Мурғобишикорчӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Мурғобишикорчӣ, заличак, ҷонгирак, миёнравак

Онро писарону духтарони аз 6-7 сола то ба наврасони 15-16 сола бозӣ мекунанд. Барои бозии мурғобишикорчӣ тӯби ҳаҷмаш хурд ё миёна лозим аст. Аз ҳар ду тарафи майдонча дар фосилаи 8-10 метр хатҳои марзӣ мекашанд ва бозинагарони дастаи аввал – “шикорчиҳо“ паси он хатҳо ҷой мегиранд. Ба мобайни майдон иштирокчиёни дастаи дуюм – “мурғобиҳо” медароянд. Агар тӯб ба яке аз “мурғобиҳо“ расад, онгоҳ ӯ аз бозӣ берун мешавад. Агар яке аз бозигарони даруни майдон тӯбро аз ҳаво дошта гирад, пас он даста соҳиби як ҷони дигар мешавад. Дар саросари кишвар фаъол аст. [1]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Донишномаи фарҳанги мардуми тоҷик. Ҷ.1. Д., 2015.

Нигаред[вироиш | вироиши манбаъ]

Манобеъ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. Феҳристи миллии фаҳанги ғайримоддӣ /Natioal list of intangible cultural hertage/ Пажӯшиҳгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги ҶТ – Душанбе: «Аржанг» 2016, – С. 186