Михаил Горбачёв
русӣ: Михаил Сергеевич Горбачёв | |
15 марти соли 1990 — 25 декабри соли 1991а[1] | |
Ноиби президент |
Геннадий Иванович Янаев (то 4 сентябр соли 1991) |
Пешгузашта | вазифа барҳам хурд |
Ҷонишин | вазифа вазифа барҳам хурд |
Раиси Шӯрои Олии ИҶШС
|
|
25 майи соли 1989 — 15 марти соли 1990 | |
Пешгузашта | вазифа таъсис ёфт; ӯ худ ҳамчун Раиси Президиуми Шӯрои Олии ИҶШС |
Ҷонишин | Лукьянов, Анатолий Иванович |
1 октябри соли 1988 — 25 майи соли 1989 | |
Пешгузашта | Андрей Андреевич Громыко |
Ҷонишин | вазифа упразднена; ӯ худ ҳамчун раиси Шӯрои Олии ИҶШС |
11 марти соли 1985 — 24 августи соли 1991 | |
Пешгузашта | Константин Устинович Черненко |
Ҷонишин | Владимир Антонович Ивашко (и.в.) |
10 апрели соли 1970 — 4 декабри соли 1978 | |
Пешгузашта | Леонид Николаевич Ефремов |
Ҷонишин | Всеволод Серафимович Мураховский |
24 ноябри соли 2001 — соли 2004 | |
Пешгузашта | вазифа барҳам хурд |
Ҷонишин | Владимир Николаевич Кишенин ҳамчун раис |
|
|
Таваллуд |
2 март 1931[3][4][5][…] |
Даргузашт |
30 август 2022[6][7] (91 сол) |
Мадфан | |
Падар | Горбачёв Сергей Андреевич (1909-1976) |
Модар | Гопкало Мария Пантелеевна (1911-1993) |
Ҳамсар | Раиса Максимовна Горбачёва (Титаренко) (аз 1953 то 1999) |
Фарзандон | Ирина Горбачёва (Вирганская) |
Ҳизб |
1) ҲКИШ (1952—1991) 2) ҲСДМР (2000—2001) 3) ҲСДР (2001—2007) 4) ССД (аз 2007) |
Таҳсилот | |
Дараҷаи илмӣ | доктори илм |
Фаъолият | сиёсат[10], economic reform[d][10], democratization[d][10] ва Бозсозӣ[10] |
Эътиқод | атеизм[2] |
Соядаст | |
Ҷоизаҳо | |
Вебгоҳ | gorby.ru(рус.)(англ.) |
Ҷойҳои кор | |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Михаил Сергеевич Горбачёв (2 март 1931[3][4][5][…], Приволное[d], қаламрави Қафқози Шимолӣ[d], ҶШФСР[d], ИҶШС — 30 август 2022[6][7], Маскав, Маскав, Русия[8]) — ходими ҷамъиятӣ, ҳизбӣ ва давлатии Иттиҳоди Шӯравӣ ва Русия. Охирин Котиби генералии КМ ҲКИШ (1985—1991).
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Аз оилаи деҳқон. Хатмкардаи факултаи ҳуқуқшиносии Университети давлатии Маскав (1955) ва Институти хоҷагии қишлоқи Ставропол (1967, ғоибона).
Фаъолияти ҳизбӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Солҳои 1956—1962 котиби якуми Кумитаи комсомоли шаҳри Ставропол, котиби дуввум ва котиби якуми Кумитаи комсомоли кишвари Ставропол. Солҳои 1966—1970 котиби якуми Кумитаи партиявии шаҳри Ставропол, котиби дуввуми Кумитаи партиявии кишвари Ставропол. Солҳои 1970-78 котиби якуми Кумитаи партиявии кишвари Ставропол. Аз ноябри 1978 котиби КМ ҲКИШ ва аз соли 1980 узви Бюрои сиёсии КМ ҲКИШ. Солҳои 1985—1991 Котиби генералии КМ ҲКИШ. Михаил Горбачёв дар ин вазифаи масъулиятнок барои пешгирии буҳрони иқтисодии мамлакат барномаи афзоиши маҳсулнокии меҳнат, таҷдиди технологияи соҳаҳои муҳимми истеҳсолот ва афзунсозии даромади миллиро пешниҳод кард. Аммо коҳишёбии нархи ҷаҳонии нафт ва филиззот тайи солҳои 1985—1986 иҷроиши ин барномаро номумкин сохт.
Бозсозӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Бо ташаббуси Михаил Горбачёв дар Анҷумани 27 ҲКИШ(феврал-марти 1986) барномаи мукаммали ислоҳот, бозсозии идоракунии иқтисодиёт ва роҳ кушодан ба фаъолияти хусусӣ баррасӣ гардид. Дар замони бозсозӣ аз соли 1986 озодии сухан ва матбуот вусъат ёфта, шумораи ҷамъияту иттиҳодияҳои ғайридавлатӣ афзуданд, робита бо кишварҳои хориҷӣ тавсеа пайдо кард. Аз ибтидои соли 1987 Михаил Горбачёв барои нав кардани кадрҳои ҳизбӣ шурӯъ намуд, ки беш аз 70 дарсади ҳайати аъзоёни Бюрои сиёсӣ, 70 дарсади котибони ҳизбии кумитаҳои шаҳрию ноҳиявӣ ва 60 дарсади котибони кумитаҳои вилоятии ИҶШС иваз шуданд. Ислоҳоти иқтисодӣ ба таҳкими бахши хусусӣ мусоидат карда, соли 1990 шумораи кооперативҳо ба 245 ҳазор ва бонкҳои тиҷоратӣ ба 224 адад расид. Вале беқурбшавии пул, камчинии маҳсулоти хӯрокворӣ ва болоравии нархи маҳсулоти ниёзи аввал боиси буҳрони шадид дар мамлакат гардид. Дар натиҷа пояҳои ҳукумати марказӣ коҳида, вокунишҳои миллӣ ва кӯшишҳои истиқлолхоҳӣ афзуданд ва то ҳадди ошӯбу хунрезиҳо рафта расиданд (ҳодисаҳои Қарабоғ, Сумгаит, Боку, Тбилиси, Вилнюс), ки мисоли он дар Тоҷикистон воқеаҳои февралии 1990 шуда метавонад. Зимни ислоҳоти сохтори сиёсӣ дар ҷаласаи ғайринавбатии Шӯрои Олии ИҶШС Михаил Горбачёв 1 октябри соли 1988 раиси Президиуми Шӯрои Олии ИҶШС ва 25 майи 1989 бо гирифтани овози зиёд Раиси Шӯрои Олии ИҶШС интихоб гардид. Гурӯҳи мухолифони Михаил Горбачёв дар атрофи Б. Н. Елсин муттаҳид шуда, 12 июни соли 1990 дар анҷумани депутатҳои халқи РСФСР Декларатсияи истиқлоли давлатии Руссияро қабул карданд. Бо ташаббуси Михаил Горбачёв барои нигоҳ доштани ИҶШС референдум (17 марти 1991) гузаронида шуд, ки 76 дарсади аҳолии мамлакат онро ҷонибдорӣ карданд. Имзои Шартномаи Иттифоқи ҷумҳуриҳои мустақил 20 сентябри соли 1991 мавқуф гузошта шуд, вале бинобар балвои августии соли 1991 ин санад баррасӣ нагардид. Борис Елтсин аз 23 августи соли 1991 фаъолияти ҲКИШ-ро дар ҳудуди РСФСР манъ кард. 24 августи соли 1991 Михаил Горбачёв аз гирифторӣ дар Фароси Қрим раҳида, ба Маскав баргашт ва аз вазифаи Котиби генералии КМ ҲКИШ истеъфо дод. Кӯшишҳои минбаъдаи Михаил Горбачёв барои дубора баррасӣ намудани имзои Шартномаи Иттифоқи ҷумҳуриҳои мустақил бенатиҷа монд. 18 декабри соли 1991 сарони давлатҳои РСФСР, Украина ва Белоруссия шартномаи Беловежскро дар бораи пароканда кардани Иттиҳоди Шӯравӣ ва таъсис додани Иттиҳоди давлатҳои мустақил имзо карданд.
Истеъфо
[вироиш | вироиши манбаъ]Баъди аз мақоми Президенти ИҶШС 24 декабри соли 1991 истеъфо доданаш аз соли 1992 президенти Фонди байналхалқии таҳқиқоти иҷтимоию иқтисодӣ ва сиёсӣ (Фонди Горбачёв) мебошад. Дар давраи Михаил Горбачёв ҷанги Афғонистон (1989) боздошта шуд ва Ҷумҳурии Олмон (1990) муттаҳид гардид. Робитаҳои хориҷӣ бо Британияи Кабир, Хитой, ИМА беҳтар шуд.
Ҷоизаҳо ва медалҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]Барандаи Ҷоизаи Нобел барои сулҳ (1990). Бо 2 ордени Ленин, 2 ордени Револютсияи Октябр, чандин ордену медалҳои дигар сарфароз шудааст.
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Пияшев Н. Ф. М. С. Горбачёв… кто он? М., 1995.
Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Горбачёв Михаил Сергеевич // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ С 19 августа по 21 августа 1991 года Горбачёв был фактически отстранён ГКЧП от исполнения обязанностей Генерального секретаря и Президента СССР; Шаблон:Нет АИ2, и. о. Президента СССР — Вице-президент Г.И. Янаев.
- ↑ Горбачев остается атеистом, хотя и крещен в православии при рождении // Интерфакс-Религия
- ↑ 3.0 3.1 Горбачёв Михаил Сергеевич // Большая советская энциклопедия (рус.): [в 30 т.] / под ред. А. М. Прохорова — 3-е изд. — М.: Советская энциклопедия, 1969.
- ↑ 4.0 4.1 Энциклопедия Брокгауз (нем.)
- ↑ 5.0 5.1 Proleksis enciklopedija, Opća i nacionalna enciklopedija (хорв.) — 2009.
- ↑ 6.0 6.1 Mikhail Gorbachev, Soviet Leader Who Ended Cold War, Dies at 91 (ингл.) // Bloomberg.com — 2022.
- ↑ 7.0 7.1 https://www.washingtonpost.com/obituaries/2022/08/30/mikhail-gorbachev-soviet-leader-dies/
- ↑ 8.0 8.1 https://www.bloomberg.com/news/articles/2022-08-30/russian-media-ex-soviet-leader-mikhail-gorbachev-dead-at-91
- ↑ Aftonbladet (швед.) — Schibsted, 1830. — ISSN 1103-9000; 1403-9656
- ↑ 10.0 10.1 10.2 10.3 Чешская национальная авторитетная база данных
- Зодагони 2 март
- Зодагони соли 1931
- Зодагони Иттиҳоди Шӯравӣ
- Даргузаштагони 30 август
- Даргузаштагони соли 2022
- Даргузаштагони Маскав
- Википедия:Статьи со ссылками на элементы Викиданных без русской подписи
- Дорандагони ордени Ленин
- Дорандагони ордени Инқилоби Октябр
- Дорандагони ордени Байрақи Сурхи Меҳнат
- Дорандагони ордени «Нишони Фахрӣ»
- Барандагони ҷоизаи сулҳи Нобел
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- Барандагони Ҷоизаи Нобел
- Котибони генералии КМ ҲКИШ
- Раисони Президиуми Шӯрои Олии ИҶШС
- Президентҳои ИҶШС
- Сиёсатмадорони асри XX
- Сиёсатмадорони асри XXI
- Сарварони асри XX