Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Мунаввар Абдусаломзода

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Мунаввар Абдусаломзода
Абдусаломзода Мунаввар Алиакбар
Таърихи таваллуд: 3 феврал 1980(1980-02-03) (46 сол)
Зодгоҳ: Ноҳияи Кӯшониён, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС
Шаҳрвандӣ:  Тоҷикистон
Таҳсилот: Донишгоҳи давлатии Бохтар
Ҳизб: Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон
Навъи фаъолият: Вакили Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мунаввар Абдусаломзода (Абдусаломзода Мунаввар Алиакбар, тав. 3 феврали соли 1980, Ноҳияи Кӯшониён, вилояти Хатлон, ҶШС Тоҷикистон ) — арбоби давлатӣ, тоҷик, вакили Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати VI ва VII.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Мунаввар Абдусаломзода 3 феврали соли 1980 дар Ноҳияи Кӯшониён, вилояти Хатлон дар оилаи хизматчии давлатӣ таваллуд шудааст. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Н. Хусравро бо дипломи аъло хатм кардааст. Ихтисос - омӯзгори фанни химия.

  • Солҳои 1999-2001 — Мутахассиси дараҷаи дуюми шуъбаи кор бо ҷавонони Ҳукумати шаҳри Бохтар.
  • Солҳои 2001-2005 — Омӯзгори фанни химия-биология дар Литсейи давлатии № 1-и ноҳияи Кӯшониён.
  • Солҳои 2005-2007 — Омӯзгори синфҳои ибтидоӣ дар мактаби № 13-и ноҳияи Ҷ. Балхӣ.
  • Солҳои 2007-2008 — Омӯзгори фанни химия дар Литсейи давлатии № 1-и ноҳияи Кӯшониён.
  • Соли 2008 - 2009 — Ҷонишини директор оид ба корҳои тарбиявӣ дар Литсейи давлатии № 1-и ноҳияи Бохтар.
  • Соли 2009 - 2016 — Мудири бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Кӯшониён.
  • Аз 25 октябри соли 2016 - 28 апрелли 2021 — Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Кӯшониён.
  • Аз 28 апрели 2021 то 1 марти соли 2025 — Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи якмандатаи Вахш №32.
  • Аз 2 марти соли 2025 вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардидааст.[1].
  • медали чашнии " 30-солагии Истиқлолияти давлатии Чумҳурии Тоҷикистон".
  1. Абдусаломзода Мунаввар Алиакбар(тоҷ.). www.parlament.tj. 8 июли 2025 санҷида шуд.(пайванди дастнорас)