Михаил Андреев

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
Михаил Андреев
Санаи таваллуд:

24 сентябр 1873(1873-09-24)

Зодгоҳ:
Санаи марг:

10 ноябр 1948(1948-11-10) (75 сол)

Маҳалли марг:
Мамлакат:
Ҷойҳои кор:
Роҳбари илмӣ:

Vladimir Nalivkin[d]

Ҷоизаҳо:
ордени Байрақи Сурхи Меҳнат

Михаи́л Степа́нович Андре́ев (11 сентябри 1873, Тошканд10 ноябри 1948, Сталинобод) — таърихнигор, забоншинос ва этнограф. Узви вобастаи АИ СССР (1929), узви вобастаи АИ РСС ӯзб. (1943), Ходими хизматнишондодаи илмии РСС Тоҷикистон ва РСС Ӯзбакистон.

Зиндагинома[вироиш]

Дар яке аз мактабҳои ибтидоии гимназияи шаҳри Тошканд муддати шаш сол таҳсил мекунад. Аз хурдсолӣ забонҳои тоҷикӣ (форсӣ) ва ӯзбекиро меомӯзад. Баъди хатми семинарияи муаллимии шаҳри Тошканд (1893) ба пажӯҳиши забонҳо ва адабиёти мардуми Осиёи Марказӣ машғул гардид. Аввалини мақолаҳояш зери унвонҳои «Маконе дар водии Ангрен» (1893). «Бозмондаҳои оинҳои парастишӣ дар миёни мардуми маҳаллӣ» (1895) ба чоп расидаанд. Андреев соли 1894 устоди семинарияи муаллимони шаҳри Тошканд буд. Пас аз он муддате чанд дар Кавказ ба сифати тарҷумон ва котиб ифои вазифа кардааст. Баъд аз муддате ба Санкт-Петербург меояд. Дар он ҷо бо шарқшиносони машҳури он замон С. Ф. Олденбург, В. В. Радолв, К. Г. Залеман ошно мегардад ва бо онҳо ҳамкорӣ мекунад. Ӯ солҳои 80 асри 19 дар кори майдонии омӯзиши ғорҳои буддоӣ буд ва аз Сибир ба Муғулистон, Урумчӣ, Турфон, Лучкун ва минтақаҳои дигар меравад. Дар ҳамин сафар дар Урумчӣ луғати мухтасари забони кандҷутро таҳия менамояд. Дар аввали асри 20 ӯ ба супориши К. Г. Залеман ба гирдоварии лаҳҷа ва расму оинҳои тоҷикони кӯҳистон, ба хусус Помир, машғул мешавад. Андреев аз соли 1925 яке аз муассисон ва фаъолони созмони «Ҷамъияти омӯзиши Тоҷикистон ва халқиятҳои эронии берун аз он» буд. Ин созмон рӯзгори моддӣ ва маънавии тоҷикон ва қавмҳои дигари эронии минтақаро ба таври густурда мавриди омӯзиш ва пажӯҳиш қарор дод. Баъдтар китобе зери унвони «Тоҷикистон» (1925) ба нашр расид, ки дар он мақолаи Андреев бо номи «Оид ба этнографияи тоҷикон. Баъзе иттилоот» нашр шудааст.

Фаъолияти илмӣ[вироиш]

Солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941 – 45) Андреев дар Тошканд умр ба сар бурда, осори меъмории мардумиро гирд овард. Аз соли 1943 Андреев ба гирдоварии мавод оид ба забон ва мардумшиносии минтақаҳои назди Помир, бахусус водии Хуф машғул шуд. Аз соли 1947 ба Сталинобод (Душанбе) омада, дар филиали тоҷикистонии Институти таърих, забон ва адабиёти АИ СССР ба кор шурӯъ кард. Мардумшиносони машҳури тоҷик Н. Нурҷонов ва М. Раҳимов аз шогирдони ӯ мебошанд.

Андреев бештар аз 50 китобу мақолаҳои илмӣ таълифу нашр намуда, чандин дастнависҳои арзишмандаш дар бойгониҳо маҳфузанд. Дар байни осори боқигузоштаи Андреев «Материалҳо доир ба этнографияи қабилаҳои эронии Осиёи Миёна, Ишкошим ва Вахон», «Забони язгуломӣ», «Оид ба муносибатҳои оилавии тоҷикони қадим», монографияи дуҷилдаи «Тоҷикони водии Хуф» арзиши ниҳоят бузурги илмӣ доранд. Ҷилди аввали «Тоҷикони водии Хуф» соли 1953 ва ҷилди дуюмаш соли 1958 бо шарҳу эзоҳи А. К. Писарчик чоп шудааст.

Андреев бештари умри худро бо омӯзиши фарҳанги мардуми эронитабори минтақаи Осиёи Миёна, ба хусус Тоҷикистон, пайваст. Ӯ дар раванди фаъолияти кории худ дар таълими забон, созмон додани музейҳо, пажӯҳишгоҳҳо ҳиссаи арзанда гузошт.

Ҷоизаву орденҳо[вироиш]

Бо ордени Байрақи Сурхи Меҳнат, «Нишони фахрӣ», медали «Барои меҳнати шуҷоатнок дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941 – 1945» қадр карда шудааст.

Эзоҳ[вироиш]

Адабиёт[вироиш]

  • Писарчик А. К., Михаил Степанович Андреев (1873 – 1948), Сталинобод, 1960;
  • Акрамова Х. Ф., Акрамов Н. М., Востоковед Михаил Степанович Андреев. (Научно – биог- рафический очерк), Д., 1973.
  • Памяти Михаила Степановича Андреева. Сборник статей по истории и филологии народов Средней Азии, Сталинабад, 1960;
  • Акрамов Н. М., Акрамова Х. Ф., М. С. Андреев – тадқиқотчии таърихи тоҷикони кӯҳистон, Д., 1977;

Сарчашма[вироиш]