Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Мулло Зокири Хатлонӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Мулло Зокири Хатлонӣ

Мулло Зокир Зарраи Хатлонӣ (? — 1915, Бухоро) — шоир, муфтӣ ва мударриси тоҷик.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Маълумоти ибтидоиро дар зодгоҳаш — Кӯлоб гирифта, барои идомаи таҳсил ба Бухоро рафт. Пас аз хатми мадраса чун олиму донишманд шуҳрат ёфт; ба вазифаи муфтӣ таъйин гардид, дар мадрасаҳо дарс медод, дар назди ӯ бузургзодагони Бухоро, толибилмони шаҳрҳои дигар илм меомӯхтанд. Аксар муаллифони тазкираҳо фаъолияти ӯро чун муфтӣ ситудаанд. Дар шеъру адаб низ истеъдоди комил дошт ва шеърҳои хубу марғуб месуруд.

Абёти зер аз ӯст:

Дӯстон, ошиқи дилхастаи зорам, чӣ кунам?
Сайдгардидаи он чашми нигорам, чӣ кунам?
Ҳар қадар молу маноле ба ғами мулки ҷаҳон
Расадам, гар нарасад маҳ ба канорам, чӣ кунам?
Хун шуд аз чашми тарам ашки ҷигарсӯзи дилам,
Шуд ҷаҳон аз ғами ӯ чун шаби торам, чӣ кунам?...
Кулфати зиндагӣ ин ҷо батар аз рӯзи ҷазост,
Расад ҳар лаҳза ба дил зангу ғуборам, чӣ кунам?...
Зарраи ҷазба бувад, то дари тафвиз занӣ,
Баҳри хуршеди ҷаҳон ҷон насупорам, чӣ кунам?