Музаффар Атахонов

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
Музаффар Атахонов
Музаффар Темурович Атахонов
Зодгоҳ:

Душанбе , ҶШС Тоҷикистон, СССР

Мамлакат:

 Тоҷикистон Тоҷикистон

Фазои илмӣ:

педагогика

Ҷойҳои кор:

Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ,Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дараҷаи илмӣ:

номзади илмҳои педагогика

Унвонҳои илмӣ:

дотсент

Алма-матер:

Донишкадаи давлатии омӯзгории ш. Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко

Музаффар Темурович Атахонов (тав. 17. 05. 1958, ш. Душанбе) — олим, омӯзгор, номзади илмҳои педагогӣ (2002).

Зиндагинома[вироиш]

Солҳои 1975–1980 дар Донишкадаи политехникии Тоҷикистон ва Донишкадаи давлатии омӯзгории ш. Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко таҳсил кардааст. Солҳои 1980–1983 муаллими фанҳои умумитехникии мактаби миёнаи №83 ноҳияи Ленин (имрӯза Рӯдакӣ), 1983–1986 ассистенти кафедраи методикаи таълими фанҳои умумитехникӣ, 1986–1989 аспиранти кафедраи педагогика, 1989–2003 муаллими калони кафедраи роҳнамои касбии Донишкадаи давлатии омӯзгории ш. Душанбе ба номи Қ.Ҷӯраев буд. Солҳои 1991–1992 дар вазифаи мушовири калони Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намудааст. Солҳои 1995–2000 дар Кумитаи давлатии саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифаи мудири шӯъба, 2003– 2006 дар Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифаҳои муовини сардор, сардори Идораи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва директори Маркази ҷумҳуриявии таълимию методиро ба ӯҳда дошт. Солҳои 2006–2007 ҳамчун мудири шӯъбаи ислоҳот ва рушди соҳаи маорифи Вазорати маорифи Чумҳурии Тоҷикистон кор кардааст. Аз соли 2007 муовини мудири шӯъбаи илм ва маорифи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Фаъолияти илмӣ[вироиш]

Муаллифи зиёда аз 35 мақолаи илмӣ, ҳаммуаллифи 3 китоби дарсӣ, яке аз мураттибони китоби дуҷилдаи «Мактаби олӣ» (2007, 2009), «Таснифоти давлатии равия ва ихтисосҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», муҳаррир ва тарҷумони зиёда аз 20 китоби дарсӣ ва дастурҳои таълимию методӣ аст. Дар таҳияи чандин санадҳои меъёриву ҳуқуқии соҳаи маориф, аз ҷумла Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилот ва таълими ибтидоии касбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Консепсияи давлатии ислоҳоти соҳаи таҳсилот ва таълими ибтидоии касбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Барномаи давлатии рушди таҳсилоти касбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Консепсияи гузариш ба низоми нави таҳсилоти миёнаи умумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Консепсияи раҳнамои касбии хонандагон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Стандартҳои давлатии таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ва номгӯи ихтисосҳои онҳо» бевосита иштирок намудааст. Бо мақсади омӯзиши таҷрибаи пешқадам дар соҳаи таҳсилоти касбӣ ва истифодаи он дар дар соҳаи маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба якчанд кишварҳои Аврупо ва Осиё сафарҳои хизматӣ кардааст.

Пайвандҳои беруна[вироиш]