Муфта

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Муфта (олмонӣ: Muffe), дар техника, ҷиҳозест барои пайванди муваққатӣ ё доимии наварду ғулба, симтанобу кабелҳо ва ғайраҳо. Муфтаҳои пайвандкунанда вобаста ба вазифаашон пайвандро мустаҳкам, герметӣ ва онро аз коррозия ҳифз мекунанд.