Михаил Иванов
Таърихи таваллуд | 1909 |
---|---|
Таърихи даргузашт | 1986 |
Кишвар |
Иванов Михаил Сергеевич (15.11.1909, губ. Новгород — 19.10.1986, Маскав) — таърихнигори эроншинос, доктори илмҳои таърих (1954), профессор (1955).
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Хатмкардаи шуъбаи шарқи Донишгоҳи давлатии Ленинград (1934). Аспиранти факултаи таърихи Донишгоҳи давлатии Ленинград (1934-37), дотсент ва мудири кафедраи таърихи нави кишварҳои мустамлика ва соҳибистиқлол, ҳамзамон х. к. и. Институти шарқшиносии АИ ИҶШС (1937-41), хабарнигори Агентии телеграфии Иттиҳоди Шӯравӣ (ТАСС) дар Эрон (1943-47), х. к. и. ва мудири шуъбаи ленинградии Институти таърихи АИ ИҶШС (1947-54), декан ва мудири кафедраи таърихи кишварҳои Шарқи Наздик ва Шарқи Миёнаи Донишгоҳи давлатии Ленинград, директори Институти давлатии муносибатҳои байналмилалии Маскав, ҳамзамон мудири кафедраи таърихи кишварҳои Шарқ (1955-57), х. к. и., мудири Институти мардумшиносии АИ ИҶШС (1957-70), мудири кафедраи кишварҳои Шарқи Наздик ва Шарқи Миёнаи Институти кишварҳои Осиё ва Африқо дар назди Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи М. В. Ломоносов (1970-86). Самти асосии таҳқиқот: омӯзиши таърихи ҳаракатҳои озодихоҳӣ дар Эрон; таъсири инқилобҳои иҷтимоии ибтидои асри 20 ба вазъи сиёсии Эрон; омӯзиши таърихи нав ва навини Эрон. Муаллифи зиёда аз 150 таълифи илмӣ. Таҳти роҳбарии И. муаррихони тоҷик Т. Муҳиддинов. Қ. Бобоев, Д. Исмоилов рисолаи илмӣ дифоъ кардаанд.
Осор
[вироиш | вироиши манбаъ]- Бабидские восстания в Иране (1842-52). М., 1939;
- Очерк истории Ирана. М., 1952; Иранская революция 1905-11 гг. М., 1957;
- Новейшая история Ирана. М., 1965; Иран в 60-70-х гг. XX в. М., 1977;
- Антифеодальные восстания в Иране в середине XIX в. М., 1982.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Иванов Михаил Сергеевич // Замин — Илля. — Д. : СИЭМТ, 2018. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 7). — ISBN 978-99947-33-89-9.