Муллоҷон Фозилов
Зоҳир
Муллоҷон Фозилов | |
Таърихи таваллуд | 1914 |
Таърихи даргузашт | 1978 |
Ҷойҳои кор | |
Унвонҳои илмӣ | олим |
Алма-матер |
Муллоҷон Фозилов — номзади илми филология (1951). Узви вобастаи Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон (1953).[1]
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Муллоҷон Фозилов Донишгоҳи давлатии Ленинградро хатм намудааст (1941), ихтисос – «забоншиносӣ». Самтҳои асосии фаъолияти илмӣ: забон ва адабиёти тоҷик, луғатшиносӣ, фразеология, паремиология. Мудири кафедраи забон ва адабиёти тоҷикии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин (1950-1951). Директор (1951-1958), ходими калони илмии (1958-1977) Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон.
Ҷоизаҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]- Бо ордени Ҷанги ватанӣ, «Нишони Фахрӣ» тақдир шудааст.
- Арбоби шоистаи илми ҶШС Тоҷикистон (1974).
Манобеъ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон.Ҳайати шахсӣ. – Душанбе: Дониш, 2011. - 216 с.
Ин мақолаи хурд дар бораи одам аст. Бо густариши он ба Википедия кӯмак кунед. Дар сурати имкон ин ёддошт бояд дақиқтар ҷойгузин шавад. |