Муносибатҳои Тоҷикистон бо Русия

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search

Муносибатҳои Тоҷикистон бо Русия — муносибатҳои дуҷонибаи байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия. Робитаҳои дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия дар марҳилаи навин аз 8 апрели соли 1992 роҳандозӣ шудааст, ки он нахустин солҳои соҳибистиқлолии ду давлати ба ҳам дӯсту бародар мебошад. [1] Ҳар ду кишвар узви ИДМ (СНГ), Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, Созмони ҳамкории Шанхай мебошанд.

Таърихи робитаҳои дуҷониба[вироиш]

  • 24 майи соли 1993 Аҳдномаи дӯстию ҳамкорӣ ва ҳамёрии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия, Аҳдномаи ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россиядар соҳаи ҳарбӣ ва ду созишнома дар бораи мақоми ҳуқуқии қисмҳои низомии Қувваҳои Мусаллаҳ ва қисмҳои марзбонии Федератсияи Россия дар қаламрави Тоҷикистон ба имзо расид.
  • 16 октябри соли 2004 зимни сафари расмии Президенти Федератсияи Россия ба Тоҷикистон заминаҳои боэътимод гузошта шуда, 16 октябр дар ҳузури сарони ду давлат — Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин Созишномаҳо дар бораи иштироки Россия дар сохтмони неругоҳҳои барқи обӣ, танзими муҳоҷирати корӣ ва ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандон дар кишварҳои ҳамдигар ва чанд санади байниҳукуматии ҷанбаҳои ҳарбидошта ба имзо расид ва дар низоми муносибатҳои иқтисодии Тоҷикистону Россия марҳилаи нав оғоз гардид.
  • Бунёд ва мавриди баҳрабардорӣ қарор додани Неругоҳи барқи обии Сангтӯда-1 дар таърихи 31 июли соли 2009 бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва он замон Президенти Федератсияи Россия Дмитрий Медведев пурарзиштарин самараи санадҳои моҳи октябри соли 2004 имзошуда ва ҳамон вақт бузургтарин лоиҳаи сармоягузории Россия дар кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба шумор мерафт.[2]
  • Сафари расмии Президенти Федератсияи Россия Дмитрий Медведев ба Тоҷикистон 29 августи соли 2008 ва сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Федератсияи Россия , рӯзҳои 21 – 23 октябри соли 2009, барои ба даст овардани мувофиқаҳои нав доир ба иштироки ҷониби Россия дар бунёди як силсила марказҳои фарҳангӣ дар пойтахтҳои ҳамдигар, дар шаҳри Душанбе ба фаъолият шурӯъ намудани филиалҳои Донишгоҳи давлатии Москва ба номи Михаил Ломоносов, Донишкадаи пӯлод ва хӯлаи Моква ва Донишкадаи энергетикии Москва (Донишгоҳи техникӣ) замина гузоштанд.[3]
  • Як намунаи олии ҳамкориҳои фарҳангии Тоҷикистон ва Россия ин баргузории рӯзҳо ва чорабиниҳои дигари фарҳангӣ дар кишварҳои ҳамдигар мебошад. Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия се маротиба – солҳои 2005-2011-2015 ва Рӯзҳои фарҳанги Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ се маротиба солҳои 2004-2010-2014 баргузор гардиданд.
  • Моҳи октябри соли 2012 дар ҳошияи сафари расмии Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин ба Тоҷикистон 6 санади наву муҳими ҳамкорӣ ба имзо расид, ки онҳо Созишнома миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия дар бораи мақом ва шартҳои будубоши пойгоҳи ҳарбии Федератсияи Россия дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ёддошти тафоҳум миёни Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати мудофиаи Федератсияи Россия оид ба масъалаҳои ҳамкорӣ дар соҳаи ҳарбӣ, Ёддошти тафоҳум миёни Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати энергетикаи Федератсияи Россияоид ба ҳамкорӣ дар соҳаи таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ёддошти тафоҳум оид ба иқдомҳо миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия дар бораи рушди ҳамкорӣ дар соҳаи муҳоҷират мебошанд.
  • Дар давоми солҳои 1992-2017 дар заминаҳои қарордодию ҳуқуқии муносибатҳои байнидавлатӣ, байниҳукуматӣ ва байниидоравии Тоҷикистону Россияро зиёда аз 260 санад танзим менамоянд.[4]
  • 27 феврал баъди музокироти байнидавлатӣ Изҳороти муштараки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин оид ба натиҷаҳои сафари расмӣ қабул карда шуд. Сипас дар ҳузури сарони ду давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин 6 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид [5] [6]

Наворҳо аз расонаҳои хабарӣ[вироиш]

Эзоҳ[вироиш]