Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Мубориза бо фасод

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид алайҳи фасод

Мубориза бо фасод, мубориза бо коррупсия (англ. anticorruption) — ҳамбастагии сохторҳои давлатӣ бо гурӯҳҳои ҷиноӣ дар соҳаи иқтисод, ҳамчунин харидуфурӯши мақом­ҳои давлатию ҷамъиятӣ ва ваколатҳои мансабӣ; гирифтани пора ё ришва, даромадҳои ғайриқонунии пулӣ ба манфиати шахсӣ аз шаҳрвандон барои иҷрои коре.

Коррупсия ҳамчун падида доираи васеи муносибатҳоро фаро гирифта, дар сатҳҳои гуногун ва давраҳои мухталифи таърихӣ вобаста ба хусусиятҳои мушаххаси кишварҳо ва рӯҳияву хиради мардум вуҷуд дошт. Дар зери мафҳуми «Коррупсия» амалҳои иртиҷоӣ, аз қабили порагирию порадиҳӣ, харидани шахсони мансабдор, туҳфаҳо ба роҳбарону ҳоки­мон, ошнобозӣ ҳангоми ҳалли масъалаҳо ва пешбарии одамон ба вази­фа­ҳои идораи давлатӣ ва ҷамъиятӣ, асосан дар заминаи афзалияти аломатҳои хешу таборӣ, табақа­вию қавмӣ, иш­ти­роки бевоситаи шахсони мансабдор дар тақсими даромадҳо ба манфиатҳои шахсӣ, иштироки ҳокимон ё амалдорон дар фаъолияти ғайриқонунӣ ба воситаи шахсону ит­тиҳодияҳои дигар ва ғ. фаҳмида мешаванд.

Коррупсия таҳдид ба амнияти давлат буда, рушди иқтисодиётро боз медорад ва ҷомеаро мубталои буҳрони амиқи сиё­сӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ мекунад. Дар ҳама гуна шаклҳои зуҳураш коррупсия хилофи қонун ва ахлоқ мебошад.

Омил­ҳои пайдоиш ва инкишофи коррупсия

Омил­ҳои пайдоиш ва инкишофи коррупсия ин сатҳи пасти маориф, маънавиёт ва маърифати ҳуқуқиву ахлоқии аҳолӣ, монополияи сиёсӣ ва сатҳи пасти шаффофияти сиёсӣ, ширкати сусти шаҳрвандон дар идораи ҷомеа, сатҳи баланди бюрократия ва фалаҷии сохтори маъмурӣ, маҳалгароӣ, қавмгароӣ, мазҳабгароӣ, ошнобозиҳои гурӯҳӣ, нобаробариҳои ҷинсӣ, маҳдудсозии ҳуқуқҳои иқтисодию моли­киятӣ, таъсири ҳамсоякишварҳое, ки дар онҳо сатҳи фасод бештар аст, надоштани эҳсоси масъулият, урфу одат­ҳо, анъана­ҳо, бекорию бенавоӣ, ҳарисӣ ва ғ. Коррупсия дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ, дар ҳамаи давлатҳои дунё вуҷуд дорад. Иштирокдорони коррупсия метавонанд шахсони алоҳида, шир­кат­ҳо, созмон, ҳизбҳо ва ғ. бошанд.

Навъҳои коррупсия

Навъҳои коррупсия вобаста ба шаклу зинаҳои зуҳур: коррупсияи бузург ва хурд.

  • Коррупсияи бузург маъмулан, дар зинаҳои болоии ҷамъиятӣ ва дар баландтарин соҳаи тиҷорати хусусӣ рух медиҳад. Иштирокдорони он ашхосе мебошанд, ки қоида­ҳои ҷамъиятӣ, қарорҳои сиёсӣ ва иҷроияро қабул мекунанд. Коррупсияи бузургро инчунин коррупсияи сиёсӣ низ меноманд.
  • Коррупсияи хурд ва ё маъмурӣ фасодеро ифода мекунад, ки ҳамарӯза дар ҳамбастагии муассисаҳои давлатӣ ва шаҳрвандон рух медиҳад. Коррупсияи хурд ба татбиқи қонунҳо, қоидаҳо ва му­қар­рарот алоқаманд аст, (масалан, вақте ходимони давлатӣ аз шаҳрвандон ба ивази ҳуҷҷат, бештар аз нархи расмӣ маблағ ё бар ивази чашм пӯшидан ба қоида­вайронкунӣ пул мегиранд). Коррупсияи хурд метавонад мушкилоти бузурги ҷамъия­тиро ба вуҷуд оварда, занҷираи кор­рупсионӣ имкон дорад, то ба сатҳи мансабдорони воломақоми ҳукумат расад.

Коррупсия дар ҳуқуқ кирдор (ҳаракат ё беҳаракатӣ)-и ашхоси мансабдору ваколатдоре шуморида мешавад, ки бо истифода аз мақому имконоти худ барои ба манфиати худ ё шахсони дигар ғайриқонунӣ ба даст овардани неъматҳои моддию ғайримоддӣ, бартарӣ ва имтиёзҳои дигарро содир мекунанд.

Дар замони муосир давлатҳо ҳам дар алоҳидагӣ ва ҳам ба таври дастаҷамъӣ механизмҳои мубориза бо коррупсияро та­ҳия ва мавриди амал қарор медиҳанд. 31.10.2003 Конвенсияи СММ бар зидди коррупсия қабул шуд, ки кӯшишҳои муштаракро дар самти пешгирии он нишон медиҳад[1]. Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар мубориза бо коррупсия фаъолона иштирок карда, дар ин самт Қонун «Дар бораи мубориза бо коррупсия»[2] ва Қонун «Дар бораи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон»[3] қабул шудаанд. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бо коррупсия» ба гурӯҳи субъектҳои му­қо­вимат бо коррупсия ҳамаи мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва ҷамъиятӣ, ҳамчунин ташкилотҳои байнал­мила­лиеро, ки дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият мекунанд, дохил кардааст. Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми ваколатдор мебошад, ки бо мақсади назорати давлатии молиявӣ ва ҳифзи ҳуқуқ, истифодаи самарабахши маб­лағ­ҳо ва молу милки давлатӣ, таъмини амнияти иқтисо­дии давлат, рафъи ҳуқуқвайронкуниҳои корруп­сионӣ бо роҳҳои огоҳсозӣ, пешгирӣ, ошкоркунӣ, таҳқиқ ва тафтишоти пешакии ҷиноятҳои корруп­сио­нӣ ва иқтисодие, ки хусусияти коррупсионӣ доранд, ҷиноятҳои ба андоз ало­қаманд ва ғ. фаъолият мекунад. Ҳамчунин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Шӯрои миллии му­қо­вимат бо коррупсия амал менамояд.