Мусодираи молу мулк

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Мусодираи молу мулк — маҷбуран ва бепул ба моликияти давлатӣ гузаронидани қисм ва тамоми молу мулки шахси маҳкумшуда. Мусодираи молу мулк дар ҳуқуқи ҷиноятӣ ҷазои иловагии шахси маҳкумшуда барои ҷиноятҳои давлатӣ ва ғаразноке мебошад, ки дар қонун махсус нишон дода шудааст. Додгоҳ ҳуқуқи мусодира кардани тамоми молу мулк ё як қисми онро дорад. Ҳангоми татбиқи Мусодираи молу мулк додгоҳ дараҷаи барои ҷамъият хавфнок будани маҳкумро ба назар мегирад. Мусодира танҳо бо молу мулки шахси маҳкум дахл дорад, яъне агар ҷинояткор соҳиби моликияти умумӣ ё аъзои хонавода бошад, фақат ҳиссаи ӯ мусодира шуда, ашъёе, ки барои ҳаёти маҳкумшуда ва аъзоёни оилаи вай заруранд, мусодира намегардад. Пул ва чизҳои қимматбаҳое, ки бо роҳи ҷиноят ба даст оварда шудаанд, мусодира карда мешаванд.