Модҳо
Модҳо | |
| Таърихи таъсис | тақрибан 678 то м. |
|---|---|
| Шахси калидӣ | Дейоку |
| Кишвар | |
| Пойтахт | Ҳагматона |
| Забони мавриди корбурд | забони модӣ[d] |
Модҳо (юн.-қад. Μῆδοι) ё мардуми Мод — гурӯҳе аз мардумони эронии бостон[1] буданд, ки ҳудуди се-чаҳор сада пас аз шурӯи заволи шаҳрҳои асри биринҷ дар фалоти Эрон, ба тадриҷ вориди ин сарзамин шуданд[2]. Инҳо бахше аз мардумоне буд, ки дар муҳоҷирати ориёиҳо ба фалоти Эрон ширкат доштанд. Модҳо ба ҳамроҳи порсҳо, портиҳо, сакоиҳо ва ғайра, дар рӯзгори худ ба ориёӣ машҳур буданд ва яке аз қабоили онон, Ори Зонту ном дошт; номе, ки ба маънои «дудмони ориёиён» аст[3].
Манбаъшиносӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Катибаҳои ошурӣ ва бобилӣ иттилооте ба мо дар бораи Модҳо медиҳад, вале манбаи аслии мо дар бораи Модҳо, гузориши муаррихини юнонӣ ба вижа Ҳеродот аст.[4]
Иттиҳодияи қабоили Мод
[вироиш | вироиши манбаъ]Мутобиқи манобеи кӯҳани ошурӣ ва юнонӣ ва эронӣ дар маҷмӯъ маълум мегардад, ки шаш тоифаи ташкилдиҳандаи иттиҳоди Модҳо иборат буданд аз Бусиён, Иструкотиён, Будиён, Оризонтиён ва Муғҳо ва саранҷом Портакониён. Ба гузориши Ҳеродот (китоби аввал, банди 96) Модҳо понсад сол (1274 қ.м то 754 қ.м) тобеи ошуриён буданд. Берес, муаррихи калдонӣ, ба ин ақида буд, ки модиҳо 2500 сол қ.м Бобилро тасхир карданд ва 224 сол бар Бобил ҳукумат карданд, вале муҳаққиқон тасаввур мекунанд, ки мардуме аз фалоти Эрон монанди Косиҳо Бобилро гирифтаанд ва ба муносибати инки аз тарафи ғарбии фалоти Эрон ба Бобил рафта буданд, Берес ин мардумро модӣ донистааст. Ончи аз мутуни ошурӣ бармеояд, он аст, ки Модҳо аз садаи нуҳум то ҳафтуми пеш аз милод натавониста буданд чунон пешрафте биёбанд, ки сабаби ҳамгироӣ ва иттиҳод ва созмонёфтагии қабоил ва тавоифи парокандаи Мод бар меҳвари як раҳбар ва фармонравои бартар ва воҳид, ки битавон вайро подшоҳи кулли сарзаминҳои моднишин номид, шуда бошанд. Подшоҳони Ошур дар зимни лашкаркашиҳои пуршумори худ ба қаламрави сукунати Модҳо, ҳамвора бо шумори фаровоне аз «шоҳони маҳаллӣ» рӯ ба рӯ будаанд ва на як подшоҳи воҳиди ҳоким бар кулли сарзаминҳои моднишин. Баъдҳо, дар садаҳои нуҳум ва ҳаштуми пеш аз милод, қудрати Модҳо то ҳадди зиёде афзоиш ёфт ва нақши онҳо барҷаста шуд ва саранҷом дар садаи ҳафтуми пеш аз милод, саросари ғарби Эрон ва бархе аз манотиқи наздики он ба Модҳо тааллуқ ёфт; бинобарин, марзҳои Мод дар тӯли чанд сад сол, ба тадриҷ ва рафта-рафта тағйир кард; бо ин ҳол, густараи ҷуғрофиёии дақиқи Мод ношинохта боқӣ мондааст.
Ба Модҳо дар солномаҳои ошурии нав аз соли 836 пеш аз милод ба баъд то авохири савганди феодалии Асарҳаддун (672 п.м) ишора шудааст, онҳо тавассути шоҳакнишинҳои кӯчак идора мешуданд: подшоҳии марказӣ таъсис нашуда буд ва асоси чизҳое, ки баъдан ба Диёку, қозии афсонаӣ, нисбат дода шуд, ҳанӯз вуҷуд надошт.
Решаи қавмӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Ҳеродот Модҳоро ориёӣ меномад ва мегӯяд дар қадим Модҳоро ориёӣ меномиданд. Ҳеродот дар дафтари ҳафтум, банди шасту ду менависад:
Модҳо дар артиш монанди порсиён муҷаҳҳаз буданд. Фармондаи онҳо Тигрони Ҳахоманишӣ буд. Инҳо дар замони қадим тавассути ҳамаи мардон ориёӣ номида мешуданд, аммо замоне ки зани кулхисӣ Мод аз Отен дар миёни ориёиҳо омад, номи худро монанди порсиён тағйир доданд. Ин ривояти худи Модҳо аз худашон аст. Кисиҳо дар артиш монанди порсиҳо муҷаҳҳаз буданд, аммо аммома бар сар доштанд ва кулоҳ надоштанд. Фармондеҳи онҳо Онофас писари Утонс буд. Ҳиркониҳо монанди порсҳо мусаллаҳ буданд. Раҳбари онҳо Мегопонуc буд, ки баъдан фармондори Бобил шуд.
Страбон ақвоми кодусӣ, омордӣ, тапурӣ ва куртиро ба унвони ақвоми кӯҳистонишини Мод ёд мекунад. Страбон менависад:
Тамоми манотиқи ин кишвар ба истиснои бахше ба самти шимол, ки кӯҳистонӣ ва ноҳамвор ва сард аст ва маҳалли зиндагии кӯҳнишиноне ба номи Кодусӣ (Cadusii) ва Омордӣ (Amardi) ва Тапурӣ (Tapyri) ва Куртӣ (Cyrtii) ва соири мардумони дигар аст, ҳосилхез аст.
Страбон эътиқод дорад навоҳии Тапур ва Рай ва дарвозаи Каспиён бахше аз сарзамини Мод буд, ки Ашкониён бар он султа ёфтанд ва менависад:
Манотиқе аз кишвари Парт, Қумис (Comisene) ва Хор (Chorene) аст ва метавон гуфт кулли минтақае аст, ки то дарвозаи Каспиён (Caspian Gates) ва Рай (Rhagae) ва Тапурӣ (Tapyri) густариш меёбад, ки қаблан мутааллиқ ба Мод буд.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Young, Jr. TC. The early history of the Medes and the Persians and the Achaemenid empire to the death of Cambyses. In: Boardman J, Hammond NGL, Lewis DM, Ostwald M, eds. The Cambridge Ancient History. Vol 4. 2nd ed. Cambridge: Cambridge University Press; 1988:page 6
- ↑ Dyson, Robert H.; Voigt, Mary M. (December 15, 1989). "BRONZE AGE". Encyclopædia Iranica. Vol. IV, Fasc. 5. p. 472-478. Retrieved 2 Oct 2019.
- ↑ اعتبار باستان شناختی آریا و پارس، محمدتقی عطایی و علیاکبر وحدتی، نشر و پژوهش شیرازه، ۱۳۸۲، ص ۶۰–۵۹.
- ↑ Planhol, Xavier de, Yarshater, Ehsan, Hinnells, John R., Frye, Richard N., Brunner, Christopher J., Skjærvø, Prods Oktor, Windfuhr, Gernot L., Huyse, Philip, Fouchécour, Charles-Henri de, Kreyenbroek, Philip G. et al., “IRAN”, in: Encyclopaedia Iranica Online, © Trustees of Columbia University in the City of New York. Online abgerufen am 25 July 2023 <http://dx.doi.org/10.1163/2330-4804_EIRO_COM_3478> Erste Online-Publikation: 2020 Erste Druckedition: 20041215