Моделоба

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search

Моделоба, атолаи модел — хӯроки мавсимӣ буда, дар фасли баҳор аз модел — як навъи растанӣ бо об, намак, орд ва ё биринҷ тайёр карда мешавад. Дар водии Рашту Дарвоз ба он орд ё туппаи буридаро ҳамроҳ менамоянд. Моделро тоза карда, реза мекунанд ва ба деги обаш дар ҷўш меандозанд. Сипас ба он орд, ё туппа, ё биринҷро ҳамроҳ намуда, намак илова мекунанд. Дар вақти истеъмол аз чакка низ истифода мебаранд. Дар Варзоб, Рашт, Дарвоз фаъол аст[1].

Нигаред низ[вироиш]

Эзоҳ[вироиш]

  1. Феҳристи миллии фаҳанги ғайримоддӣ /Natioal list of intangible cultural hertage/ Пажӯшиҳгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги ҶТ — Душанбе: «Аржанг» 2016, — С. 164

Адабиёт[вироиш]

  • Ершов Н., Пища // Таджики Каратегина и Дарваза. Вып.2, Д., 1970.
  • Шовалиева М. История кулинарной культуры таджикского народа. — Душанбе: Дониш, 2015