Мубинахон Хоҷаева

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
Мубинахон Хоҷаева
Мубинахон Ҷалоловна Хоҷаева
Санаи таваллуд:

16 феврали 1968

Зодгоҳ:

ш.Хуҷанд

Фазои илмӣ:

олим

Мубинахон Ҷалоловна Хоҷаева - олим, номзади илмҳои педпгогӣ (2009).

Зиндагинома[вироиш]

Мубинахон Ҷалоловна Хоҷаева 16 феврали 1968 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1985, пас аз хатми мактаби миёнаи №18 – и шаҳри Хуҷанд ба факултети забон ва адабиёти руси Институти давлатии педагогии ба номи С.М.Кирови шаҳри Хуҷанд дохил шуда, онро соли 1990 ба итмом расонидааст. Соҳиби ихтисоси муаллими забон ва адабиёти рус дар мактабҳои миллӣ мебошад.

Соли 1990 фаъолияти омўзгории худро дар мактаб ҳайси муаллимаи забон ва адабиёти рус оғоз бахшидааст. Солҳои 2001-2003 дар кўдакистони №27 – и шаҳри Хуҷанд ҳамчун мураббия – педагог фаъолияти меҳнатии худро идома додааст. Аз соли 2003 то 2005 дар ҶДММ «Спантамано» дар вазифаи мудири шуъбаи кадрҳо ифои фаъолият намудааст. Аз соли 2005 то соли 2009 ба ҳайси сармуаллимаи кафедраи забонҳои Коллеҷи омўзгории ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров фаъолият бурдааст. Аз моҳи сентябри соли 2009 дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон аввал ҳамчун сармуаллимаи кафедраи забони русӣ, дотсенти кафедраи номбурда фаъолияти меҳнатиашро идома додааст. Соли 2010 муовини декан оид ба таълими факултети сиёсатшиносӣ ва муносибатҳои байналхалқӣ таъин гардид. Аз соли 2011 мудирии кафедраи забони русии донишгоҳро ба зимма дошт. Моҳи октябри соли 2014 муовини ректори ДДҲБСТ оид ба корҳои тарбия Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистонро ба уҳда дорад.

Фаъолияти илмӣ[вироиш]

Соли 2009 дар Академияи таҳсилотии Тоҷикистон рисолаи номзадиашро дар мавзўи «Актуализация нравственно – мировоззренческих ценностей художественного текста в условиях интегрированного обучения русскому языку в школах Республики Таджикистан» таҳти роҳбарии доктори илмҳои педагогӣ, академик Ш.Х.Каримова дифоъ намуд. Муаллифи се монографияи илмӣ, 4 дастури таълимӣ – методӣ ва зиёда аз 60 мақолаи илмӣ мебошад. Иштирокчии як қатор ҳамоишҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ маҳсуб меёбад.

Дастовардҳои илмӣ ва илмӣ-методӣ[вироиш]

1. Актуализация нравственномировоззренческих ценностей художественного текста в условиях интигрированного обучения русскому языка в школах Республики Таджикистана. – Худжанд, 2010.

2. Характерные особенности и необходимость формирования деловых качеств студентов на занятиях русского языка в условиях рыночной экономики.- Душанбе:Ирфон, 2013.- 172с.ISBN 978-99975-0-063-2

3. Содержательный аспект обучения русскому языку как механизм формирования деловых качеств студентов.- Душанбе:Ирфон, 2014.- 131с. ISBN 978-99975-0-062-5

  • Илмӣ-методӣ:

1. Ходжаева М.Д. Нравственно-мировоззренческие ценности в трудах выдающихся таджикских мыслителей (методическая разработка)-Худжанд, 2008.- 30с.

2. Формирование духовно-нравственных ценностей на уроках русского языка (методическая разработка) -Худжанд: Хуросон, 2008.-36с.

3. Диктанты по русскому языку для студентов неязыковых вузов. -Душанбе: Ирфон, 2011.- 51с.(в соавторстве).

4. Проспект занятий по русскому языку для экономических вузов Таджикистана (методическая разработка).- Худжанд, 2011.- 82с.

5. Обучение студентов деловому стилю речи в профессиональных вузах (методическая разработка). -Худжанд, 2012.-36с.

6. Использование профессиональной лексики на занятиях по русскому языку (методическая разработка). -Худжанд, 2012.- 58с.

7. Русский язык для нефилологических специальностей: уч.пособ./ Русский язык для нефилологических специальностей. -Хучанд,2013.-151с. (в соавторстве).

8. Учебное пособие по русскому языку для студентов юридического факультета. -Хучанд,2013.- 198с. (в соавторстве).

9. Русский язык для экономических специальностей (учебно-методический комплекс).- Худжанд: ТГУПБП, 2014.- 154 с. (в соавторстве).

10. Русский язык для студентов юридического факультета (учебно-методический комплекс).- Худжанд: ТГУПБП, 2014.-126 с. (в соавторстве).

11. Русский язык для студентов гуманитарных специальностей (учебно-методический комплекс).- Худжанд: ТГУПБП, 2014.- 135 с. (в соавторстве).[1]

Пайвандҳои беруна[вироиш]

  1. Мубинахон Ҷалоловна Хоҷаева