Jump to content

Муаззама Бобокалонова

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Муаззама Бобокалонова

Муаззама Зокировна Бобокалонова (тав. тобистони 1927, Хуҷанд – ваф. 2.12.1980, Душанбе), муаллими забони тоҷикӣ. «Аълочии маорифи Тоҷикистон»

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Соли 1949 факултети забон ва адабиёти Донишкадаи давлатии омӯзгории Душанбе ба номи Т.Г. Шевченкоро хатм кардааст. Солҳои 1949–1950 муаллими забон ва адабиёти тоҷики Омӯзишгоҳи омӯзгории ш. Кӯлоб, 1950–1954 муаллими мактаби миёнаи №8 Душанбе, 1954– 1956 муаллим ва мудири қисми таълимии мактаби миёнаи №12 Душанбе, 1960–1961 муаллим ва мудири қисми таълимии мактаби №34 Душанбе,1961–1963 инструктори шуъбаи илм ва мактабҳои олии КМ ҲК Тоҷикистон, 1963–1980 муаллим, муаллими калони кафедраи забони тоҷикӣ ва баъд кафедраи методикаи таълими забон ва адабиёти тоҷики Донишкадаи давлатии омӯзгории Душанбе ба номи Т.Г. Шевченкобуд.

Бо ифтихорномаи Вазорати маорифи ҶШС Тоҷикистон ва нишони сарисинагии «Аълочии маорифи Тоҷикистон» қадр карда шудааст.