Мулкҳои Бухорои Шарқӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search

Дар Аморати Бухоро ба монанди Шаҳрисабз, Китоб, Бойсун, Деҳнав, Ҳисор, Қаротегин, Дарвоз, Кӯлоб, Қӯрғонтеппа ва дигар мулкҳои бекигариҳои Бухорои Шарқӣ буданд, ки ҳокимонашон худро мустақил ҳисобида, ба амир сар намефароварданд. Амир Музаффар с.1870 бори дуюм ба Ҳисор лашкар кашид ва мардумашро ба хун оғушта намуда ба тобеъияташ даровард. Худи ҳамон сол амир барои забти Кӯлоб дастаҳои худро бо роҳбарии Яъқуббеки қӯшбегӣ фиристод. Ҳокими Кӯлоб – Сарахон ба Афғонистон гурехт. Дар натиҷа, Яъқуббек бе муҳориба мулкҳои Кӯлоб, Балҷувон, Қӯрғонтеппа ва Қубодиёнро гирифт. Амалиёти минбаъдаи қӯшунҳои аморати Бухоро барои забти Қаротегину Дарвоз нигаронида шуда буд. Баҳори с.1878 амир Музаффар қувваи бисёреро бо сарварии Худойназар ба Дарвоз фиристод. Онҳо аввал қалъаи мустаҳками Кафтархона, сипас Қалъаи Хумбро забт намуда, мулки Дарвозро низ ба тобеияти Аморати Бухоро дароварданд.

Барои идораи мулкҳои Бухорои Шарқӣ онҳоро ба бекигариҳо тақсим намуда, ба онҳо шахсони наздики амирро таъйин карданд.

Дар охири асри XIX ба Аморати Бухоро чунин бекигариҳои Бухорои Шарқӣ шомил буданд:

Адабиёт[вироиш]

  • Искандаров Б. Аморати Бухоро, ЭСТ, ҷ. 1. - Душанбе, 1978;
  • Исмоилова Б. История Бухарского эмирата. - Х., 2005;
  • Ғафуров Б., Тоҷикон, ҷ. 2. - Душанбе, 1985;
  • Ҳотамов Н. Таърихи халқи тоҷик. - Душанбе, 2007

Нигаред[вироиш]

Манобеъ[вироиш]