Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Мулломир

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Деҳа
Мулломир
форсӣ: ملامير
40°43′49″ с. ш. 70°09′25″ в. д.HGЯO
Кишвар  Тоҷикистон
Вилоят Суғд
Ноҳия Ашт
Ҷамоат Шаҳраки Шайдон
Тақсимоти дохилӣ 4 маҳалла
Раиси деҳа Раҳимқулов Маҳмудалӣ
Таърих ва ҷуғрофиё
Минтақаи замонӣ UTC+05:00
Аҳолӣ
Аҳолӣ 2381 тан (2020)
Миллият тоҷикон
Эътиқодот мусулмонони ҳанафимазҳаб
Забони расмӣ тоҷикӣ
Пешшумораи телефон +992 3453

mullomir.ru
(тоҷ.)(рус.)
Нишон додан/Пинҳон кардани харита
Мулломир дар харитаи
Мулломир
Мулломир
 Парвандаҳо дар Викианбор

Мулломир (форсӣ: ملامیر‎) — деҳаест тобеъи ҷамоати шаҳраки Шайдони ноҳияи Ашт. Аз Мулломир то маркази ҷамоат 24 км, то маркази ноҳия 24 км. Аҳолиаш 2381 нафар (2020), тоҷикон.

Иқтисод ва иҷтимоъ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар деҳа мактаб, чойхона, китобхона, клуб, бунгоҳи тиббӣ, 2 мағоза, сартарошхона, 2 толори варзишӣ, масҷид ва дигар биноҳои маъмурӣ вуҷуд доранд. Деҳа аз чаҳор маҳалла иборат аст: Қалъа, Сомон, Ҷавонон ва Навобод.

Шуғли асосии аҳолии деҳа боғпарварӣ, деҳқонӣ ва чорводорӣ мебошад. Заминҳо аз сойи Надок ва якчанд сойҳои хурду чашмаҳо обёрӣ мешаванд. Профессор, доктори илмҳои таърих Абдувалӣ Қушматов, профессор, доктори илмҳои геология ва минералогия Садриддин Абдураҳимов, энергетики хизматнишондодаи Тоҷикистон Абдусамӣ Абдувоҳидов, шоир ва рӯзноманигор Ҳамза ибни Ямин зодаи ҳамин деҳаанд.

Мавзеъи ҷангалии Надок дар тарафи шимолии деҳа воқеъ аст.

Маҳаллаҳои Мулломир

[вироиш | вироиши манбаъ]
Маҳаллаҳои деҳаи Мулломир
Маҳалла Аҳолӣ
Қалъа
Навобод
Сомон
Ҷавонон

Ба қавли куҳансолони деҳаи Мулломир дар роҳи корвонгузар (як шохаи Шоҳроҳи Абрешим) қарор дошт ва дар деҳа 16 адад корвонсарой вуҷуд дошт. Роҳе, ки аз тариқи деҳа мегузашт, водии Фарғонаро бо шаҳри Тошканд мепайваст. Деҳаи Мулломир тахминан аз соли 1798 то соли 1876 ба Хонии Хӯқанд тобеъ буд.

Деҳаи Мулломир як муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ дорад.

Ҷоизадорони озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст»

[вироиш | вироиши манбаъ]

Хонандагони мактаби деҳаи Мулломир дар солҳои мухталиф дар озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст…» иштирок карда, соҳиби ҷойҳои намоён шуданд.

  • Қучқорова Шоҳона, хонандаи синфи 9, ҷои якум дар номинатсияи хондан ва аз ёд кардани осори адибони муосири тоҷик[1];

Ҷоизадорони озмуни «Байналмиллалии ИПО»

[вироиш | вироиши манбаъ]
  • Зокирова Марҷона, хонандаи синфи 11, ҷои якум аз фанни Экология.

Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон

[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар деҳа аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон инҳоянд: Ҳамза ибни Ямин, Мадиёров Оллоҳёр, Марасулов Абдуманноф, Қаюмов Деҳқонбой, Охонов Ёқубҷон, Қаҳҳоров Абдулҳай, Нишонов Ҳаитбой ва дигарон мебошанд.

Афроди шинохта

[вироиш | вироиши манбаъ]

Шоирон ва рӯзноманигорон Ҳамза ибни Ямин, Ёқубҷон Охонов; Устоди Донишгоҳи давлатии Хуҷанд доктори илмҳои геология ва минералогия Садриддин Абдураҳимов; Энергетики хизматнишондодаи ҶШС Тоҷикистон Абдусамӣ Абдувоҳидов; Устоди ДМТ доктори илмҳои таърих, профессор Абдувалӣ Қушматов.

Иштирокдорони ҶБВ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Аз деҳаи Мулломир дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ нафарони зиёде ширкат доштаанд, аз ҷумлаи онҳо Зокиров Қучқорбой, Холматов Нишонбой, Ҳамзалиев Сафармад, Ашӯров Ҷӯрабой, Саидов Мадиёр, Охонов Намозбой, Марасулов Муталиб, Узганов Абдуғанӣ, Бекназаров Дӯстмат, Ирисматов Мадисмон, Набиев Абдунозим ва дигарон мебошанд.

Аксҳои деҳаи Мулломир

[вироиш | вироиши манбаъ]
  1. Параметрро муайян кардан зарур аст title= дар шаблони {{cite web}}. .

Ҷусторҳои вобаста

[вироиш | вироиши манбаъ]