, ки ин ягона асари хаттиест, ки муаллифи он аз худи аҳолии Бадахшон буда, дар асоси хуччатҳои хатти ва ривоятҳои махали ин асарро таълиф намудааст. Таърихи Бадахшон ғайр аз он, ки таърихи шохони Бадахшон (сулолаи Ёрбек)-ро дар бар мегирад, боз дар бораи баъзе лахзаҳои ҳаёти мадани ва адабии Бадахшон сухан меронад. Вокеан хам мо ғайр аз ин китоб оид ба таърихи Бадахшон сарчашмаи муфассалтареро дарёфта наметавонем. Худи Сангмухаммад оид ба сарчашмаҳои истифода бурдааш чунин менависад:

Шунидам аз пирони таърихгуй,
ҷаҳондидагони (басо) ранчруй,
Аз он ҷумла, к-у огахи дошт беш,
Мулло Сангмухаммад зи авлоди пеш,
Ки оре чу соле баромад барин,
Шуда бахт наздику давлат карин,
Сабабро ба таиду икболу чохири
Мусаббаб ки гардида аз баҳри шохири
Зи мехре, ки дошт ӯ бар ин шохбоз,
Ба фарбехтарин сайдаш оварда тоз.

Дар баробари ҳамин, аз «Таърихи Бадахшон» дар соҳаи шеъру шоири кобилияти комил доштани Сангмухаммад низ равшан шуда меистад. Аз порчаҳои шеърие, ки муаллиф дар он зикр кардааст, маълум мешавад, ки ӯ аз мансаби мирзои (котиби) ба худ тахаллус мекунад. Сангмухаммад дар «Таърихи Бадахшон», дар баробари овардани баъзе порчаҳои шеърии шоирони Бадахшон, порчаҳои алохидаро аз эҷодиёти худ зикр мекунад, ки дар баъзе аз онҳо тахаллуси «Мирзо» зикр ёфта ва дар баъзе порчахо тахаллус оварда намешавад. Сангмухаммад вокеаи мустакил шудани Мухаммадшох ибни Мир Султоншоҳро чунин тасвир кардааст:

Биё, мархабо, мири фархундаху,
Ки рафт аз миён мар фитначу.
Нигини Сулаймони омад ба даст,
Ба ифрити малъун даромад шикаст.
Аз он регдевору бунъёди суст.
Биное намондаст бар чо дуруст.
Туи зеби авранги мулки Бадахшон,
Ба суи Бадахшон равон соз Рахш.
Хазина агар боядат чо ба чост,
Нигоҳ дошта ӯ насиби шумост.
Чунин аст дар олами неку бад,
Ки мероси музи ба гози расад.
Биё, соки, он чоми фархатфазой,
Ки Чамшед омад ба меҳмонсарой.
Ба чоме, ки арзад ба мулки ҷаҳон,
Майам дех ба коми дили меҳмон.
Гар ӯ мир шуд, ман шудам мирзо,
Бувад хуш худоят, Мухаммад ризо.

Дар ин порча шоир асосан дар бораи он мол ва симу заре, ки Шахванчи ба тарики тухфа (вале дар ҳақиқат ҳамчун ганимат) ба Мир Мухаммадшох ва Мир Султоншох такдим кардааст, сухан меронад:

Зи анвон махмал бурун аз шумор,
Муталло матоъ аз ҳазорон ҳазор.
Ба ноки зи хар чинс анбордон,
Матои хитои ба кимат гарон.
Хитоию тахвору мавлуну зар,
Хам аз хомпу ин дигар, он дигар.
Гар ин нукра будаст, он буд зар.
Сафеду сиях, зард, сурху кабуд,
Дигар он, ки аз зар ҳама тору пуд.
Зи эронзамин ё зи Руму Фаранг,
Хам аз шоли кашмирии хубранг.
Хам аз мушку аз заъфарон кунчдон,
Зуруфи гаронмояи мехтарон,
Самури сиёҳ, пустинҳои нарм,
Латиф аз бирешим, гаронкадру гарм.
Зи хар навъ ачносу накди ҷаҳон,
Ки бошад сазовори ганҷи мехон.
Фузун аз адад, бештар аз шумор,
Канотири симу зари бегубор.
Зирехҳои довудию говсар,
Сабуквазну афзун ба кимат зи зар.
Чавохир зи хар чинс пур дурч-дурч,
Чу шаб дар фалак пур зи сайёра бурч.
Мулукона зевар мурассаъ нигин,
Тавила сутурони зарриназин.
Хачир то шутур бо сакарлоту чул,
Хамон ною сурною таблу духул.
Аз он дегҳои чу деги хамом,
Баковул ба сомони он субху шом.
Табакҳои чинию хонҳои тос,
Зи хар чиз, к-он н-ояд андар киёс.
Ба хадя ҳама гашта махри мир,
Кунун мир шуд мири равшанзамир.
Якеро ба кон нукраву сими хом,
Хито то Хутан нукраи тар тамом.
Такозои савлат бар он кор баст,
Ки то ройгон давлат ояд ба даст.
Яке ганҷ бинходу пас ранч бурд,
Дигар омад он ганҷро пок хурд.
Дигар менишонад нихоли умед,
Умед он дигар ёфту ин ноумед.
Дар ин чо касеро бувад дастбурд,
Ки хар чиз, к-овард дар даст, хурд.
Дар ин кору зори таманнохурош,
Шаберо ба уммеди фардо мабош.
Ба шаб баҳри фардо машав зулласоз,
Зи шаб то ба рӯз аст роҳи дароз.
Мабодо дар ин роҳи хавфу хатар,
Шавад ранчи ту муфт ганҷи дигар.
Биё, сокиё, май, ки дам ин дам аст,
Нафас дар тани мард нохамдам аст.
Маям дех халол, он чи дори хазар,
Ки ман дарди фардо надорам ба сар.
Надонам чи субх аз фалак мерасад,
Мули нимрас аз намак мерасад.
Аз он кард ху табьи Мирзо ба мул,
Ки кам накд бех аз басе насья пул….