Муассисаи давлатии «Варзишгоҳи миллӣ»
Муассисаи давлатии «Варзишгоҳи миллӣ» — дар маркази ш. Душанбе ҷойгир аст. Ифтитоҳи варзишгоҳ ба муносибати ҷашни умумимиллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бунёд гардид.
Майдони бошукӯҳи варзишӣ 21 августи соли 2026 мавриди истифода қарор дода шуд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ Варзишгоҳи миллии нави пойтахтро (Муассисаи давлатии «Варзишгоҳи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон) дар расми ба истифода супоридани варзишгоҳи пойтахт иштирок намуданд.[1]
Дар даромадгоҳи асосии варзишгоҳ ба хотири арҷгузорӣ ба заҳмату ғамхориҳои ҳамешагии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон, ки дар бунёди Варзишгоҳи миллӣ ва рушди футболи муосири тоҷик беназир аст, фаввора – конструксияи соядасти Президенти кишвар дар шакли арт-объект аз пӯлоди зангногир ва баландсифат, тарҳрезӣ ва насб гардидааст. Ин натанҳо як унсури ороишӣ, балки як қисми таърихи бунёди Варзишгоҳи миллӣ ба ҳисоб рафта, солҳои тулонӣ ҳамчун рамзи асосии бунёди Варзишгоҳи миллӣ нигоҳ дошта мешавад.
Сохтори иншооти варзишӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Иншооти варзишӣ дар майдони 9,5 гектар доман густурда, намунаи барҷастаи сохтмони муосир ба шумор меравад.
Варзишгоҳ дорои беш аз 30 000 ҷойи нишаст буда, аз 2 сатҳ иборат мебошад. Дар сатҳи поёнӣ беш аз 12 ҳазор ва сатҳи болоӣ 18 ҳазор ҷои нишаст мавҷуд аст.
Иншоот мувофиқ ба талаботи стандартҳои байналмилалии ФИФА бунёд шуда, ба категорияи 2-юми байналмилалӣ ворид мегардад. Варзишгоҳ бо ин шаҳомат ҳуқуқи қабули бозиҳои сатҳи баланди клубӣ ва мусобиқаҳои байналмилалиро дорад.
Барои воридшавии бехатари мухлисон, варзишгоҳ бо 68 турникети муосир ва электронии байналмилалӣ муҷҷаҳаз шудааст.
Барои осонии ҳаракат ва идоракунии дуруст, бино ба 4 қисми асосӣ тақсим шудааст.
Сохтори дусатҳаи трибунаҳо ва ин турникетҳо маҳз барои амният, пешгирии издиҳом ва зуд баровардани тамошобинон аз рӯи меъёрҳои бехатарии ФИФА лоиҳакашӣ шудааст.
Масоҳати зери сохтмони бино 27 000 метри мураббаъро ташкил дода, масоҳати умумии он зиёда аз 42 ҳазор метри мураббаъ мебошад. Баландии иншоот 33 метр буда, аз 5 ошёна ва таҳхона иборат аст.
Дар маркази варзишгоҳ майдони муосири футбол бо масоҳати 7 140 метри мураббаъ қарор дорад. Андозаи майдони бозии он 105 ба 68 метрро ташкил медиҳад, ки ин нишондиҳанда ба талаботи ҳатмии ФИФА барои тамоми бозиҳои байналмилалӣ ва Ҷоми Ҷаҳон мутобиқ мебошад.
Андозаи умумии майдони варзишӣ бошад, 130 ба 87 метрро ташкил медиҳад, ки ин ҳам мувофиқи меъёрҳои FIFA барои минтақаҳои амниятӣ ва техникӣ дар атрофи майдон фазои бехатарро таъмин мекунад.
Ҷараёни бозиҳо тавассути ду монитори бузурги LED ҳар кадомаш дар ҳаҷми 133 метри мураббаъ дар варзишгоҳ намоиш дода мешавад. Мониторҳо, ҳамчунин, барои намоиши такрории наворҳо ва маълумоти бозӣ тибқи стандарти FIFA хидмат мекунанд.Сифати баргузории бозиҳо ва пахши мустақими телевизиониро таҷҳизоти пуриқтидор таъмин менамоянд.
майдони варзиш дорои 312 прожектори муосир ва пурқувват аз ширкати Philips мебошад, ки талаботи ҳатмии FIFA-ро барои равшании якхела ва пахши бозиҳо бо сифати баланди HD ва 4K иҷро мекунад.
Системаи овозӣ ва акустика ҷузъи дигари иншоот аст. Варзишгоҳ бо 88 колонкаи касбии баландгӯяк аз ширкати BOSS муҷаҳҳаз шудааст, ки паҳншавии тозаи овозро дар тамоми трибунаҳо кафолат медиҳад.
Мавҷудияти 66 дастгоҳи равшанидиҳанда имкон медиҳад, ки дар варзишгоҳ шоу-барномаҳои бузург ва маросимҳои кушодашавии сатҳи байналмилалӣ бо эффектҳои махсуси рӯшноӣ баргузор карда шавад.
Дар варзишгоҳ 50 камераи назоратӣ ва 10 камераи одӣ, ки талаботи ҳатмии FIFA-ро барои сабт ва пахши бозиҳо бо сифати баланди HD ва 4K иҷро мекунад, насб карда шудааст.
Системаи бехатарии варзишгоҳ низ таъмин буда, бино барои назорати сухтор бо таҷҳизоти муосири замонавӣ муҷаҳҳаз мебошад. Беш аз 1000 таҷҳизоти ҳушдордиҳандаи ҳушманд дар тамоми бино тибқи талабот васл гардидааст.
Барои варзишгарон 4 ҳуҷраи махсуси либосивазкунӣ бо 104 ҷой сохта шудааст, зеро стандарти FIFA барои баргузории мусобиқаҳои калон ва бозиҳои пайдарпай мавҷудияти камаш 4 ҳуҷраи алоҳидаро талаб мекунад.
Барои меҳмонони расмӣ ва фахрӣ 1 ҳуҷраи VVIP бо 32 ҷой, 34 ҳуҷраи VIP бо 306 ҷой ва 26 ҳуҷраи CIP бо 416 ҷойи нишаст мавҷуд аст. Мавҷудияти ин ҳуҷраҳои муосири Skybox шарти асосии FIFA барои қабули меҳмонони дараҷаи олӣ ва баланд мебошад.
Илова бар ин, дар иншоот ҳуҷраҳои зиёди хизматрасонӣ ва ҳамомҳо пешбинӣ шудааст, ки ба меъёрҳои баланди санитарию техникӣ ҷавобгӯ мебошанд.
Намои асосии Варзишгоҳи миллӣ аз панелҳои муосири алюминӣ сохта шудааст.
Шабона намои бино ба як қисми муҳими симои визуалии варзишгоҳ табдил ёфта, дар он дар маҷмуъ беш аз 30 000 метр системаи муосири проексияи медиавӣ насб гардидааст.
Низоми муосири проексияи медиавӣ имкон медиҳад, ки тасвирҳо, графика ва барномаҳои гуногуни визуалӣ мустақиман дар намои бино нишон дода шавад.
Варзишгоҳ дорои таваққуфгоҳи васеъ барои зиёда аз 750 воситаи нақлиёт буда, масоҳати сабзкоришуда беш аз 3 ҳазор метри мураббаъро бо дарахтони ҳамешасабзу гулу буттаҳо ташкил медиҳад. [2]
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Варзишгоҳи миллиро бо 30 ҳазор ҷойи нишаст дар шаҳри Душанбе ифтитоҳ намуданд(тоҷ.). АМИТ «Ховар». АМИТ «Ховар» (21 августи 2026). 27 августи 2026 санҷида шуд.
- ↑ Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Варзишгоҳи миллиро бо 30 ҳазор ҷойи нишаст дар шаҳри Душанбе ифтитоҳ намуданд(тоҷ.). АМИТ «Ховар». АМИТ «Ховар» (21 августи 2026). 27 августи 2026 санҷида шуд.