Мирзо Шукурзода

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
Мирзо Шукурзода
Мирзо Шукурзода
Санаи таваллуд:

1 сентябр 1949(1949-09-01) (69 сол)

Зодгоҳ:

ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ, ҶШС Тоҷикистон

Шаҳрвандӣ:

 Тоҷикистон

Навъи фаъолият:

нависанда

Жанр:

ҳикоя, қисса

Забони осор:

забони тоҷикӣ

Мирзо Шукурзода - нависанда, Узви Иттифоқҳои нависандагон, Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон (2006) ва Корманди шоистаи ҶТ (1999)

Зиндагинома[вироиш]

Мирзо Шукурзода 1 сентябри соли 1949 дар деҳаи Худгифи Сояи ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ ба ҷаҳон омадааст. Соли 1966 мактаби миёнаи зодгоҳашро ба поён расонда, дар ҳамин мактаб ду сол (1966-1968) омӯзгорӣ кардааст ва нахустин навиштаҳояш аз ҳамон айём дар васоити ахбори оммаи ҷумҳурӣ ба табъ расидаанд.

Ишқи сухан, муҳаббати адабиёту матбуот ӯро ба машҳуртарин даргоҳи маърифати кишвар – Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин овард. Соли 1973 бахши рӯзноманигории факултаи филологияи тоҷики донишгоҳи мазкурро ба поён расонд ва дар бахши гуфторҳои адабию драмавии Радиои ҷумҳурӣ, рӯзномаи овозаманди «Тоҷикистони Советӣ» (1973-1982), интишороти «Адиб» (1983-1984) ба фаъолияти журналистӣ ва адабӣ пардохтааст.

Эҷодиёт[вироиш]

Нахустин очерки ҳуҷҷатияш «Баҳодури Дилварзин» (дар ҳамкорӣ бо Мулло Боқӣ) соли 1976 ва китоби очерку мақолаҳояш «Ситораҳои рахшанда» соли 1986, маҷмӯаи ҳикояву қиссаҳои мусаннадаш «Теғи ҷонбахш» соли 1989 дар нашриёти «Адиб» интишор ёфтаанд.

Дувоздаҳ сол дар Ҷумҳурии Исломии Эрон (1992-2004) ва Афғонистон (1985-1977) хидмат намудааст. Мавсуф дар ин давра ва баъди он худфарсоёна заҳмат кашида, ба алифбои ниёкон ва кирилӣ дар Кобул ва Теҳрону Душанбе ва Пешовари Покистон 20 китоби илмӣ ва пажӯҳишӣ ба чоп расондааст, ки «Тоҷикон дар масири таърих» (1994, 1997, 2006), «Кӯҳкане аз користони дил» (1992, 2001), «Парниёну ҳариру абрешим» (маҷмӯаи мақолаҳои илмӣ ва публитсистӣ; 2002), «Ҷонпайванд» (маҷмӯаи мақолаҳои илмӣ ва публитсистӣ; 2006), «Тоҷикон дар қаламрави Ориёно» (30 мақола роҷеъ ба тоҷикон ва таъриху фарҳанги онон; 2006, 2007, 2009), «Ашки сари мижгони ман» (маҷмӯаи шеърҳо; 2004), «Тоҷикон, ориёиҳо ва фалоти Эрон» (маҷмӯаи мақолаҳо дар бораи тоҷикону ориёиёну эрониён; 1999, 2001, 2003), «Себи Самарқанд» (гулчини ҳазор рубоӣ аз фолклори тоҷик; 2001, 2008), «Ҳамосаи родмардони Хуросон» (2008), «Кимиёгари дурри дарӣ» (ба забонҳои форсӣ, русӣ ва инглисӣ, 2009), «Размоварони Ҳиндукуш» (2009) ва «Тӯшаи умри падар» (2013) аз он ҷумлаанд.

Ҳамчунин, «Наводири Зиёия»-и Шарифҷон Махдуми Садри Зиё (1997), эпоси қирғизии «Манас» (1977), баргузидаи ашъори устод Лоиқ «Рӯҳи Рахш» (1999), маҷмӯаҳои «Ашки тӯфон» (1994) ва «Гулчини ашъор»-и хонум Гулрухсор (2001), рисолаҳои «Ғарбзадагӣ»-и Ҷалоли Оли Аҳмад (2008), «Қуръон ва табиат»-и Муртазо Мутақаррӣ (1996, 2014), «Масъалаи ҳиҷоб»-и ҳамин муаллиф (1998) дар баргардону таҳияи мавсуф дастраси тоҷикону эрониён гардонида шудаанд. Барои «Донишномаи адаби форсӣ» (Теҳрон, 1996) беш аз 500 мақола навиштааст. Дар соли 2014 таълифи романеро таҳти унвони «Тӯфони тавсан» ба поён расонд, ки бобҳое аз ин роман дар моҳномаи «Садои Шарқ» (№11) интишор ёфт.

Навиштаҳои Мирзо Шукурзодаро хонандагону донишмандони тоҷик ва мамолики форсизабон самимона пазироӣ карда, баҳои баландашон додаанд. Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон (2006) ва Корманди шоистаи ҷумҳурӣ (1999) аст. Ба осори илмӣ, пажӯҳишӣ ва бадеии Мирзо Шукурзода дар маҷмӯаи «Сӯхтаҷони шӯълаи бедорӣ» (1999) олимони барҷастае чун академикҳо М.Шакурӣ, К.Айнӣ, докторҳо А.Шеърдӯст, М.Муллоаҳмад, Ш.Солеҳ, А.Насриддинов, М.Аҳмадов, А.Маликзод, устодон Кӯҳзод, Сорбон, А.Самад, Гулрухсор ва ғ. баҳои баланд додаанд.Аз ҷумла, китоби «Тоҷикон дар қаламрави Ориёно»-ро соли 2007 ҳафтавори «Варорӯд» «Китоби беҳтарини сол» эълом карду барои маҷмӯаи «Ҷонпайванд» (2006) сазовори Ҷоизаи ба номи Садриддин Айнӣ (2007) гардидааст.[1]


Эхощ[вироиш]


Пайвандҳои беруна[вироиш]