Моменти инерсия

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search

Моменти инерсия — бузургиест, ки тақсимоти массаро дар ҷисм муайян мекунад ва дар баробари масса меъёри инертнокии ҷисм (ҳангоми ҳаракати ғайрипешравандаи он) мебошад.

Дар механика моменти инерцияи тарз ва Моменти инерцияи марказшитобро фарқ мекнанд. Моменти инерцияи тирии ҷисм нисбат ба тири 1 бузургиест, ки аз баробарии муайян карда мешавад (т{ — массаи нуқтаҳои ҷисм — масофаи ин нуқтаҳо аз тири х, р — зичии массавӣ, V —ҳаҷми ҷисм). Бузургии /, меъёри инертнокии ҷисм ҳангоми дар гирди тир чархзании он мебошад. Андозанокии Моменти инерция 1<2Л/, воҳиди ченкуниаш кг м2 ё г см2 мебошад. Моментҳои инерцияи марказшитоби ҷисм нисбат ба системаи тирҳои росткунҷа х, у, х, ки аз нуқтаи О гузаронда шудаанд, бузургиҳоеанд, ки аз баробариҳои 1ху == 2т Wi (2)и ё мувофиқан бо интегралҳои ҳаҷмии онҳо муайян карда мешаванд. Ин бузургиҳо характеристикаҳои номувозинатии динамикии массаҳо мебошанд. Мас., ҳангоми чархзании ҷисм дар атрофи тири х қувваҳои фишор 6а подшинникҳое, ки дар онҳо тир маҳкам карда шудааст, ба қиматҳои 1хг ва 1уг вобаста мебошанд. Моменти инерцияи ҷисми шаклаш мураккабро дар таҷриба муайян мекунанд. Мафҳуми Моменти инерция дар ҳалли бисьёр масъалаҳои механика ва техника истифода мешавад.

Эзоҳ[вироиш]

Адабиёт[вироиш]

  • Фаворин М. В., Моменты инерции тел. Справочник, М., 1970.