Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Муносибатҳои Тоҷикистону Афғонистон

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Муносибатҳои Тоҷикистону Афғонистон — муносибатҳои дипломатии дуҷонибаи Афғонистон ва Тоҷикистон. Дарозии сарҳади давлатии байни кишварҳо 1357 км мебошад. Гардиши мол (2014) — 105,7 миллион долларро ташкил медиҳад.

Хусусиятҳои муқоисавӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]
Парчами Тоҷикистон Тоҷикистон Аморати Исломии Афғонистон Афғонистон
Аҳолӣ 10 000 000[1] 40 719 234[2]
Ҳудуд 141 400 км²[3] 652 864 км²
Зичии аҳолӣ 57,2 наф./км² 43,5 наф./км²
Пайтахт Душанбе Кобул
Шаҳри калон Душанбе Кобул
Ҳукумат ҷумҳурии президентӣ ҷумҳурии президентӣ
Забон тоҷикӣ пашту и дарӣ
Дини асосӣ Ислом (мазҳаби суннӣ) Ислом мазҳаби суннӣ
ММД 8,572 млрд доллари ИМА (1041 $ дар дӯши аҳолӣ) 02.06.2023 21,39 млрд долларӣ ИМА (687 $ дар дӯши аҳолӣ) 02.06.2023
ИТИ 0,685 0,478

Ҳудуди ин кишварҳо дар замони сулолаҳои Сомониён, Ғазнавиён ва Темуриён таҳти назорати ягона қарор дошт. Соли 1750 байни Аҳмадшоҳи Дурронии афғон ва Муҳаммад Муродбеки бухороӣ Шартномаи дӯстӣ ба имзо расид ва дарёи Ому сарҳади расмии Афғонистон гардид. Забони порсӣ дар ҳарду кишвар густурда аст. Дар Афғонистон тоҷикон бештар аз Тоҷикистон зиндагӣ мекунанд[4]. 15 июни соли 1992 миёни кишварҳо расман равобити дипломатӣ барқарор шуд, Тоҷикистон дар Кобул сафоратхона ва дар авоили соли 2002 консулгарии худро дар Мазори Шариф боз кард. Дар соли 2004 дар нишасти сарони Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ дар Душанбе бори нахуст раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳомид Карзай, раиси ҷумҳури Афғонистон, дидору гуфтугӯҳои расмӣ анҷом доданд. Моҳи апрели соли 2005 Раҳмон ба Афғонистон сафари расмӣ анҷом дод[5].

Масъалаҳои сарҳадӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Дарозии сарҳади давлатии байни кишварҳо тақрибан 1300 километрро ташкил медиҳад; сарҳад аз заминҳои ноҳамвор мегузарад ва ба таври кофӣ ҳифз нашудааст. Айни замон манотиқи сарҳадии ҳифозатнашавандаи байни кишварҳо як мушкили ҷиддии ҳарду ҳукумат ва ҳам ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад. Сарҳади ин кишварҳо масири аслии қочоқи маводи мухаддир аз Афғонистон ба Русия ва Аврупо маҳсуб мешавад. Дар соли 2009 гардиши маводи мухаддир аз сарҳад ба далели вазъи ноустувори сиёсӣ дар шимоли Покистон афзоиш ёфт[6]. Робитаҳои нақлиётии байни кишварҳо тадриҷан бо кумаки ҷомеаи ҷаҳонӣ барқарор шуда истодаанд[5][7].

Тиҷорати Тоҷикистону Афғонистон

[вироиш | вироиши манбаъ]

Кобул дар гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон нақши муҳим дорад: дар соли 2013 ба Афғонистон 8,7%-и содироти Тоҷикистон ва 1,8%-и воридоти он рост меояд. Тоҷикистон ба Афғонистон асосан нерӯи барқ, металлҳои сиёҳ, пиёз, чормағз, таҷҳизот ва техника медиҳад. Воридоти Афғонистон ба Тоҷикистон аз нуриҳои минералӣ, семент ва мандарин иборат аст. Афғонистон як бозори муҳим барои Душанбе ба шумор меравад: дар соли 2013 гардиши мол миёни ду кишвар 232,0 миллион долларро ташкил додааст, ки аз он содироти Тоҷикистон 192,2 миллион долларро ташкил додааст.

Миёни Афғонистон ва Тоҷикистон дар мавриди интиқоли нерӯи барқ чанд созишнома имзо шудааст. Моҳи сентябри соли 2007 барои интиқоли нерӯи барқ аз Тоҷикистон ва Қирғизистон ба Афғонистон ба маблағи 500 миллион доллар қарордод ба имзо расид. Тоҷикистон ва Қирғизистон саъй доранд иқтисодашонро аз тариқи фурӯши нерӯи барқ аз нерӯгоҳҳои барқи обии худ ба Осиёи Ҷанубӣ ривоҷ диҳанд ва интиқоли нерӯи барқ ба Афғонистон ҳамчун қадами аввал дар ин самт арзёбӣ мешавад[8]. Афғонистон ва Тоҷикистон дар мавриди бунёди нерӯгоҳи барқи обӣ дар рӯдхонаи Панҷ низ ба тавофуқ расиданд. Сохтмон аз ҷониби Бонки Ҷаҳонӣ, Бонки Осиёии Рушд ва Бонки Исломии Рушд маблағгузорӣ мешавад[9].

Низ нигаред

[вироиш | вироиши манбаъ]
  1. 10-МИЛЛИОННЫЙ РЕБЁНОК ТАДЖИКИСТАНА ПРИШЁЛ В СВОЙ ДОМ(пайванди дастнорас — таърих). 22 июни 2023 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 23 марти 2023.
  2. Afghanistan Population 2022(пайванди дастнорас — таърих). 25 май 2022 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 14 Январ 2014.
  3. Численность населения Республики Таджикистана на 1 января 2018 года(пайванди дастнорас — таърих). 25 апрели 2019 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 20 апрели 2020.
  4. Tajiks of Afghanistan(пайванди дастнорас — таърих). Afghan Network. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 23 июли 2015.
  5. 5.0 5.1 Ministry of Foreign Affairs of Tajikistan. Таджикско-Афганские отношения(рус.)(пайванди дастнорас — таърих). 9 августи 2015 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 4 Январ 2019.
  6. Mahbatsho, Saodat. Tajikistan: Mysterious Death Raises Concerns About Militant Returns, EurasiaNet. Бойгонӣ шудааст 24 сентябри 2015  сол. Проверено 9 августи 2015.
  7. Afghanistan-Tajikistan Bridge Links Central, South Asia, Bureau of International Information Programs, US Department of State. Бойгонӣ шудааст 31 августи 2009  сол.
  8. Electricity supply deal signed between Central, South Asia, Daily Times. Бойгонӣ шудааст 12 марти 2008  сол.
  9. Tajikistan, Afghanistan to Build Hydro-Power Plant on Pyandzh River, Ministry of Foreign Affairs of Afghanistan/Interfax. Бойгонӣ шудааст 3 июли 2009  сол.