Молхона (румон)
«Мазраъаи ҳайвонот» (англ. Animal Farm, дар Эрон ба номи «Қалъаи ҳайвонот» ва дар Тоҷикистон ба номи «Молхона» низ шинохта шудааст) — румоне ба сабки адабиёти тамсилии подормоншаҳрӣ ба забони инглисӣ ва навиштаи Ҷорҷ Оруэлл аст[6][7]. Ин румон дар тӯли Ҷанги ҷаҳонии дувум навишта ва дар соли 1945 дар Инглистон мунташир шуд. Вале дар авохири даҳаи 1950 ба шуҳрат расид. Ин китоб дар нақди ҳукуматҳои саркӯбгари он даврон, яъне Шӯравӣ ва Олмон навишта шуд[8].
«Мазраъаи ҳайвонот» дар бораи гурӯҳе аз ҷонварони аҳлӣ аст, ки дар иқдоме ормонгароёна ва инқилобӣ, соҳиби мазраъа яъне оқои Ҷунзро аз мазраъааш фирорӣ медиҳанд то худ идораи мазраъаро ба даст гирифтаву «баробарӣ» ва «рифоҳ»-ро дар ҷомеъаи худ барқарор созанд. Раҳбарии ин ҷунбишро гурӯҳе аз хукҳо ба даст доранд. Вале пас аз муддате ин гурӯҳи ҷадид низ ба раҳбарии хуке ба номи Нопулеун ҳамчун оқои Ҷунз ба баҳракашӣ аз ҳайвоноти мазраъа мепардозанд ва ҳаргуна мухолифатеро саркӯб мекунанд.
Ҳафт фармон
[вироиш | вироиши манбаъ]Пас аз пирӯзии инқилоби ҳайвонот, як қонуни асосии маъруф ба «Ҳафт фармон» бар рӯйи девор мазраъа навишта мешавад, ки шомили бандҳои зер аст:
- Ҳамаи онҳо, ки рӯйи дупо роҳ мераванд душман ҳастанд.
- Ҳамаи онҳо, ки чаҳорпо ё болдор ҳастанд, дӯстанд.
- Ҳеч ҳайвоне ҳаққи пӯшидани либосро надорад.
- Ҳеч ҳайвоне ҳаққи хобидани дар тахтро надорад.
- Ҳеч ҳайвоне ҳаққи нӯшидани алкулро надорад.
- Ҳеч ҳайвоне ҳаққи куштани ҳайвони дигареро надорад.
- Ҳамаи ҳайвонот боҳам баробаранд.
Дар тӯли достон, мушаххас мешавад, ки ҳамаи «Ҳафт фармон», ба мурури замон бо таҳриф ва тағйир мувоҷеҳ мешавад ва дар авохири достон тамоми шаш фармони аввал аз рӯйи девор пок шуда ва ҷумлаи ҳафтум низ ба сурати зер таҳриф мешавад:
«Ҳамаи ҳайвонот боҳам баробаранд, аммо баъзе баробартранд»[9].
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ (unspecified title) — ISBN 0-89356-451-6
- ↑ Internet Speculative Fiction Database (ингл.) — 1995.
- ↑ https://aralper.xyz/jnL9BW7olBSMNgJWNZLVRKEA5slpd5fMFWZ01JjSJtE
- ↑ https://altamontenterprise.com/opinion/columns/field-notes/09212023/imagine-boot-stamping-human-face-ever
- ↑ http://classify.oclc.org/classify2/ClassifyDemo?wi=250525
- ↑ Peter Edgerly Firchow. Modern Utopian Fictions from H.G. Wells to Iris Murdoch. — CUA Press, 2008. — P. 11. — ISBN 0813215730.
- ↑ Harold Bloom. George Orwell's Animal Farm. — Infobase Publishing, 2009. — P. 25. — 166 p. — (Bloom's modern critical interpretations). — ISBN 1604135824.
- ↑ Overy, Richard (2006). Why the Allies Won (2nd ed.). London: Pimlico. ISBN 0-393-03925-0.
- ↑ پیمان برجوییان. معرفی کتاب قلعه حیوانات(форсӣ). لایههای مخفی یک داده پرت (8 Январ 2018). 24 ноябри 2022 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 24 ноябри 2022.