Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Мирмуҳаммадкозим Каримии Ҳусайнӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Мирмуҳаммадкозим Каримии Ҳусайнӣ

Мирмуҳаммадкозим Каримии Ҳусайнӣ (қарни XVII) — шоир ва насрнависи форсизабони Ҳиндустон.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Аслаш аз Ироқи Аҷам. Падараш Фикрии Ироқӣ шоир ва олими суфӣ буд. Каримӣ дар назди падар илм омӯхт ва дар синни камолот ба Ҳиндустон сафар карда, ба хидмати ҳокими ш. Гулканда Абдуллоҳи Қутбшоҳ роҳ ёфт. Асарҳои назмии «Рубоиёти Карим» (4080 рубоӣ, ки аксарашон дар мавзӯъҳои динӣ гуфта шудаанд), қасидаи «Ганҷнома» (иборат аз ҳазор байт), маснавии ирфонии «Гулшани дидор» (дар пайравӣ аз «Махзану-л-асрор»-и Низомии Ганҷавӣ иншо шудааст) ва насрии қиссаи «Комрупу Комлат», «Равоқи шавқ» (маҷмӯаи номаҳои шахсӣ) ба қалами Каримӣ тааллуқ доранд. Дар қасидаи «Ганҷнома» ба ғайр аз байтҳои хеш, аз Низомӣ, Саъдӣ, Абдурраҳмони Ҷомӣ ва дигарон вобаста ба мазмуну мундариҷаи қасида, барои ибрози андешаҳояш пораҳои шеърӣ иқтибос кардааст. Дар ин қасида Каримӣ ба Абдуллоҳи Қутбшоҳ оид ба давлату давлатдорӣ, рафъи беадолатӣ андарз додааст ва аз мушкилоти зиндагии худ шикоят кардааст.