Муминов Шарифҷон Нозимович

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search

Тарҷумаи ҳол[вироиш]

Муминов Шарифҷон Нозимович 20 – январи соли 1998 дар ш. Қурғонтеппа ба дунё омадааст. Солҳои 2001 – 2005 дар боғчаи кӯдаконаи № 6 таълим гирифтааст. Солҳои 2005 – 2008 дар мактаби миёнаи умумии № 6 таҳсил намудааст. Баъд тобистони соли 2008 аз ш. Қурғонтеппа кӯчида ба пойтахт, ба ш. Душанбе омадаанд. Дар инҷо аввал, аз соли 2008 то 2009 дар гимназияи хусусии ба номи Расул таҳсил намуда, баъд бо сабаби хуб шудани вазъи зиндагӣ аз соли 2009 то 2012 дар Литсей интернати Президентӣ таҳсил намудааст. Аммо соли 20122013 боз дар гимназияи хусусии ба номи Расул таҳсил кардам. Cоли 2012 дар олимпиадаи мактабачагон аз фанни таърихи халқи тоҷик аз синфи 9 иштирок карда сазовори ҷойи дуюм гаштам. Номи падараш Муминов Нозим Исматович аст. Ӯ 15 – сентябри соли 1974 дар н. Ҳамадонӣ (собиқ н. Московский) ба дунё омадааст. Соли 1991 баъд аз хатми мактаби миёна ба [[Донишгоҳи давлатии Қурғонтеппа ба номи Носири Хисрав|Донишгоҳи Давлатии ш. Қурғонтеппа]] ба номи Носирии Хусрав ба ихтисоси фанҳои умумитехникӣ ва физика дохил шуда соли 1996 онро хатм мекунад. Оиладор аз соли 1995 ва соҳиби 3 писар. Соли 2001 боз ба Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон (ҳозира Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) ихтисоси ҳуқуқшиносӣ дохил шуда соли 2005 инро низ бо мувафақият хатм мекунад. Аз соли 2009 мутахаcсиси бахши таъминоти ҳуқуқии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва соли 2013 ҳамчун мудири бахши таъминоти ҳуқуқӣ (дар ҳамин Донишгоҳ) шуда кор мекунад. Солҳои 19962009 иқтисодчии хоҷагии деҳқонии ба номи «Мумин – Исмат» буд. Номи модарам Қурбонова Латофат Сафаралиевна буда, 17 – майи соли 1976 дар н. Вахш ба дунё омадааст. Соли 1993, баъд аз хатми мактаби миёна ба Омузишгоҳи тиббии ш. Қурғонтеппа, ба ихтисоси кори ҳамширагӣ доҳил шуда, соли 1995 онро хатм мекунад. Соли 2010 ба Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба факултаи филология дохил шуда, айни замон донишҷӯи курси 5 мебошад. Аз соли 2009 ҳамчун танзимгари факултаи иқтисод ва идораи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон шуда кор мекунад. Солҳои 1996 – 2009 иқтисодчии хоҷагии деҳқонии ба номи «Мумин – Исмат» буд. Ду бародар дорам. Яке Меҳроб ва дигаре Суҳроб. Додари калониам, ки номаш Меҳроб Муминов Меҳроб Нозимович мебошад, [[23 феврал|23 – феврал|феврали]] соли 1999 дар ш. Қурғонтеппа ба дунё омадааст. Аз сабаби 1 сол пеш ба мактаб рафтан, бо ман дар як синф таҳсил кардааст. Додари хурдиам, Муминов Суҳроб Нозимович, 4 – январи соли 2003 дар ш. Қурғонтеппа ба дунё омадааст. Аз соли 2006 то соли 2008 дар боғчаи кӯдаконаи №6 таълим гирифта, дар ш. Душанбе бошад, аз соли 2009 то 2010 дар боғчаи кӯдаконаи «Офтобак» таълим гирифтааст. Соли 2011 ба гимназияи хусусии ба номи Расул доҳил шуда, баъд аз 6 моҳ ба мактаби миёнаи умумии № 21 дохил шуда, ҳоло дар синфи сеюм мехонад. Мо вақте ки дар ш. Қӯрғонтеппа зиндагӣ мекардем, ман дӯстони зиёд доштам, ки инҳо: Зокир, Фаррух, Исроил, Дима, Мақсуд, Абдурасул ва ғайраҳо буданд. Дӯстони мактабиам бошад: Меҳроҷ, Саидмурод, Азиз, Сорбон, Шамсиддин, Амир ва ғайраҳо буданд. Роҳбари синфамон башад Тошпулотова Рафоат буданд. Аммо вақте ки мо ба ш. Душанбе омадем дар инҷо роҳбари синфамон, тӯли як соле, ки ман дар Гимназияи хусусии ба номи Расул, таҳсил кардам, Расулова Ховарой буданд. Замоне, ки ман ин гимназияро тарк карда ба Литсей интернати Президентӣ рафтам, роҳбари синфамон аз синфи 5 – ум то моҳи октябри синфи 7 – ум Муқимова Гулӣ буданд. Баъд аз он кас, роҳбари синфамон муаллимаи таърих - Мухторова Моҳира буданд. Дӯстони ман дар литсей: Одил, Азамат, Қаюмов Суҳроб ва дигарон буданд. Дӯстони ман дар хобгоҳи литсей , ки ман тӯли ҳамон солҳое, ки дар литсей мехондам, дар ҳобгоҳи он истиқомат мекардам: Сомон, Бобур, Шаҳром, Ашраф, Фирдавс, Қурбоналӣ, Рамазон, Алишер, Саидҷон, Дилшод, Хусрав буданду ҳастанд. Дар хобгоҳ дӯстони ман, нисбат ба литсей зиёд буд, зеро ман дар як ҳафта панч Шабу рӯз дар хобгоҳ будаму боқимонда дар хона. Баъд аз 3 соли таҳсил дарп Литсей интернати Президентӣ, ман баргаштам, ба Гимназияи хусусии ба номи Расул. Ин дафъа ман дар инҷо дӯстони хеле зиёд пайдо кардам. Роҳбари синфамон, ки ман дар синфи 8 Б таҳсил мекардам муаллим Мириддинов буданд.

Расмҳо[вироиш]